Advertisement
Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 16 Октябр соли 2009 - 04:41

Раҳмон: “ХисоротиТоҷикистон аз бӯҳрон 3,5 млрд сомонӣ”

Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон дар мусоҳибаи худ гуфтааст, ки "ҳатто дар шароити бӯҳронӣ иқтисоди кишвараш рушди 1,8 дарсадӣ доштааст."

Президенти Тоҷикистон эълом доштааст, ки иқтисоди кишвараш аз паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ 3,5 милёрд сомонӣ ё ҳудуди 800 милюн дулор хисорот дидааст.

Ин матлаб дар як мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо нашрияи “Известия”-и чопи Маскав дар шумораи рӯзи чаҳоршанбеи он изҳор шудааст.

Дар канори пойин рафтани баҳои олюминиюм ва панба дар бозорҳои ҷаҳонӣ, оқои Раҳмон ҳамчунин масоили муҳоҷират, бозори кунди молӣ ва содироти танҳо маводди хомро аз авомили аслии таъсири бӯҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон унвон кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар тирамоҳи соли гузашта бархе аз мақомоти кишвар, бавижа, аъзои тими иқтисодии кобинаи давлати Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди кишвар таъсире нахоҳад дошт.

Вале ҳамакнун президенти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки “нахустин паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди кишвараш дар авохири соли гузашта эҳсос шудаанд.”

Оқои Раҳмон гуфтааст, ки дар зарфи як соли ахир тавлидоти санъатӣ дар Тоҷикистон чаҳор дарсад ва тавлиди нахи панба 16 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи вай, дар ин муддат мизони доду ситади коло бо кишварҳои хориҷӣ коҳиш ёфтааст ва тавозуни он ҳамчунон бар суди Тоҷикистон нест, зеро воридот дар қиболи содирот чиҳил дарсад бештар аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Э.Раҳмон: "Таъсиси пули воҳид дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Уруосиё баъид нест."

Ба эътиқоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ин амр дар вазъи бозори молӣ, аз ҷумла дар шароити пардохти маболиғ ба хориҷ аз кишвар мушкилоте ба бор доштааст.

Ҳамчунин оқои Раҳмон коҳиши мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирони тоҷикро, ки гуфта шудааст то 35 дарсад пойин рафтааст, мушкили дигаре барои бозори молии Тоҷикистон унвон кардааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Раҳмон, барои нахустин бор дар чанд соли ахир қисмати воридотии бюҷети Тоҷикистон аз авоили соли ҷорӣ танҳо 98,1 дарсад иҷро шудааст.

Бо ин вуҷуд, Президенти Тоҷикистон дар мусоҳибаи худ изҳор доштааст, ки иқтисоди Тоҷикистон тавонистааст “ҳатто дар ин шароит дар зарфи 8 моҳи аввали имсол рушди 1,8 дарсадӣ дошта бошад.”

Ба гуфтаи вай, рушди 16 дарсадии тавлидоти кишоварзӣ ва афзоиши даҳ дарсадии мизони тиҷорат тавонистаанд дар маҷмӯъ ба рушди тавлидоти нохолиси миллӣ мусоъидат кунанд.

Дар посух ба ин суол, ки оё фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Уруосиё дар рафъи авоқиби номатлуби пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ муассир аст ё хайр, Президенти Тоҷикистон дар ин замина бештар аз таъсиси Сандуқи зиддибӯҳронии ин созмон пуштибонӣ кардааст.

Вале, ба эътиқоди оқои Раҳмон, ҳеҷ кишваре аз аъзои ин созмон наметавонад “ба танҳоӣ куллия авоқиби ин бӯҳронро рафъ созад.” Вай муътақид аст, ки тавсеъаи ҳамкориҳо ва иҷрои тадобири муштарак миёни кишварҳои узви ин созмон метавонад гоми муҳиме дар рафъи ин мушкилот бошад.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҷоди Иттиҳоди гумрукӣ миёни Русия, Белорус ва Қазоқистон дар чорчӯби ин созмон пуштибонӣ карда, изҳор доштааст, ки дар оянда дар миёни кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Уруосиё таъсиси пули воҳид низ баъид нест.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.