Advertisement
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 14 Октябр соли 2009 - 05:18

Таҷаммуъи эътирозомез дар Донишгоҳи Озоди Теҳрон

Манобеъи донишҷӯйӣ теъдоди муътаризонро ҳудуди ду ҳазор нафар хонданд

Бино ба гузоришҳо аз Теҳрон, донишҷӯёни Донишгоҳи фаннии воҳиди Теҳрони Марказ зуҳри рӯзи сешанбе дар дохили сохтмони донишкада таҷаммуъ карданд, ки бо бархӯрди нерӯҳои басеҷӣ рӯбарӯ шуд.

"Хабарномаи Амири Кабир", пойгоҳи хабарии донишҷӯёни Донишгоҳи санъатии Амири Кабир ва бархе дигар аз вебсойтҳо донишҷӯёни муътариз дар ин таҷаммуъро беш аз ду ҳазор нафар баровард кардаанд.

Видиюҳое низ аз ин таҷаммуъ дар интернет мунташир шудааст, ки дар онҳо шиъорҳое чун "Давлати кудето, истеъфо, истеъфо" ва "Басеҷӣ бирав берун" шунида мешавад.

Ба гузориши манобеъи донишҷӯйӣ дар Эрон, ин таҷаммуъ зуҳри рӯзи сешанбе шакл гирифт ва пас аз соъоте нерӯҳои басеҷӣ бо истифода аз гози ашковар донишҷӯёнро пароканда карданд ва иддае аз онҳоро мавриди зарбу шатм қарор доданд.

Ба навиштаи "Хабарномаи Амири Кабир", басеҷиҳо, ки ҳузури пурранге дар дохилу атрофи донишгоҳ доштанд, илова бар гози ашковар ба ботум (дубинка) ва шокдиҳандаи электрикӣ (электрошок) муҷаҳҳаз буданд ва дар ин даргирӣ беш аз 10 донишҷӯ захмӣ шудаанд.

Дар пайи ин ҳодиса клосҳои асри донишкадаи фаннии Донишгоҳи озод воҳиди Теҳрони Марказ таътил шуд.

Ин севумин таҷаммуъи эътирозомези донишҷӯёни Донишгоҳи озоди Теҳрон тайи чанд ҳафтаи ахир тавсиф мешавад, ки ба навиштаи "Хабарномаи Амири Кабир" эҳзори теъдоде аз донишҷӯён ба дафтари ҳиросати донишгоҳро дар пай доштааст.

Аз замони бозгушоии марокизи таҳсилӣ дар ибтидои меҳрмоҳ, бисёре аз донишгоҳҳои Эрон, аз ҷумла Донишгоҳи Теҳрон, Санъатии Шариф ва донишгоҳҳои давлатӣ ва озоди бархе дигар аз шаҳрҳо саҳнаи эътирозоти донишҷӯйӣ будааст.

Ин эътирозот ба интихоботи раёсати ҷумҳурии 22 хурдод марбут мешавад, ки тайи он Маҳмуди Аҳмадинажод баранда эълом шуд, ки бо тардиди гурӯҳҳои бузурге аз раъйдиҳандагон мувоҷеҳ шуд ва эътирозоти бесобиқаеро дар пай дошт.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.