
Намоди Федеросюни Байналмиллалии Дзюдо
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оид ба гӯштини тарзи дзюдо ё ҷудо Расул Боқиеви тоҷик унвони қаҳрамониро ба даст овардааст.
Ин мусобиқот дар шаҳри Налчики ҷумҳурии Қабардину Булқори Русия баргузор шуда ва дар он беҳтарин гӯштингирони ин кишвар ширкат доранд.
Бино ба иттилоъи Федеросюни дзюдои Русия, дар ин мусобиқот оқои Боқиев дар вазни 73 килугромм ба рақибони саршиноси худ, назири Олег Яшин, Владислав Михалин ва барандаи медоли тилои Ҷоми Ҷаҳон Константин Заретский ғолиб омада ва соҳиби медоли тило шудааст.
Зимнан, Расул Боқиев зодаи Тоҷикистон буда ва ҳунари гӯштин дзюдоро дар мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе омӯхтааст.
Ҳамчунин, ӯ дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ мушорикат карда ва дар Бозиҳои Улампики 2008 дар шаҳри Пекини Чин медоли биринҷиро соҳиб шуда буд.
Вале соли гузашта оқои Боқиев Тоҷикистонро тарк карда ва ҳамакнун дар шаҳри Маскав ба сар мебарад. Ахиран Расул Боқиев табаъияти Русияро дарёфт карда ва ҳоло дар мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар зӯрозмоӣ мекунад.
Ҳарчанд Расул Боқиев дар мусоҳиба бо хабарнигорон далели азиматаш ба Маскавро ба шароити олии машқ, мураббиёни варзида ва пизишкони ҳирфаии бахши варзиш дар Русия арзёбӣ кардааст, вале коршиносон мегӯянд, ки бетаваҷҷуҳии масъулони Кумитаи Улампики Тоҷикистон ӯро барои тарки ватан водор сохтааст.
© MMIX