Advertisement
Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 15 Октябр соли 2009 - 10:22

Рӯзи нобиноён; мушкили мактаб ва кор

Мардони Муҳаммад

нобино

Дар Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор нафар узвият доранд

Оқили 25-сола нобинои модарзод буда ва зодаи ноҳияи Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон аст.

Дар хонаводаи Оқил даҳ фарзанд тарбият ёфтааст, ки бо шумули ӯ ду бародари кучакаш низ нобино ва фалаҷ ҳастанд.

Оқили Зиёдариён дар риштаи муаррих-сиёсатшиноси Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон тадрис карда ва ҳамакнун ба чопи китобҳо бо ҳуруфи “Брейл”- шеваи чопи кутуб барои нобиён, машғул аст.

Ин ҷавон мегӯяд, ки бо гуфтани шеър рӯзҳояшро рангин карда ва ба ин васила ба зиндагӣ дилгармӣ пайдо кардааст.

Вай мегӯяд: “Шеър дарду ғамҳои маро сабук мекунад, ба ман рӯҳу нерӯ мебахшад”.

Зимнан, дар соли ҷорӣ нахустин китоби ашъори Оқили Зиёдариён бо номи “Аз ишқ то ишқ” мунташир шудааст.

Ифтитоҳи чопхонаи муосир

Замоне, ки Оқил кӯдак буд, мадрасаҳои вижаи шӯравӣ барои нобиноён дар саросари Тоҷикистон фаъолият мекарданд.

Аммо ҳоло дар кишвар танҳо чаҳор мактаб-парваришгоҳи вижа ва як бахши мактаби рақами 54-и шаҳри Душанбе барои нобиноён фаъолият мекунад, ки гуфта мешавад ба камбуди кутуб барои нобиноён рӯбарӯ ҳастанд.

Вале дар авохири моҳи гузашта Ҷамъияти нобиноён дар шаҳри Душанбе чопхонаи вижае бо компютеру таҷҳизоти фаннии мудерн ба фаъолият оғоз кардааст, ки метавонад ин вазъро тағйир бидиҳад.

оқил

Оқил мегӯяд, ки шеър дарду ғами ӯро сабук мекунад

Ба гуфтаи Холмаҳмад Тенгниев, раиси ин ниҳод, дар таъсиси чопхона созмонҳои хайрияи байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе мусоъидат кардаанд.

Ҳоло дар ин чопхона нахустин китоби дарсии “Забони русӣ” барои шогирдони парваришгоҳҳои нобиноён мунташир шудааст.

Иззатулло Садиров, саҳифабанди чопхона гуфт, ки ҳанӯз ҳуруфи тоҷикии брейл таҳия нашудааст ва пас аз омода шудани барномаи ҳуруфи брейлии тоҷикӣ чопи китобҳо ба забони тоҷикӣ низ шурӯъ хоҳанд шуд.

Қаблан, кутуб барои нобиноён аз тариқи сӯзанзании ҳуруф ба тунука ва баъдан интиқоли он ба коғаз анҷом мешуд.

Ҳоло ба гуфтаи оқои Садиров, матни зарурӣ дар барномаи компютерии “WinBreil” ворид шуда ва сипас, бо ҳуруфи брейлӣ баргардон ва чоп мешавад.

Муҳим он аст, ки ҳамаи таҷҳизоти фаннӣ “гӯё” буда, бо садои баланд корҳои анҷомшударо эълом ва матни таҳияшударо “қироат” мекунанд.

брейл

Матни китоб ба ҳуруфи "брейл"

Дар назар аст, куллияи кутуби дарсӣ барои ин мактабҳо дар чопхонаи Ҷамъияти нобиноёни Душанбе мунташир шавад.

“Кутуби гӯё”

Дар истудиюи Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе ҳудуди 300 фита ва дискҳои ашъори Ҳофиз, Румӣ, Бедил ва осори нависандагони клоссику муосири тоҷик сабт ва ба бозор ироа шудааст.

Ба гуфтаи масъулони Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон фикри таҳияи “китобҳои гӯё” ду соле қабл пайдо шуда ва кумаки Хайруллои Иброҳим ва Субҳон Ҷалилов, наттоқони родиюи Тоҷикистон ва шабакаи мустақили родиюи “Ватан” сабти осори удабои тоҷик оғоз ёфтааст.

Барои муҷаҳҳаз сохтани истудиюи сабти Ҷамъияти нобиноён бо таҷҳизоти муосири фаннӣ Сандуқи Сорос 2300 дулор ва сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон 12 ҳазор юру тахсис додаанд.

истудиё

Истудиюи сабти Ҷамъияти нобиноён бо таҷҳизоти муосири фаннӣ муҷаҳҳаз аст

Қаблан, фитаю дискҳо бо ашъору осори шоъирону нависандагони тоҷик ба нобиноён ба таври ройгон тавзеъ шуда, аммо ҳамакнун барои бароварда сохтани харҷи хидматҳои гурӯҳи текникии сабти овоз, “китобҳои гӯё” дар бозорҳо ба фурӯш мерасад.

Мирзомурод Сангов, раиси коргоҳи таълимии корхонаи нобиноёни Тоҷикистон мегӯяд, ки дар маҷмӯъ бо маош ва нафақа моҳонаи 200 сомонӣ дарёфт мекунад ва ин пул барои таъмини ниёзҳои хонаводааш кифоят намекунад. "Чи расад барои харидории фита ё дискҳо!"

Ҷустуҷӯйи роҳҳо барои таъмини иштиғол

Холмаҳмад Тенгниев, раиси Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе рӯзи панҷшанбеи 15 октябр, дар ҳамоише ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии нобиноён гуфт, ки аз ҷумлаи ҳудуди 10 ҳазор нобино танҳо теъдоди маъдуде аз онҳо бо иштиғоле таъмин ҳастанд.

тенгниев

Оқои Тенгниев гуфт, ки танҳо теъдоди маъдуд аз нобиноён бо кор таъмин ҳастанд

Оқои Тенгниев таъкид кард, бо таваҷҷӯҳ ба фарсуда будани таҷҳизоти корхонаҳои вижаи нобиноён, камбуди маводди хом ва рақобатпазир набудани колоҳои тавлидии онҳо, Ҷамъияти нобиноён роҳҳои ҷадиди таъмини ин афрод бо корро ҷустуҷӯ мекунад.

Аз ҷумла, дар ин ниҳод Маркази таълими компютерӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъсис шуда ва бархе аз аъзои гурӯҳи 50 нафарии фориғуттаҳсилини ин марказ барои худ иштиғоли муносиб пайдо кардаанд.

Афзун бар ин, ба гуфтаи масъулони Ҷамъияти нобиноён, Алиса Нормуродова, шогирди ин марказ дар озмуни байналмилалии забони инглисӣ баранда шуда ва ҳоло дар донишгоҳи Жопун таҳсил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бештари нобиноён иброз доштанд, ки ба далели маълулӣ ҳатто дар сурати фориғ шудан аз Маркази таълими компютерӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ пайдо кардани кор барои онҳо душвор будааст.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.