Advertisement
Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 20 Октябр соли 2009 - 15:35

Пайкараи Шоҳтемур ба ҷойи Ленин

Муҷассамаи Шоҳтемур

Дар авосити моҳи ҷорӣ дар Бадахшон муҷассамаи Шоҳтемур насб шуд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дастур додааст муҷассамаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар майдони аслии шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, ҷойгузини муҷассамаи Ленин карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими таҷлил аз 110-умин солгарди таваллуди Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчунин гуфтааст, ки Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ба номи вай гузошта шавад ва дар наздиктарин фурсат оромгоҳи Шоҳтемур дар Русия тармим ва нимпайкарааш дар сари қабри вай насб карда шавад.

Пажӯҳишгарон мегӯянд, ки Шириншоҳ Шоҳтемур нахустин нома дар бораи таъсиси Тоҷикистон ба унвони як ҷумҳурии мустақил дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷ шудани он ба унвони як ҷумҳурии худмухтор аз Ӯзбакистонро ба Иосиф Сталин навиштааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсии даврони Шӯравӣ ва нахустин раиси кумитаи марказии ҳизби кумунисти Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон буд.

Зиндагиномаи Шоҳтемур

Шириншоҳ Шоҳтемур дар соли 1899 дар рустои Поршневи устони Бадахшон дар хонаводаи кишоварзе камбизоъат ба дунё омадааст. Вай дар 13-солагӣ дар канори волидон ва бародарону хоҳаронаш кор дар саҳроро оғоз кардааст.

Аммо Шоҳтемур аз кӯдакӣ ба таҳсил рағбат дошта ва волидон низ ин кӯшиши фарзанди хешро беҷавоб нагузошта, вайро барои таҳсил ба мадраса дар рустои ҳамсоя фиристоданд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ

Оқои Шакурӣ ба нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар мустақил шудани Тоҷикистон аз Ӯзбакистон таъкид кард

Вале Шириншоҳи ҷавон ба таҳсил дар ин мадраса қонеъ нашуда ва барои идомаи таҳсил ба нахустин мактаби дунявии русӣ дар Бадахшон пазируфта мешавад.

Як афсари марзбони рус, ки дар Бадахшон ба сар мебурд, алоқамандии Шириншоҳ ба омӯзишу парваришро ба назар гирифта ва вайро бо худ ба шаҳри Тошканд, маркази Туркистон, бурдааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур дар Тошканд дар баробари таҳсил ба корҳои сиёҳ даст зад, то сармоя барои таҳсилоташро пардохт кунад.

Фаъолиятҳои сиёсӣ

Дар соли 1921 Шириншоҳ Шоҳтемур баъд аз хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Тошканд ба шаҳри Хуҷанд омад ва ба фаъолони инқилобӣ пайваст. Сипас ба Бадахшон дар ҳайъати як кумисиюни низомӣ эъзом шуд.

Дар кунфронси илмие, ки рӯзи сешанбеи 20 октябр дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон баргузор шуд, ба нақши созандаи Шоҳтемур дар мубориза бо понтуркисм таъкид шуд.

Қурбони Аламшоҳ

Оқои Аламшоҳ мегӯяд Шоҳтемур дар мубориза бо понтуркисм дар мантақа нақши муҳим ифо кард

Шириншоҳ Шоҳтемур аз соли 1923 барои як сол дар кобинаи давлати вақти Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистони Шӯравӣ фаъолият дошт. Вай дар соли 1929 дар Маскав дар донишгоҳи кумунистии Шарқ таҳсил карда ва баъд аз он ба симати нахустин дабир ё котиби масъули ҳизби кумунистиТоҷикистон таъйин шуд. Вай аз соли 1930 то 1932 ба ҳайси котиби дувуми ин ҳизб фаъолият кард.

Окодемисян Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, ки аввалин номаи дархостӣ ба Сталин дар бораи ҷудошавии Тоҷикистон аз Ӯзбакистонро Шириншоҳ Шоҳтемур дар соли 1926 фиристод ва сипас сиёсатмадорони дигари тоҷик ба ҷонибдории вай ба Маскав номаҳои зиёде фиристоданд.

