Advertisement
Ба рӯз шуда:  Душанбе, 26 Октябр соли 2009 - 16:50

“Омрико ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард”

Женерол Девид Петреус

Женерол Петреус мегӯяд як гурӯҳи вижаи низомиён аз Омрико ба Тоҷикистон хоҳанд омад

Фармондеҳи нер ӯҳ ои омрико ӣ дар минтақа пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз нақши ин кишвар дар талошҳо барои бозовардани субот ба Афғонистон ситоиш ба амал овард ва гуфт аз аввали соли ҷорӣ то кунун тавассути қаламрави Тоҷикистон чаҳор ҳазор контейнер маводди мавриди ниёз ба Афғонистон интиқол ёфтааст.

Ҳамчунин женерол Девид Петреус гуфт, ки дар сурати ноором шудани вазъият дар шимоли Афғонистон ва вуруди эҳтимолии гурӯҳҳои ифротгаро ё терурист аз марзи муштараки он кишвар ба Тоҷикистон ва минтақа, Омрико барои мубориза бо онҳо ба ин кишвар кӯмак хоҳад кард.

Оқои Петреус гуфт: “Бо кӯмаки Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як соли ахир беш аз чаҳор ҳазор контейнер ба Афғонистон интиқол ёфтааст. Мо бо раиси ҷумҳур дар бораи ҳамкориҳо дар мубориза бо маводди мухадир ва ҳамкориҳо дар ин замина бо ниҳодҳои зиддахли Тоҷикистон ва ҳамчунин эъзоми як гурӯҳи вижае, ки дар ояндаи наздик бояд ба Тоҷикистон эъзом шавад суҳбат кардем.”

Ҳарчанд оқои Петреус дар бораи вижагии ин гурӯҳ ва теъдоди онҳо иттилоъе надод аммо гуфт, ки ҳадафи эъзоми ин гурӯҳи вижа бозомӯзии марзбонон ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон барои мубориза бо ифротгароӣ дар мантақа хоҳад буд.

Женерол Петреус рӯзи душанбеи 26-уми октябр пас аз мулоқот бо Эмомал Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки бо оқои Раҳмон масоили мухталиф аз ҷумла вазъияти кунунии Афғонистон, мубориза бо ифротгароӣ ва қоҷоқи маводди мухаддирро баррасӣ карданд.

Женерол Петреус мегӯяд, ки онҳо аз ҷумла интихоботи рӯзи ҳафтуми ноябри Афғонистонро матраҳ карда ва гуфтаанд, ки аз сиёсати раиси ҷумҳуре, ки дар интихобот тавассути мардуми он кишвар интихоб хоҳад шуд, ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Женерол Девид Петреус аз Тоҷикистон барои кӯмак ба интиқоли маводд аз қаламрави он ва иҷозаи истифода аз ҳарими ҳавоии ин кишвар барои тронзити мавод аз пойгоҳи Манас дар Қирғизистон ба Афғонистон изҳори сипос кард.Ин мақоми аршади низомии Омрико мегӯяд, дар соли ҷорӣ теъдоди низомиёни Омрико дар Афғонистон аз сӣ ҳазор то ба шаст ҳазор ва теъдоди нерӯҳои эътилоф низ то ҳафт ҳазор афзоиш ёфтааст.

Сафари оқои Петреус ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Барак Убомо, раиси ҷумҳури Омрико мавзуъи эъзоми нерӯи бештар ба Афғонистонро баррасӣ мекунад ва масири ирсоли тадорукот барои неруҳои эътилофи ба раҳбарии Омрико дар Афғонистон аз тариқи марзи Покистон мавриди ҳамалоти шуришиён қарор мегирад.

Омрико то кунун бо Русия ва бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бар сари истифода аз қаламрави онҳо барои ирсоли тадорукот ба Афғонистон ба тавофуқ даст ёфтааст.

Женерол Девид Петреус, ки аз Ироқ ба Душанбе сафар кардааст, қарор аст фардо ба Афғонистон биравад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.