Advertisement
Ба рӯз шуда:  Душанбе, 26 Октябр соли 2009 - 13:11

Ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳи Роғун

Ҳамрохон Зарифӣ

Дар ин нишаст дар мавриди сиёсати берунии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи гузшта иттилоъ дода шуд

Вазири умури хори ҷаи Тоҷикистон гуфт, ки Русия дар бунёди нерӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби кунсорсиюми байналмиллал ӣ барои сохтмони ин нер ӯ гоҳ ширкат хоҳад кард.

Ҳамрохон Зарифӣ нахустин сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаждаҳ соли ахир ба Русияро муҳимм хонд ва натиҷаи онро барои ҳар ду кишвар судманд арзёбӣ кард.

Ҳарчанд оқои Зарифӣ дар нишасти матбуъотии рӯзи душанбеи 26-уми октябр ин суолро ки оё Президент Раҳмон ва ҳамтои руси вай масоили бунёди нерӯгоҳи Роғунро дар мулоқоти ахирашон матраҳ карданд ё хайр, бепосух монд, аммо гуфт: “Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия хеле назаррас буд ва куллия масоили матруҳа дар он ҳалли худро ёфтанд. Дар ин сафар тақрибан тамоми масъалаҳое, ки миёни ин кишварҳо вуҷуд дошт, матраҳ шуд ва Русия ба таври мусбӣ ба ҳамаи дархостҳои Тоҷикистон посух дод.”

Ҳамрохон Зарифӣ

Оқои Зарифӣ сафари ахири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русияро муваффақ тавсиф кард

Оқои Зарифӣ дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун гуфт: “Мо барои бунёди нерӯгоҳи Роғун, воқеъ дар шарқи То ҷ икистон таъсиси кунсорсиюми байналмиллал иро эълом кардем ва ин тарҳ аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ таҳия мешавад ва Русия чун кишвари мустақил дар ин тарҳ ширкат хоҳад кард.”

Вазири хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки ин консорсиюм тарҳи як ва ё дуҷониба набудааст.

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун яке аз тарҳҳои муҳимми истротежики давлати То ҷ икистон барои беурунрафт аз бӯҳрони энержӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад. Сохтмони ин нерӯгоҳ дар замони Шӯравӣ оғоз ёфта, ба далели мушкилоти иқтисодӣ сохтмони он дар солҳои баъд аз касби истиқлол мутаввақиф шуд.

Ҳарчанд бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ӯзбакистон аз иҷрои ин тарҳ шадидан интиқод мекунанд, вале давлати Тоҷикистон аз ду сол ба ин сӯ ба танҳоӣ сохтмони ин нерӯгоҳро аз сар гирифта, интизор меравад, дар зудтарин фурсат маросими бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли сохтмони садди обанбори ин нерӯгоҳ баргузор шавад.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Эрон, Покистон ва Қазоқистон алоқамандии худ барои ширкат дар иҷрои ин тарҳро изҳор дошта буданд.

Дар авоили соли ҷорӣ Ал ӣ Асғари Шеърд ӯ ст, сафири Эрон дар Душанбе дар як нишасте эълом карда буд, ки кишвараш бо мушаххас шудани шароити кунсерсиюми байналмиллалии сохтмони нер ӯ гоҳи обии "Роғун" дар ин пруже мушорикат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти матбуъотии рӯзи душанбе гуфт, ки интизор меравад то авохири соли ҷорӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон аз Тоҷикистон боздид кунад ва яке аз масоили аслии гуфтугӯи вай бо Президент Раҳмон масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ва мушорикати Эрон дар ин тарҳҳо хоҳад буд.

Қарор аст, дар мулоқоти оқои Аҳмадинажод бо мақомоти Тоҷикистон, интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва минтақа ба Эрон ва масоили кашидани хутути барқ ба ин кишварро матраҳ кунад.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст ҳузури ройгони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2014 идома хоҳад дошт. Тибқи гузоришҳо мавзуъи шароити ҳузури баъдии ин пойгоҳ тайи чанд моҳи ахир дар музокироти миёни мақомоти Русия ва Тоҷикистон матраҳ будааст.

Бархе гузоришҳо ҳикоят доштанд, ки Тоҷикистон барои истифодаи хоки худ ҷиҳати ҳузури пойгоҳи низомии Русия 300 милюн дулор тақозо кардааст.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)


سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.