Окодемисян Шакурӣ афзуд: “Шириншоҳ Шоҳтемур дар он нома аз азияту озори тоҷикон дар Ӯзбакистони Шӯравӣ мисолҳои зиёд овард ва пешинҳод кард, ки ба ҳамин хотир, Тоҷикистон бояд ба увнони як ҷумҳурии мустақил ба ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ пайвандад.”

Ҳамчунин муҳаққисон ба нақши созандаи Шириншоҳ Шооҳтемур дар мубориза бо босмачиён, ки дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари мантақа идомаи бештаре доштва то солҳои 1934-1936 идома дошт таъкид мекунанд.

Вале аз сӯйи дигар баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва мантақа бархе аз соҳибназарон ва таърихнигорон иддае аз афрод ба истилоҳ "босмачи"-ро ба феҳристи муборизони миллӣ ё мубориза бо истилоҳгарони рус унвон карданд ва кумунистону мақомоти вақти ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистонро дар қатли онҳо муттаҳам мекарданд.

Шоҳтемур ва понтуркисм

Қурбони Аламшоҳ, муҳаққиқ ва хабарнигори маҳаллӣ, ки фаъолиятҳои Шириншоҳ Шоҳтемурро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ки я ке аз ҳадафҳои Шоҳтемур аз ҷудо кардани Тоҷикистон аз Ӯзбакистон "ҷилавгирӣ аз ӯзбаккунонии сокинони ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон" буд.

Оқои Аламшоҳ афзуд, ки Шоҳтемур он замон аз хатароти ношӣ аз ҷараёни понтуркисм, ки дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Тошканд ривоҷ ёфта буд, нигарон буд.

Вай гуфт: “Агар қабл аз инқилоб ин ҷараён “понтуркисм” ном гирифта буд, сипас ҷойи онро ӯзбакунонии сокинони форсизабон гирифт. Шоҳтемур тавонист Маскавро мутақоъид созад, ки Тоҷикистонро ба унвони ҷумҳурие мустақил бипазирад. Дар ғайри ин сурат, имкони аз миён бурдани миллати тоҷик вуҷуд дошт. Аз ин рӯ, ҳукумати вақти шӯравӣ Шириншоҳро аз таҳсил дар Маскав боздошт ва вайро ба Тоҷикистон эъзом кард, то раҳбарии Тоҷикистони мутақилро бар ӯҳда гирад.”

Вале Шириншоҳ Шоҳтемур ба ин иктифо накард ва дар давоми фаъолияташ мукарраран аз раҳбарони вақти Шӯравӣ дархост мекард, то барои рушди Тоҷикистон иқдомоти бештаре анҷом диҳанд.

Оқои Аламшоҳ яке аз далоили қатли оқои Шоҳтемурро низ исрори вай ба ҷалби таваҷҷуҳи бештари Маскав барои беҳбуди иҷтимоъии тоҷикон медонад.

“Душмани халқ”

Дар даврони ҳукумати Иосиф Сталин бисёре аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ аз Тоҷикистони Шӯравӣ низ қурбони саркӯбиҳои вай шудаанд.

Бештари онҳо “душмани халқ” эълом шуда ва тавассути "Кумисериёи мардумии корҳои дохила” дар манзил боздошт ва бадарға мешуданд ва аксаран баъд аз чанд муддат ба қатл мерасиданд ва ё нопадид мешуданд.

Муҷассамаи Ленин дар Помир

Президент Раҳмон пешниҳод кардааст, ки дар ин майдон муҷассамаи Шоҳтемур гузошта шавад

Шириншоҳ Шоҳтемур дар моҳи июли соли 1937 ба Маскав барои ширкат дар ҷаласа даъват шуда буд ва 18 июл аз толори ҷаласа дар Кремлин боздошт ва ҳамон сол чун “душмани халқ” ба қатл расид. Танҳо дар соли 1956 баъд аз марги Сталин, Шириншоҳ Шоҳтемур бегуноҳ ё ба истилоҳи тоҷикон "сафед" эълом шуд.

Шириншоҳ Шотемур то охири умраш дар шаҳри Маскав, пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ, ба сар бурд ва фарзандону наваҳои вай низ имрӯзҳо дар ин шаҳр ба сар мебаранд. Зимнан, исми писари якуми Шоҳтемур низ монанди падараш Шириншоҳи Шоҳтемур аст.

Дар соли 2006 бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шириншоҳ Шоҳтемур унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" эъто шуд.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)


سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.