Advertisement
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 21 Октябр соли 2009 - 14:01

Пешниҳоди бознигарӣ дар тақсими захоири оби минтақа

об

Дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе мавзӯъи бознигарӣ дар системи тақсими захоири об дар Осиёи Марказӣ матраҳ шуд

Ширкаткунандагони як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе хостори бознигарӣ дар системи тавзеъи захоири об миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шуданд.

Дар ҳамоиши байналмилалие, ки рӯзи чаҳоршанбеи 21 октябр доир шуд, коршиносони байналмилалӣ гуфтанд системи тақсими манобеъи об, ки дар даврони шӯравӣ дар минтақа роиҷ буд, дигар коромад нест.

Азбаски Иттиҳоди Шӯравӣ давлате воҳид буд, бар асоси системи роиҷ дар он замон кишварҳои болооби рӯдхонаҳои бузурги Омӯдарё ва Сирдарё дар фасли сармо аз ҷамоҳири поёноб нерӯи барқ мегирифтанд ва дар тобистон ба онҳо об медоданд.

Вале ба гуфтаи Юлия Тромбитская, коршинос дар умури идораи захоири об аз Кумисиюни Иқтисодии Урупо дар СММ, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин систем коромадии худро аз даст дода ва дигар ҷавобгӯйи ниёзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нест.

Хонуми Тромбитская гуфт, ки ҳамакнун кишварҳои минтақаро лозим дар системи тавзеъи об миёни худ таҷдиди назар кунанд. Ба гуфтаи вай, дар шароити феълӣ кишварҳои поёноб ба ҳамсоягони болооби худ дар мавориди лозим нерӯи барқ намедиҳанд ва ин мамолик маҷбур ҳастанд, ки барои тавлиди барқ дар фасли зимистон обанборҳои худро дар тобистон пур кунанд.

Аммо ин дар замоне рух медиҳад, ки кишварҳои поёноб, монанди Ӯзбакистон ва Туркманистон ва ҳатто Қазоқистон барои сероб кардани мазореъи худ ба об шадидан ниёз доранд.

Зимнан, кишварҳои болооби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рафъи камбуди энержӣ дар фасли зимистон сохтмони нерӯгоҳҳои бузургеро дар назар доранд, вале кишварҳои поёноб, бавижа Ӯзбакистон, бо иҷрои ин тарҳҳо башиддат ибрози мухолифат кардааст.

климчук

Оқои Климчук гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказиро лозим аст мушкили тақсими обро аз роҳи музокироти дуҷонибаю бисёрҷониба ҳал кунанд

Фёдор Климчук, муъовини раиси Маркази минтақаии Созмони Милали Муттаҳид дар умури диплумосии боздоранда ё превентивӣ, низ ба ин нукта таъкид кард ва гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказиро лозим аст ин мушкилро аз роҳи музокироти дуҷонибаю бисёрҷониба ҳал кунанд.

Ба эътиқоди оқои Климчук, мумкин аст мушкили тақсими манобеъи об дар минтақа дар зарфи даҳҳо соли музокирот ҳалли худро пайдо кунад, Афзун бар ин, ба гуфтаи ӯ дар оянда дар тақсими манобеъи оби минтақа манофеъи Афғонистонро низ бояд дар назар гирифт.

Шуҷоъиддин Зиёӣ, муъовини вазири энержӣ ва оби Афғонистон, ки дар ин ҳамоиш ба унвони нозир ширкат дошт, ба навбаи худ гуфт, ки ба далели ҷангу нооромиҳо дар сӣ соли ахир кишвараш натавонистааст дар тақсими манобеъи оби минтақа ширкат кунад.

Оқои Зиёӣ таъкид кард, ки Афғонистон дар садад аст дар оянда бо мамолики Осиёи Марказӣ масоили истифодаи муштарак аз манобеъи оби рӯдхонаи Омӯро матраҳ кунад.

Гуфта мешавад бо истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон системи обрасонӣ дар шимоли ин кишвар тармиму бозсозӣ шуда ва заминҳои бикр обёрӣ мешаванд.

Коршиносон мегӯянд бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Афғонистон арозии зиёде барои зироъат дошта ва 80 дарсади ҷамъияти ин кишвар ба кишоварзӣ машғул аст, ин кишвар дар оянда ба миқдори бештари об ниёз дошта бошад ва ин вазъ мумкин аст масъалаи тақсими манобеъи оби минтақаро печидатар кунад.

зиёӣ

Оқои Зиёӣ мегӯяд, ки Афғонистон дар садад аст дар оянда бо мамолики Осиёи Марказӣ масоили истифодаи муштарак аз манобеъи оби рӯдхонаи Омӯро баррасӣ кунад

Дар зарфи даҳ соли ахир мубоҳисот дар атрофи масоили обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ аз мавзӯъоти аслӣ дар ҳамоишу нишастҳои мақомоти кишварҳои минтақа ва коршиносон будааст. Вале то ба ҳол тарафҳо бар сари ин масъалаи мавриди баҳс ба тавофуқ нарасидаанд.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати захоири об ва обёрии Тоҷикистон, ҳарчанд масъалаи тақсими манобеъи оби минтақа дар сатҳи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ нашудааст, аммо дар ҳамоишу нишастҳои коршиносон ин мавзӯъ дар сари забонҳо будааст.

Коршиносони ин вазорат мегӯянд Тоҷикистон, ки дар саргаҳи рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад, танҳо аз 12 дарсади манобеъи оби минтақа истифода мекунад. Ин дар ҳолест, ки Ӯзбакистон 52 дарсади захоири оби минтақаро масраф мекунад.

Ахиран Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, яке дигар аз кишварҳои аслии масрафкунандаи об иброз доштааст, ки мамолики поёноб бояд ба кишварҳои болооб барои ҳалли мушкилоти энержӣ ва тавзеъи об кумак кунанд.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.