Advertisement
Ба рӯз шуда:  Душанбе, 19 Октябр соли 2009 - 14:07

Чопи нашрияе тоза ба забонҳои помирӣ

Нашрияи "Лозар"

Ҳоло ин танҳо нашрия ба забонҳои маҳаллӣ дар Бадахшон аст

Дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, нашрияи фарҳангии ҷадиде бо номи "Лозар" бо забонҳои помирӣ ва тоҷикӣ ба чоп расид.

Ин нашрия ҳоло ягона нашрияи помиризабон дар минтақа маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи Хушомади Алидод, шоъир ва сардабири нашрияи ҷадид, чопи ин нашрия бо таваҷҷуҳ ба набуди расонаҳо ба забонҳои маҳаллӣ дар Бадахшон, бисёр муҳимм аст.

Ҳадаф аз чопи ин нашрия низ ҳифозату рушди забонҳои помирӣ, муъаррифӣ ва дастрас кардани осори назмиву насрии адибони маҳаллӣ ба сокинони минтақа арзёбӣ мешавад.

Оқои Алидод мегӯяд нахустин шумораи нашрияи "Лозар" ҳовии матолибе бо забонҳои тоҷикӣ ва шуғнӣ будааст, вале онҳо тасмим гирифтаанд дар шумораҳои баъдӣ матолиберо бо забонҳои дигари помирӣ ё бадахшонӣ, ба мисли рӯшонӣ, вахонӣ, ишкошимӣ ва язғуломӣ низ нашр кунанд.

Нашрияи "Лозар"

Дар нашрияи "Лозар" бештар шеъру достонҳои шоъирону нависандагони маҳаллӣ мунташир мешавад

Нашрияи "Лозар" бо теъдоди 99 дона дар чопхонаи маркази омӯзишии "Логос" ва бо кумаки молии як ширкати маҳаллии мавсум ба "Додчид" дар Хоруғ мунташир шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки барои чопи нашрияе бо теъдоди камтар аз 100 нусха, лузуме барои сабти номи нашрия дар Вазорати фарҳанг нест, масъулон ин миқдор аз нашрияро чоп кардаанд.

Ба гуфтаи масъулони чопхона, онҳо ба ҳангоми чопи нашрия ба иштибоҳоти фанние роҳ додаанд ва ҳоло тасмим шудааст, ки нашрия дубора чоп шавад.

Бо вуҷуди ин, теъдоде аз коршиносони маҳаллӣ таъсиси нашрияи "Лозар"-ро рӯйдоде муҳимм ва онро барои ҳифозат, эҳё ва рушди забону адабиёт ва фарҳанги сокинони минтақа муассир мешуморанд.

Нашрияи "Лозар"

Акси Лидуш, аз маъдуд овозхонҳое, ки ба забонҳои маҳаллӣ дар Бадахшон суруд мехонд

Гуфта мешавад дар гузашта низ барои пажӯҳиш ва ҳифзу эҳёи забонҳои помирӣ талошҳое ба харҷ дода шуда буд. Аз ҷумла, дар солҳои навадуми қарни гузашта нашрияе бо номи “Фарҳанги Бадахшон” таъсис шуд ва шоъирону нависандагон имкон ёфта буданд, ки осори назмӣ ва насрии худро дар он бо забони тоҷикӣ ва забонҳои маҳаллӣ бо хатти сириллик чоп кунанд.

Вале баъдан ба далели мушкилоти молӣ ва дигар сабабҳо фаъолияти он мутаваққиф шуда буд.

Дар як ҳамоиши байналмилалии ахир, ки ба василаи Сандуқи забонҳои дар маърази хатар дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, набуди расонаҳо ба забонҳои маҳаллӣ ба унвони яке аз авомили умдаи рукуд ва аз байн рафтани забонҳои маҳаллӣ дар минтақа ёд шуд.

Нашрияи "Лозар"

Дар Бадахшон шуморе аз забонҳои маҳаллӣ ва шеваҳои ҷудогонаи забони форсӣ роиҷ аст

Бадахшон устони кӯҳистоние дар шарқи Тоҷикистон аст, ки сокинони он бо забонҳои мухталифе, монанди шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, ишкошимӣ, вахӣ ё хикӣ, язғуломӣ, қирғизӣ ва шеваҳои дарвозию ванҷӣ ва горонии забони форсии тоҷикӣ ҳарф мезананд.

Ҳоло бархе аз забоншиносон се забони помирӣ ё бадахшонӣ - язғуломӣ, рошорвӣ ва ринӣ ё ишкошимӣ ва забони яғнобиро, ки мардуми дараи Яғноби водии Зарафшон умдатан ба он такаллум мекунанд, ба гурӯҳи забонҳои дар маърази хатар шомил мекунанд.

Ба гуфтаи масъулони нашрияи “Лозар”, ин нашрия минбаъд моҳе як бор нашр хоҳад шуд.

Назароти шумо:

Ташаккур барои хушхабар. Умедворам, ки таъсис ёфтани чунин нашрияҳо забонҳои бадахшонӣ ва яғнобии моро аз хатари фаромушшави эмин медорад. Тозаталаб, Душанбе

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.