Advertisement
Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 15 Октябр соли 2009 - 08:52

Як шашуми ҷамъияти дунё гурусна ҳастанд

Гузориши ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки беш аз як милёрд нафар аз мардуми ҷаҳон, яъне як шашуми ҷамъияти дунё гурусна ҳастанд.

Созмони Хорбори Ҷаҳонӣ ба Барномаи Ҷаҳонии Ғизо дар гузориши солонаи худ мегӯянд буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ боъиси афзоиши теъдоди афроде шуда, ки ба сӯйитағзия мубтало ҳастанд.

Буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ боъиси афзоиши қимати маводди ғизоӣ ва коҳиши даромади мардум шудааст.

Гузориши ду ниҳоди ғизоии Созмони Милал хотирнишон мекунад, ки буҳрони иқтисодӣ боъиси коҳиши кумакҳои хориҷӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои фақиртар шудааст.

Ин гузориш хотирнишон мекунад, ки коҳиши теъдоди афроди гурусна дар ҷаҳон ниёзманди талошҳои густардаи байналмилалӣ аст.

Ин гузориш дар остонаи рӯзи ҷаҳонии ғизо, ки ҷумъаи ин ҳафта аст, мунташир шудааст.

Гузориши Созмони Хорбори Ҷаҳонӣ ва Барномаи Ҷаҳонии Ғизо хотирнишон мекунад, ки ҳеҷ кишваре аз ин масъала дар амон нест ва кишварҳои фақир ва фақирон бештарин латмаро мебинанд.

FAO мегӯяд минтақаи Осиё ва Уқёнусия бештарин мизони гуруснагонро дар худ ҷой додааст, тибқи омор, 642 милюн нафар дар ин минтақа ва 265 милюн низ дар минтақаи Офриқо аз гуруснагӣ дар ранҷанд.

Ба иллати густардагии буҳрони иқтисодӣ роҳи ҳаллҳои суннатӣ монанди коҳиши арзиши пул ва интиқоли пул аз сӯйи коргарони муҳоҷир низ кумак накардааст.

Чанд рӯз пеш Созмони Милал ҳушдор дод, ки барои ҷилавгирӣ аз бурузи қаҳтӣ, тавлиди маводди ғизоӣ тайи чанд даҳаи оянда бояд ҳафтод дарсад афзоиш ёбад

Созмони Хорбори Ҷаҳонӣ дар гузориши худ дар декабри соли 2008 эълом карда буд баҳои болотар барои маводди ғизоӣ мунҷар ба гуруснагии милюнҳо нафар мешавад.

FAO дар гузориши худ гуфта буд, ки барои милюнҳо нафар дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа, доштани ҳадди ақал хӯроки рӯзона барои баҳра доштан аз як зиндагии солим ва пуё, як руёи дастнаёфтанӣ аст.

Ба гуфтаи ин созмон, ҳадафи барномаи тавсеъаи ҳазораи Созмони Милал барои ба нисф расондани шумори афроди дучори сӯйитағзия то соли 2015, беш аз ҳар замони дигаре дастнаёфтанӣ аст

Ба гуфтаи FAO ҳар сол ба мизони афроди гурусна дар ҷаҳон афзуда мешавад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.