Advertisement
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 28 Октябр соли 2009 - 13:25

Хатари обшавии яхчолҳо дар Қирғизистон

яхчолҳо

Заминшинос Бакутбек Эрменбоев аз миёни дарахтони коҷ бо ангушт ба яхчоле ишора мекунад, ки болои сари мо, дар кӯҳҳои Олтой, воқеъ аст.

Ва мегӯяд: "Ин пирях, ки Адиген ном дорад, дар панҷоҳ соли гузашта ҳаҷмаш 20 дарсад коҳиш ёфтааст."

Ба гуфтаи вай, яхчоли дигаре дар ҳамсоягии Адиген, ки Оксой ном дошт, бакуллӣ аз миён рафтааст.

Оқои Эрменбоев, ки дар ожонси давлатии обу заминшиносӣ кор мекунад, гармоиши ҳаворо сабабгори ин таҳаввул медонад.

Вай ҳушдор медиҳад чунончи барои коҳиши гармоиши ҳаво иқдоме анҷом нашавад, мумкин аст ҳамаи яхчолҳо ё пиряхҳои Қирғизистон дар тӯли як сада об шаванд.

Яхчолҳои Қирғизистон ва кишвари ҳамсояи Тоҷикистон барои таъмини об дар Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд.

Оқои Эрменбоев мегӯяд: "Дар шароити маъмулӣ, пиряхҳо боистӣ дар фасли тобистон об шаванд ва дар зимистон ҳаҷми аввалияи худро бозёбанд."

Аммо ба гуфтаи вай, яхчолҳои Қирғизистон ҳоло ба таври мутавассит 15-20 метр дар сол коҳиш меёбанд. Масалан яхчоли Петрова солиёна 50 метр аз тӯли худро коҳиш медиҳад.

Дарёчаҳои саршор

Ожонси обу заминшиносӣ дар тӯли 50 соли гузашта бар вазъияти обшавии пиряхҳо назорат мекард ва яке аз дидбонгоҳҳои он дар Адиген воқеъ аст.

Оқои Эрменбоев мегӯяд: "Ба таври мутавассит, мо метавонем бигӯем, ки дар саросари кишвар ҳаҷми пиряхҳо наздики 20 дарсад коҳиш ёфтааст."

Вай меафзояд: "Дар 20 соли ахир ин таҳаввул бо суръати бештаре нисбат ба солҳои гузашта рух медиҳад."

Бакутбек Эрменбоев

Бакутбек Эрменбоев: "Нигаҳдории оби зиёд дар обанборҳо барои кишварҳои поёноб хуб нест, зеро он бидуни истифодаи муассир бухор мешавад."

Мо дар канори як рӯдхонаи тезоби кӯҳистонӣ истодаем, ки аз Бишкек, пойтахти Қирғизистон, бо мошин камтар аз як соъат фосила дорад. Бо ин вуҷуд, мо дар иртифоъи беш аз 2000 метр аз сатҳи дарё қарор дорем.

Бештари қаламрави Қирғизистон кӯҳистон аст ва қуллаҳои барфпӯше моро иҳота кардаанд.

Оқои Эрменбоев мегӯяд, ки ҳаҷми кӯлҳо ё дарёчаҳои воқеъ дар кӯҳсори давру бари мо нишонаи дигаре аз асароти гармоиши ҳаво ба даст медиҳад.

Вай мефзояд: "Ҳангоме ки як пирях ба обшавӣ шурӯъ мекунад, кӯлҳои хурде ба вуҷуд меоянд ва ҳаҷми ин кӯлҳо ҳар сол бештар мешавад."

Ба гуфтаи вай, вақте ки ин кӯлҳо хеле бузург мешаванд, об туғён мекунад ва ба сӯйи водиҳо ва дараҳои танг дар пойин ҷорӣ мешавад ва дар роҳи худ рустоҳо ва ободониҳоро бо хатар мувоҷеҳ месозад.

Дар ҳамин дараи танге, ки мо қарор дорем ва номаш Ало-арча аст, шуморе аз хонаҳо ва сохтмонҳо дар авохири даҳаи 1990 дар асари селоб вайрон шудаанд.

Дар замони Шӯравӣ сохтмони манозил барои иқомати доимӣ дар чунин ҷойҳо мамнӯъ буд ва оқои Эрменбоев бар он аст, ки ин маҳдудиятҳоро бояд дубора эъмол кард.

Ба гуфтаи вай, фаъолиятҳои дидбонии ожонси обу заминшиносӣ ба далели ин ки бархе аз заминҳо аз замони фурӯпошии Шӯравӣ ба баъд хусусӣ шудаанд ва ин ожонс дигар ба онҳо дастрасӣ надорад, душвортар шудааст.

Танишҳои минтақаӣ

Ҳамсоягони Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла Ӯзбакистон, ки санъати парвариши панбааш ташнаи об аст, барои обёрии мазореъ ба яхчолҳо шадидан ниёзманд аст.

Ба гуфтаи оқои Эрменбоев, ҳарчанд обшавии пиряхҳо барои кишварҳои поёноб шояд аз таъмини оби бештаре навид бидиҳад, вале ин рӯйдод дар дарозмуддат камбуди шадиди об дар минтақаро ба дунбол хоҳад дошт.

Обшавии яхчолҳо ҳамчунин боъиси туғёни оби кӯлҳои кӯҳистонӣ ва вуқӯъи селобҳо мешавад.

Яхчол

Обшавии яхчолҳо ҳамчунин боъиси туғёни оби кӯлҳои кӯҳистонӣ ва вуқӯъи селобҳо мешавад.

Ин дар ҳолест ки дастрасӣ ба захоири об алакай танишҳоеро миёни кишварҳои минтақа эҷод кардааст.

Яхчолҳо анборе аз обҳои мунҷамидро фароҳам мекунанд, ки дар гузашта бо обшавию яхшавии тадриҷӣ ҷорӣ мешуданд.

Вале агар об дар манотиқи пойинтар, дар обанборҳо, ҷамъ шавад, он нисбат ба ҳавои сарди баландкӯҳ зудтар бухор мешавад.

Оқои Эрменбоев дар ин бора мегӯяд: "Нигаҳдории оби зиёд дар обанборҳо барои кишварҳои поёноб хуб нест, зеро он бидуни истифодаи муассир бухор мешавад."

Ба гуфтаи вай, роҳи ҳалли кӯтоҳмуддат барои ин мушкил бунёди саддҳо дар кӯлҳо ё дарёчаҳои кӯҳистонист, чун дар ин сурат метавон обро барои муддати бештаре нигоҳ дошт ва ҷараёни он ба манотиқи поёнобро танзим кард.

Вале кишварҳои поёноб ин гуна тарҳҳоро намепазиранд, зеро намехоҳанд касе дастрасии онҳо ба обро маҳдуд кунад.

Ба гуфтаи оқои Эрменбоев, танҳо роҳи ҳалли дарозмуддат барои ин мушкил боздоштани раванди гармоиши ҷаҳонист, вагарна намои кӯҳистон барои ҳамеша тағйир хоҳад кард.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.