Advertisement
Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 27 Октябр соли 2009 - 04:54

Кори бозрасони СММ дар Эрон тамом шуд

Як узви аршади Маҷлиси Шӯрои Исломӣ аз поёни кори бозрасони Ожонси атумии Созмони Милал, ки барои боздид аз таъсисоти ғанисозии Фарду дар атрофи Қум ба Эрон рафта буданд, хабар додааст.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон, ИСНО, Алоуддини Бруҷердӣ, раиси кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлис, гуфт: “Бозрасони ожонс кори худро дар Фарду анҷом додаанд.”

Ӯ афзуд: “Бозрасон корашонро анҷом додаанд ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки корашон фақат дар ҳадди боздид аз Фарду буда ва ин масъала анҷом шуд, бинобар ин тарки Теҳрон пас аз боздид амре оддӣ аст.”

Чаҳор бозраси Ожонси байналмилалии энержии атумӣ рӯзи шанбе ба Эрон сафар карданд ва рӯзи якшанбе аз ин таъсисоти ғанисозии мавсум ба “Фарду” боздид карданд.

Як манбаъи огоҳ “наздик ба Созмони энержии атумии Эрон” ба хабаргузории Франс пресс гуфт, ки бозрасиҳо поён ёфта ва ин тим душанбешаб Теҳронро тарк кунад.”

Вуҷуди таъсисоти Фарду ба таври расмӣ дар рӯзи ҷумъа, 25 сентябр, аз сӯйи Эрон эълом шуд, аммо Омрико мегӯяд аз қабл аз вуҷуди он хабар доштааст.

Ҷон Лойн, гузоришгари бахши Эрони Би-би-сӣ мегӯяд, Эрон ба ин далел вуҷуди таъсисоти ҷадидро аланӣ кард, ки мутаваҷҷеҳ шуд дастгоҳҳои иттилоъотии ғарбӣ аз вуҷуди он огоҳ шудаанд.

Ин гузоришгар ҳамчунин муътақид аст аз замони эъломи вуҷуди ин таъсисот ва таъйини замони бозрасии ожонс аз он то кунун Эрон фурсати кофӣ дар ихтиёр доштааст, то ҳар гуна таҷҳизот ё шавоҳидеро, ки эҳтимолан метавонист Эронро мусаммам ба дастёбии таслиҳоти ҳастаӣ нишон диҳад, аз ин макон хориҷ кунад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.