Advertisement
Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 27 Октябр соли 2009 - 13:29

Намоишгоҳи васоили зербаноӣ

Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ

Бархе аз мақомоти давлати Тоҷикистон дар ин маросим ширкат доштанд

Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии зербаноӣ бо ҷалби ширкатҳои бузурги тавлидкунандаи маводди мухталиф ва таҷҳизоти навин аз 18 кишвари ҷаҳон ифтитоҳ шуд.

Ин чаҳорумин намоишгоҳи зербаноии Тоҷикистон аст ва масъулон ҳадаф аз доир кардани онро табодули таҷоруби навин дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ унвон мекунанд.

Тибқи сунани мардумони Осиёи Марказӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба ин намоишгоҳ тавассути садои карнай ва дойра ҷалб мешуд ва дар муқоиса ба дигар маросим эъломи ин намоишгоҳ аз муддадҳо қабл сурат гирифта буд.

Маросими ифтитоҳии ин намоишгоҳ дар назди дари вурудии Кохи Борбад макони он баргузор шуд.

Бархе аз мақомоти давлати Тоҷикистон, ки дар ин маросим ширкат доштанд ба нақши созандаи чунин тадобир дар рушди иқтисоди ин кишвар таъкид карданд ва намоишгоҳоро як амри зарурие барои пешбурди зиндагии иҷтимоъии мардуми Тоҷикистон низ унвон карданд.

Тадорукот барои намоишгоҳ

Одил Сангов, муъовини раиси Утоқи бозаргонӣ ва санъатии Тоҷикистон дар маросим дар бораи зарурати чунин намошигоҳо гуфт: “Яке аз роҳҳои аслии ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон баргузории намоишгоҳҳои зербаноӣ дар ин кишвар мебошад. Умедворам дар ин намоишгоҳ тавофуқоти зиёде миёни ширкатҳои кишварҳои мухталиф имзо шаванд.”

Одил Сангов

Оқои Сангов аз ширкати баргузокунандаи ин намоишгоҳ тақдир кард

Оқои Сангов аз ширкати бритониёии “N.E.Exhibition” барои тадорукоти хуби баргузории ин намошигоҳи се рӯза ва намоишгоҳҳои қабли қадрдонӣ кард.

Аммо Георгий Кашлаков, мушовири умури иқтисодии ширкати олмуниюми “Талко” мегӯяд, барзугории чунин намоишгоҳҳо бояд дар сатҳи беҳтар ва кайфияти хубе доир мешуд. Оқои Кашлаков мегӯяд, ки “Намоишгоҳои зербаноии ин панҷара ба ҷаҳони иқтисод аст. Мутаасифона дар ин намошигоҳ он чӣ мо таҷҳизоти навин мегӯем хеле андак ба намош гузошта шудааст.”

Аббосалии Зоҳидӣ, намояндаи ширкати “Арас Пулод”-и Эрон, ки ба қолибсозии бетун машғул ҳаст, ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистонро бо дарназардошти имконоте, ки ин кишварҳо доранд ночиз хонд. “Мо нахустин бор аст, ки дар намошигоҳ дар Тоҷикистон, кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангамон ширкат дорем. Ман мутмаъинам, ки таҷҳизоти ширкати мо барои ширкатҳои Тоҷикистон ба вижа дар сохтмони роҳҳо ва таъсисот зарурист, аммо фикр намекунам, ки бисёре аз масъулони ширкатҳои ин кишвар аз фаъолиятамон хабар доранд.”

“Занони бекор”

Анжелкиа Александрова, намояндаи ширкати “Восход”-и Ӯзбакистон ва бахши ширкати вай дар намоишгоҳ таваҷҷуҳи занон ва духтарон аз ҷумла тамошочиёни намошигоҳро ба худ ҷалб карад буд. Хонум Александрова ба занон таҷҳизоти ширкати худро, ки барои омода кардани маҳсулоти қаннодӣ ва маводи аз орд буд шарҳ медод.

Георгий Кашлаков

Аммо оқои Кашлаков гуфт дар намоишгоҳ он чӣ "таҷҳизоти навин" хонда мешавад андак ба назар мерасад

Раҷабгул, яке аз хонумҳо мегӯяд, ки ин таҷзиот барои хонаводаи вай, ки беш аз даҳ нафар ҳастанд хеле мувофиқ будааст.

Аммо Анжелкиа Александрова гуфт, ки таҳҷизоти онҳо бо дарназардошти мушкилоти мавҷуд дар кишварҳои осиёӣ барои истифодабарӣ дар ҳар шароите ва камбуди барқу сӯхт мутобиқ шудааст.

Хонум Александрова мегӯяд: “Таҷҳизоти мо барои истифодаи соҳибкории хурд низ пешбинӣ шудаст. Бо таваҷҷуҳ ба он ки аксаран занону духтарон дар кишварҳои мантақа хонанишинӣ мекунанд, метавонанд як гурӯҳи куҷаки соҳибкоронро дар муҳити хонаводагӣ таъсис диҳанд ва маҳсулоти мавриди ниёзро истеҳсол кунанд. Ва аз фурӯши ин маҳсулот даромадеро ба даст оранд.”

Баргузоркунандаи аслии намоишгоҳи “Tajikistan Infrastructure-2009” ширкати бритониёии “N.E. Exhibition&Conference Ltd” буд ва дар доир кардани он чанде аз вазоратхонаҳои Тоҷикистон бо шумули Утоқи бозаргонии Тоҷикистон саҳим будаанд. Дар ин намоишигоҳ 50 ширкат аз 18 кишвари ҷаҳон маҳсулоти тувлидкардаи худро ба намоиш гузоштаанд.

Маросими ифтитоҳии намоишгоҳ

Анжелика Александрова

Намоишгоҳи Душанбе

Намоишгоҳи Душанбе

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.