
Ҳайати эронӣ бо ҷониби Тоҷикистон вазъи пружаҳои муштараки ин ду кишварро баррасӣ кардааст
Масъулони ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон натавонистаанд дар мавриди шароити тахсиси вом барои тунели “Истиқлол” бо ҳайати эронӣ ба тавофуқ бирасанд.
Бино ба иттилоъи манобеъи Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳамид Читчиён, муъовини вазири энержии Эрон дар ҷараёни дидор аз Тоҷикистон бо ҳайати молию иқтисодии Тоҷикистон дар раъси Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ё дороии ин кишвар масоили марбут ба сармоягузории пружаҳои муштараки неругоҳи Сангтӯда-2 ва тунели “Истиқлол”-ро матраҳ кардааст.
Оқои Читчиён аз ҷониби Тоҷикистон даъват кардааст, ки саҳмияи худ барои неругоҳи Сангтӯда-2-ро дар муддати муқаррар пардохт кунанд.
Зимнан, дар моҳи гузашта коргарони ин пружа ба далели таъхир дар пардохти маош ё ҳуқуқи моҳона даст ба коршиканӣ зада буданд.
Тибқи иттилоъи расмӣ, саҳми Эрон дар неругоҳи Сангтӯда-2 180 милюн дулор ва саҳми Тоҷикистон 40 милюн дулорро ташкил дода ва ин пружа аз сӯйи ширкати эронии “Сангоб” бунёд мешавад.
Гуфта мешавад, дар ин нишаст дар мавриди шароити тахсиси воми 6 милюндулорӣ барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар тунели “Истиқлол” мубоҳисоте сурат гирифтааст.
Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки мизони баҳра ё фоизе, ки Бонки тавсеъаи Эрон пешниҳод кардааст, барои ин кишвар қобили қабул нест.
Қаблан, масъулони вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон иброз доштанд, ки барои насби системи тасфиаи ҳаво, системи барқрасонӣ, рӯшноӣ ва алайҳи сӯхтори тунел ба 6 милюн дулори изофӣ ниёз вуҷуд дорад.
Ба далели корҳои сохтмонӣ ва тармиму бозсозӣ тунели “Истиқлол”, ки шаҳри Душанберо ба манотиқи шимоли Тоҷикистон пайваст мекунад, дар зарфи ҳудуди се моҳи ахир баста аст.
Феълан ҳаракати мутақобилаи васоили нақлия аз шимол ба ҷануби Тоҷикистон тавассути ағбаи Анзоб, ки тӯлаш 50 килуметр ва баландияш беш аз 3 ҳазор метр аст, сурат мегирад.
Тунели “Истиқлол” аз ҷониби ширкати эронии “Собир Интернешнл” бунёд шуда ва дар пойизи соли 2006 бо ширкати руасои ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуда буд.
Вале дар зарфи чаҳор соли ахир ба иллати ҷорӣ шудани об дар дохили тунел ин пружа ба таври комил фаъолият накарда ва ҳамасола дар он корҳои сохтмонӣ ва бозсозӣ анҷом мешавад.
Бо таваҷҷӯҳ ба мавонеъ ва мушкилоти фаровон дар роҳи убуру мурури васоили нақлияи Тоҷикистон аз тариқи Ӯзбакистон тунели “Истиқлол” барои рафту омади доимӣ барои Тоҷикистон аз аҳамияти муҳими истиротежӣ бархурдор аст.
Умдатан комюнҳо аз манотиқи ҷануб ва марказии Тоҷикистон тавассути ин роҳ ба вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар ва аз он ҷо ба Қирғизистону кишварҳои дигари мустақили муштаракулманофеъ сафар мекунанд.
© MMIX