
Дар ҳаводиси Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 даҳҳо нафар кушта шуданд
Созмони Афви Байналмилал аз Иттиҳодияи Урупо хостааст қабл аз бардоштани таҳрими аслиҳа алайҳи Ӯзбакистон аз паёмади он бияндешад.
Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи башар рӯзи ҷумъаи 23 октябр хабар дод, ки бо ирсоли номае Иттиҳодияи Урупоро ҳушдор додааст, ки "қатли садҳо нафар дар ҳаводиси Андиҷонро фаромӯш накунад."
Ҳушдори ин созмон дар ҳолест, ки вазирони хориҷаи Урупо ба лағви таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Ӯзбакистон, ки чаҳор сол пеш, дар пайи ҳаводиси Андиҷон ба роҳ андохта шуд, тадорук мебинанд.
Дар номаи Афви Байналмилал ба Иттиҳодияи Урупо омадааст, ки ин таҳрим мустақиман дар посух ба қатлу куштори садҳо шаҳрванд дар Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 эъмол шуда буд.
Дар он замон Иттиҳодияи Урупо, Омрико ва бархе аз созмонҳои муътабари байналмилалӣ хостори таҳқиқи вақоеъи Андиҷон аз сӯйи як ниҳоди мустақилли байналмилалӣ шуда буданд.
Вале ҳоло Афви Байналмилал ба вазирони хориҷаи Урупо ёдовар шудааст, ки давлати Ӯзбакистон ин дархостро иҷро накарда буд ва бо лағви ин таҳрим Иттиҳодияи Урупо "худро хандахариш хоҳад сохт."
Наталия Алонсо, раиси дафтари урупоии ин созмон, мегӯяд: "Агар таҳрими таслиҳотӣ бидуни анҷоми таҳқиқи байналмилалӣ бардошта шавад, Иттиҳодияи Урупо бар тақозоҳои худ тамасхур хоҳад зад ва танҳо шеваи фишори байналмилалӣ бар Ӯзбакистон аз миён хоҳад рафт. Вазирони хориҷа бояд манофеъи миллиро канор гузоранд ва асароти ин тасмим бар субот ва созгории сиёсати хориҷӣ ва ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Урупоро дар назар бигиранд."

Афви Байналмилал мегӯяд давлати Ӯзбакистон чандин нафарро дар иртибот бо вақоеъи Андиҷон зиндонӣ ва шиканҷа кардааст
Ба навиштаи Афви Байналмилал, фишор бар Ӯзбакистон дар ин мавзӯъ на танҳо барои барқарории адолат, балки ба ин хотир низ муҳим аст, ки даҳҳо мудофеъи ҳуқуқи башар ва рӯзноманигор дар иртиботи мустақим бо ҳаводиси Андиҷон имрӯзҳо низ мавриди озору азият қарор мегиранд.
Ин созмон менависад, ки қазияи шуморе аз афродро дар Ӯзбакистон дунбол мекунад, ки мавриди озору азият ва шиканҷаи мақомот қарор гирифта ва ба ҳимояти байналмилалӣ шадидан ниёз доранд.
Хонуми Алонсо афзудааст: "Масъалаи Андиҷон дигар як мавзӯъи гузашта нест, балки мустақиман бо бисёре аз рӯйдодҳои имрӯза дар Ӯзбакистон иртибот дорад. Агар Иттиҳодияи Урупо инро нодида бигирад, он на танҳо ба қурбониён ва хонаводаҳои онҳо кумак накардааст, балки онҳоеро ҳам, ки барои адолат ва ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон то кунун мубориза мекунанд, нодида гирифтааст."
Ба эътиқоди Афви Байналмилал, Иттиҳодияи Урупо қаблан дар замоне ки ҳамаи таҳримҳо, ба истиснои таҳрими таслиҳотӣ, алайҳи Ӯзбакистонро лағв карда буд, ба дархости худ барои таҳқиқи ҳаводиси Андиҷон аҳаммият қоил нашудааст.
Гузашта аз ин, маҳакҳои ҳуқуқи башаре, ки Иттиҳодияи Урупо дар соли 2007 ба манзури арзёбии пешрафти корҳо дар Ӯзбакистон муқаррар карда буд, тағйироти ҷиддии мусбате дар пай надоштааст.
Афви Байналмилалӣ менависад, ки танҳо дар соли гузашта чаҳор мудофеъи ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон зиндонӣ шуда ва даҳ тани дигар ба зиндагӣ дар зиндон барои муддатҳои тӯлонӣ идома медиҳанд.
Давлати Ӯзбакистон то кунун ба нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ ва СММ, иҷоза боздид аз ин афродро надодааст.

Давлати Ӯзбакистон дархостҳо барои таҳқиқи байналмилалии ҳаводиси Андиҷонро ҳамвора рад кардааст
Бо таваҷҷуҳ ба ин, созмони Афви Байналмилал аз Иттиҳодияи Урупо хостааст, ки аз паёмадҳои бознигарӣ дар таҳрими аслиҳа алайҳи Ӯзбакистон, бавижа таъсири он бар ҷойгоҳи ин иттиҳодия дар қиболи шариконаш дар Осиёи Миёна, бияндешад.
Тибқи гузоришҳо, нерӯҳои амниятии Ӯзбакистон 13 майи соли 2005 бар муътаризоне, ки дар шаҳри Андиҷон, дар шарқи он кишвар, ба манзури ибрози норизоятӣ аз сиёсатҳои ба гуфтаи онҳо саркӯбгаронаи давлат ва фақри густарда ҷамъ омада буданд, оташ гушоданд.
Ин ҳодиса талафотеро ба ҳамроҳ дошт ва шумори дақиқе аз қурбониёни ин ҳаводис то кунун мунташир нашудааст. Аммо дар пайи он, ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқи башар, садҳо нафар ба гумони ҳамдастӣ дар ин вақоеъ боздошт ва бисёри дигар ҳадафи шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтанд.
Садҳо тани дигар дар пайи ин ҳаводис ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон паноҳ бурданд. Ҳамчунин, ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқи башар, даҳҳо тани дигар аз шаҳрвандони Ӯзбакистон бо шеваҳое, ки посухгӯйи меъёрҳои ҷаҳонӣ набудааст, муҳокима ва маҳкум шудаанд.
Дар пайи вуқуъи ҳаводиси Андиҷон мақомҳои Ӯзбакистон дархостҳои байналмилалӣ барои анҷоми таҳқиқоте мустақил аз сӯйи як ниҳоди байналмилалиро рад карданд.
Бо ин ҳол, ба навиштаи Афви Байналмилал, мақоқоти ӯзбак ду даври музокироти коршиносон таҳти ҳимояти Иттиҳодияи Урупо дар декабри соли 2006 ва апрели 2007-ро таҳқиқоти байналмилалӣ унвон кардаанд.
Вале ин созмон мегӯяд, ки ҳарчанд аз ин музокирот истиқбол карда, вале бар ин назар аст, ки ин ибтикор наметавонад ҷойгузини як таҳқиқоти байналмилалии мустақил шавад.
© MMIX