Advertisement
Ба рӯз шуда:  Шанбе, 24 Октябр соли 2009 - 05:18

Таъхир дар посухи атумии Эрон

эрон

Бар асоси пешниҳоди матраҳ, бархе аз урониюми ғанишудаи Эрон (305 дар сад) аз Эрон хориҷ хоҳад шуд

Эрон ба Ожонси байналмилалии энержи атумӣ гуфтааст, ки авосити ҳафтаи оянда ба тарҳи пешниҳодии Муҳаммад Бародаъӣ посух медиҳад.

Оқои Бародаъӣ, дабири кулли Ожонси байналмилалии энержии атумӣ пештар гуфта буд, интизор дорад мақомҳои Эрон то рӯзи ҷумъа, аввали овон ё 23 октябр, ба ин пешниҳод посух диҳад.

Ибрози умедворӣ карда, ки ин посух мусбат бошад.

Эрон ба мақомҳои ожонс гуфтааст, ки дар ҳоли баррасии “амиқ”-и ин пешниҳод аст.

Аён Кали, сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико нисбат ба таъхир дар посухи Эрон ибрози нороҳатӣ карда, аммо афзудааст, ки Вошингтун умедвор аст ин посух мусбат бошад.

Ӯ таъкид намуда Вошингтун то абад мунтазири воканиши Теҳрон нахоҳад монд.

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атумӣ, ки таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид фаъолият мекунад, рӯзи чаҳоршанбе пешниҳод карда буд, ки Эрон барои рафъи мушкили худ барои хариди урониюм бо бо ғанои 20 дар сад, ки ба унвони сӯхти реоктури таҳқиқотии Теҳрон корбурд дорад, қисмати умдаи урониюми 305 дар сад ғанишудаи худро ба Русия ва сипас Фаронса ҷиҳати ғанисозии бештар интиқол диҳад.

Аммо Парс Ти Ви, телевизиюни инглисизабони Эрон, ҷумъашаб ба вақти Теҳрон гузориш дод, ки Алӣ Акбар Султония, намояндаи Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атумӣ, гуфтааст, ки ин кишвар ниёз ба замони бештар дорад ва ҳафтаи оянда посухи худро ба пешниҳоди оқои Бародаъӣ ироа хоҳад кард.

Пештар Барнорд Кушнар, вазири умури хориҷаи Фаронса, гуфта буд, ки бо таваҷҷӯҳ ба нишонаҳое, ки аз Эрон дарёфт кардааст, авзоъро чандон “мусбат” арзёбӣ намекунад.

Русия, Фаронса ва Омрико мувофиқати худро бо тарҳи оқои Бародаъӣ эълом кардаанд.

Аммо телевизиюни форсизабони Эрон аз қавли “як манбаъи наздик ба ҳайати музокиракунандаи эронӣ” эълом кард, ки ин кишвар “харидори сӯхти ҳастаӣ барои реоктури Теҳрон аст ва фурӯшандагон бояд ба пешниҳоди харидор посухи мусбат диҳанд, на ин ки тарҳи дидгоҳи худашонро ба манзалаи посухи мусбат талақӣ кунанд”.

Пешнависи пешниҳоди ахир бо дар назар гирифтани ин ҳадафи танзимшуда буд, ки нигарониҳои ҷомеъаи байналмилалӣ дар бораи ниёти барномаи ҳастаии Эрон коҳиш ёбад.

Бар асоси ҷузъиёти матраҳшуда аз пешниҳоди ироашуда ба Эрон, ин кишвар сӯхти мавриди ниёз барои урониюми таҳқиқотии Теҳронро ба даст хоҳад овард, аммо урониюми кофӣ барои сӯхти силоҳи атумӣ дар ихтиёр нахоҳад дошт.

Матраҳ шудани ин пешниҳод пас аз дидори намояндагони Эрон бо намояндагони Фаронса, Русия ва Омрико дар ҷаласае таҳти назари Омрико дар рӯзи 19 октябр рух дод.

Дигар кишварҳо ин пешниҳодро пазируфтанд ва рӯзи ҷумъа ба унвони фурсати ниҳоии Эрон барои посух додан ба он таъйин шуд.

Бархе манобеъи огоҳ дар санъати ҳастаии Русия ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки дар фароянди пешниҳодшуда Эрон урониюми худро барои Ожонси байналмилалии энержии атумӣ ирсол мекунад, ки ин ниҳод ҳам маҳмулаи дарёфтиро ҷиҳати ғанисозии бештар ба Русия мунтақил хоҳад кард.

Сипас, урониюми ғанишуда ба ожонс баргардонида хоҳад шуд ва баъдан ба Фаронса ирсол мешавад, ки фанноварии лозим барои афзудани “аносири сулулӣ” (Cell Element)-и лозим барои реоктури Эронро дар ихтиёр дорад.

Ба ин тартиб, урониюми ғанишудаи кофӣ барои тавлиди изутупи пизишкӣ дар реоктури таҳқиқотии Эрон фароҳам мешавад, аммо Эрон маводи радиоактиви кофӣ барои тавлиди бумби атумиро дар ихтиёр нахоҳад дошт.

Бо вуҷуди занни кишварҳои ғарбӣ дар бораи ниёти барномаи ҳастаии Эрон, ин кишвар ҳамвора таъкид кардааст, ки аҳдофи барномаи ҳастаии он сирфан сулҳомез аст ва ғанисозии урониюмро ҳаққи худ медонад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.