
ИттиҳодияИ Урупо дар нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узв таҳримҳо алайҳи Ӯзбакистонро лағв кард
Иттиҳодияи Урупо (ИУ) куллияи таҳримҳо барои таҳвили силоҳ ба Ӯзбакистонро лағв кардааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуъоти Шӯрои Иттиҳодияи Урупо (ИУ) рӯзи сешанбе, 27 октябр, вузарои хориҷаи 27 кишвари узви ин Иттиҳод дар шаҳри Люксембург дар ин замина тасмим гирифтаанд.
Ин манбаъ гуфтааст, ки ин тасмим ба манзури ташвиқи Ӯзбакистон барои беҳбуди вазъияти таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи башар дар ин кишвар иттихоз шудааст.
Дар пайи саркӯб шудани тазоҳурот дар шаҳри Андиҷони Ӯзбакистон аз сӯйи неруҳои ниҳодҳои зирабти ин кишвар дар моҳи майи соли 2005 Иттиҳодияи Урупо (ИУ) дар қиболи Ӯзбакистон таҳримҳоеро ба иҷро гузошт.
Ба гуфтаи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва шоҳидони ин ҳодиса, бар асари тирандозии неруҳои давлати Ӯзбакистон ба тазоҳуркунандагони шаҳри Андиҷон ҳадди ақал 700 нафар кушта шуданд.
Аммо давлати Ӯзбакистон иддаъо дошт, ки ин ошӯб аз сӯйи тундравони исломӣ роҳандозӣ шуда ва дар он 187 нафар ҷон бохтаанд.

Саркӯб шудани тазоҳурот дар Андиҷон ба равобити Иттиҳодияи Уурупо ва Ӯзбакистон соя андохт
Он замон Иттиҳодияи Урупо (ИУ) хостори бозрасии байналмилалии ин қазия шуд, аммо Ӯзбакистон ин дархостро рад кард.
Дар натиҷа, алайҳи Ӯзбакистон таҳримҳо барои таҳвили ҳама гуна силоҳ ва васоили фаннии низомӣ, манъи вуруди 12 мақоми давлати ин кишвар, ки дар кушта шудани сокинони шаҳри Андиҷон масъул буданд, ба мамолики узви ИУ, коҳиши кумакҳои молӣ ба Тошканд ва эъмоли маҳдудият барои тиҷорат бо ин кишвар ба кор гирифта шуда буд.
Бо вуҷуди оддӣ шудани муносибот бо Ӯзбакистон вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар як баёния гуфтаанд, ки “то ҳол аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ҷиддан нигарон ҳастанд”.
Созмони мудофеъи ҳуқуқи башари “Amnesty International” гуфтааст, ки чаҳор узви созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон маҳкум шуда ва 10 нафари дигар ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Ин созмон таъкид кардааст, ки мақомоти Ӯзбакистон ба дастрасии комили нозирони Созмони Милали Муттаҳид ба маводи марбут ба вазъи ҳуқуқи башар мамониъат мекунанд.
Аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 то ба ҳол Ислом Каримов ин кишвари дорои манобеъи бузурги табиъиро бо режими сахтгирона раҳбарӣ мекунад.
Дар амалиёти Эътилофи алайҳи терруризм дар Афғонистон ба раҳбарии Омрико Ӯзбакистон бо Омрико ва Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) ҳамкориҳои танго-танг дошта, аммо ба дунболи ҳаводиси Андиҷон дар соли 2005 равобиташ бо Омрико ва мамолики Ғарб сард гардид.
Ҳоло оқои Каримов барои беҳбуди равобит бо Ғарб талош карда ва омодагии худро барои мусоъидат ба неруҳои НАТО дар пайдо кардани масири амни тронзити тадорукот ба Афғонистон эълом кардааст.
© MMIX