
Дар шаҳри Душанбе тарҳи ҷадиди кумакҳои фаннӣ ба бахшҳои нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон имзо шуд
Идораи давлатии Суис дар умури иқтисод ба бахшҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба миқдори 1,8 милюн дулор кумаки фаннӣ ироа кардааст.
Дар маросими имзои тарҳи ҷадиди кумакҳои фаннӣ, ки рӯзи панҷшанбе, 22 октябр, аз ҷониби масъулони вазорати рушди иқтисоду тиҷорат, Маркази байналмилалии тиҷорат ва Идораи давлатии Суис дар умури иқтисод дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳадафи ин кумакҳо пуштибонӣ аз корхонаҳои Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ унвон гардид.
Ҳамзамон, Сайидмӯъмин Камолов, як тан аз масъулони Дафтари Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон таъкид кард, ки дар чаҳорчӯби кумакҳои фаннӣ вуруди таҷҳизоти ҷадид барои корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии ин кишвар пешбинӣ нашудааст.
Ба гуфтаи оқои Камолов, дар назар аст, тибқи ин тарҳ сатҳи тахассусии коргарони корхонаҳои нассоҷию дӯзандагӣ боло бурда, тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ дар заминаи тавлиди колоҳои хушсифат, арзон, бо бастабандии хуб ва рақобатпазир дар бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод шавад.

Оқои Камолов гуфт, ки дар чаҳорчӯби тарҳи кумакҳои фаннӣ вуруди таҷҳизоти ҷадид барои корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст
Ҳамчунин, барои ироаи колоҳои корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон ба намоишгоҳҳои байналмилалӣ муосъидат хоҳад шуд.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 19 корхонаи нассоҷӣ ва 35 корхонаи дӯзандагӣ мавҷуд буда ва аммо ба далоили мухталиф бахши аслии онҳо аз фаъолият бозмонда ва ё бо тавоноии кам фаъолият мекунанд.
Коршиносони вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон илали ин вазъро ба фарсуда будани таҷҳизоту дастгоҳҳо, поин будани сифат ва гарон будани қимати коло ва аз ин лиҳоз, рақобатпазир набудани колоҳои ин корхонаҳо дар бозорҳо марбут хонданд.
Ин коршиносон таъкид карданд, ки танҳо маъдуд аз корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон, назири “Тоҷик Кабуул Текстайл”, “Тектайл Сити”-и шаҳри Хуҷанд, “Истеко”-и ноҳияи Бохтар ва “Кӯлоб Текстайл” бо таҷҳизоти мудерн муҷаҳҳаз буда ва колоҳои тавлидии онҳо бозоргир будааст.
© MMIX