
Бисёре аз занони ноборвар муштоқи пайванди раҳм ҳастанд
Донишмандони бритониёӣ дар ҷараёни конфронси борварӣ дар Омрико эълом кардаанд, роҳеро барои пайванди муваффақиятомези раҳм (бачадон) пайдо кардаанд.
Онҳо дар ҷараёни озмоиш рӯйи харгӯшҳо тавонистаанд ба онҳо раҳм пайванд бизананд. Ин пайвандҳо бо истифода аз хуни маъмулӣ буда, ки боъис мешавад раҳм муддати бордориро комилан таҳаммул кунад.
Дар тозатарин таҳқиқ, ки дар Колеҷи салтанатии домпизишкӣ (байторӣ) дар Лондон анҷом гирифтааст, ба панҷ харгӯш бо равише, ки ба рагҳои аслӣ, аз ҷумла аорта пайваст аст, раҳм пайванд зада шуд.
Ду харгӯш то 10 моҳ зинда монданд ва муъоинаҳое, ки баъд аз маргаш рӯйи онҳо анҷом гирифт, нишон дод пайванди раҳмҳо муваффақ будааст.
Донишмандон мегӯянд эҳтимолан ҷарроҳӣ ва пайванди раҳм дар инсонҳо то ду соли дигар имконпазир хоҳад шуд.
Аммо шумори дигаре аз муҳаққиқон гуфтаанд, фикр намекунанд равише, ки аз он истифода шудааст, дар мавриди инсон бехатар бошад ва бисёре аз созмонҳои таҳқиқӣ низ ҳозир нашудаанд ҳазинаи ин навъ пайвандҳоро бар уҳда бигиранд.
Созмони хайрияи "Пайванди раҳм" дар Бритониё дар талош будааст барои ҳазинаи анҷоми пайванди раҳм дар инсон 250 ҳазор паунд (фунт) кумаки молӣ ҷамъоварӣ кунад.
Дар соли 2002 пизишкон дар Арабистони Саъудӣ як мавриди пайванди раҳм дар инсонро анҷом доданд, аммо бадани бемор бештар аз се моҳ ин узви пайвандиро таҳаммул накард. Раҳми мазкур аз эҳдокунандае зинда ба бемор мунтақил шуда буд.
Дар Бритониё ҳарсола 200 зан довталаб мешааванд аз раҳми онҳо барои хонаводаҳое, ки бачадор намешаванд, истифода шавад. Бархе аз онҳо бобати "иҷораи" раҳмашон пул дарёфт мекунанд.
Ричард Смит, мутахассиси занон ва зоймон дар бемористони Ҳамросмити Лондон, дар конфронси "Анҷумани омрикоии борварӣ" дар Атланта гуфт, ки гоми баъдии муҳаққиқони бритониёӣ борвар кардани харгӯшҳо аз тариқи "Ай Ви Эф" (IVF) хоҳад буд.
Дар гузашта пайванди раҳм дар ҳайвонот, аз ҷумла дар хук ва дар маймун анҷом гирифта буд, аммо муҳаққиқони бритониёӣ муътақиданд, ки равиши ҷадидb онҳо дунёи пизишкиро як гом ба пайванди муваффақи раҳм дар инсон наздиктар карда, чун ҳама рагҳои аслӣ, аз ҷумла аорта пайванд зада шудааст.
Ба бовари оқои Смит далели муваффақ набудани пайванде, ки дар Арабистони Саъудӣ анҷом гирифта буд ноогоҳии ҷарроҳон аз пайванди дурусти рагҳо будааст.
Раҳми пайвандӣ фақат қодир хоҳад буд даврони борвариро таҳаммул кунад ва зоймон ба таври ҳатм ба равиши сезориян хоҳад буд. Борварии зане, ки раҳми пайвандӣ дорад, низ бояд аз ин навъb Ай Ви Эф (IVF) бошад. Чун пас аз пайванди раҳм эҳтимоли бордории хориҷ аз раҳм зиёд аст.
Дуктур Смит эътироф кард, ки аз нигоҳи ҳирфаи пизишкӣ ин равиш "барои дармони ноборварӣ зиёдаравӣ талаққӣ мешавад", аммо гуфт дар муқобил занони ноборвари зиёде ба пайванди раҳм алоқаманд ҳастанд.
© MMIX