
Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, бо дархости барканории раиси кумисиюни интихоботи Афғонистон мухолифат кардааст.
Бар асоси гузоришҳо, оқои Карзай гуфтааст, ки мақомоти интихоботӣ ба таври қонунӣ фаъолият карда ва далеле барои барканории онҳо нест.
Оқои Карзай ба Би-би-сӣ гуфтааст: "Пеш аз баргузории интихоботи даври аввал як теъдод аз масъулини баландрутбаи давлат ба таври ошкор ба тарафдории баъзе номзадҳо ва мухолифат бо номзадии ман мавзеъ гирифтанд, аммо ман овардани тағйиротро лозим надонистам ва хостам, ки онҳо озодӣ дошта бошанд, то барои номзади дилхоҳашон муборизаи интихоботӣ кунанд ва раъй бидиҳанд. Ҳоло ҳам ман фикр мекунам, ки овардани тағйирот ба хайри интихобот ва кишвари мо нест."
Пештар Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби Ҳомиди Карзай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки ба даври дувум кашида шудааст, таваққуфи вазоифи се вазир ва барканории раиси кумисиюни интихоботро ба унвони шарти ширкати худ дар даври дувуми интихобот эълом кард.
Оқои Абдуллоҳ хостори таваққуфи вазоифи Ҳаниф Атмар, вазири дохила, Форуқ Вардак, вазири маъориф, ва Асадуллоҳ Холид, сарпарасти вазорати сарҳадот ва ҳамчунин Ҷелонӣ Пупел, раиси органҳои маҳаллӣ шудааст.
Ба гуфтаи оқои Абдуллоҳ, ин мақомҳои давлатӣ дар интихобот бетараф нестанд ва вазоифи онҳо дар рӯзҳои интихобот бояд ба ҳолати таълиқ дарояд.
Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки ин вазирон кормандони идороти таҳти амри худ ва ришсафедони ақвомро таҳти унвони масоили корӣ даъват мекунанд, аммо дарвоқеъ ба онҳо "дастур" медиҳанд, ки дар интихобот аз як номзади мушаххас ҳимоят кунанд.

Оқои Абдуллоҳ ҳамчунин бастани марокизи раъйгириро, ки ба гуфтаи ӯ дар он тақаллуби густарда сурат гирифта ва ба далели ноамнӣ имкони назорат бар онҳо вуҷуд надорад, ба унвони шарти дигар матраҳ кард.
Назорат бар корҳои шуморе аз волиҳои манотиқе, ки ба гуфтаи ӯ дар онҳо тақаллуб сурат гирифта ва эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи шӯроҳои вилоятии 20 август, аз дигар шароити оқои Абдуллоҳ аст.
Ӯ гуфт ин шароити худро фардо ба ниҳодҳои марбут ироа мекунад ва то рӯзи 31 октябр мунтазири иҷрои онҳо ва посухе "возеҳ ва равшан" ба онҳо мемонад, аммо ӯ нагуфт, ки агар то он замон ин шароит иҷро нашвад, посухаш чи хоҳад буд.
Ин номзади интихобот таъкид кард, ки ин шартҳои худро танҳо барои баргузории шаффоф, озод ва одилонаи интихобот матраҳ кардааст.
Оқои Абдуллоҳ ҳамчунин гуфт, ки иртиботи худро бо ҳукумат ва кумисиюни интихобот ҳам ба ҳоли таълиқ дармеоварад ва то замони иҷрои шартҳои худ аз тариқи дафтари намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон бо онҳо иртибот мегирад.
Ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистон ва аз муттаҳидони оқои Карзай дар интихобот, ба Би-би-сӣ гуфт, ки шароити оқои Абдуллоҳ пояи ҳуқуқӣ ва қонунӣ надорад.
Ба гуфтаи оқои Муҳаққиқ, таъини аъзои кумисиюни интихобот аз салоҳиятҳои раиси ҷумҳурӣ аст.
© MMIX