Advertisement
Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 13 Октябр соли 2009 - 06:13

Клинтун дар Русия "таҳримҳо" алайҳи Эронро баррасӣ мекунад

Клинтон бо ҳамтои руси худ дидор ва музокира хоҳад кард

Ҳилари Клинтон, вазири умури хориҷаи Омрико ба Маскав, пойтахти Русия сафар кардааст. Ба гуфтаи як диплумоти омрикоӣ хонум Клинтон бо мақомҳои аршади давлати Русия дар мавриди таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи Эрон гуфтугӯ хоҳад кард.

Вазири умури хориҷаи Омрико рӯзи душанбе (12 октябр) аз Ирлонди Шимолӣ озими Русия шуд

Як мақоми аршади вазорати умури хориҷаи Омрико гуфтааст, ки хонум Клинтун дар бораи "анвоъи мушаххаси фишор" алайҳи Эрон бо мақомҳои рус музокироте хоҳад кард.

Хонум Клинтун дар ин сафар бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷа ва Димитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия дидор хоҳад кард.

Mуноқишаи атумии Кореяи Шимолӣ, наҳваи коҳиши зародхонаҳои утмии Омрико ва Русия ва низ ҳамкориҳо дар заинаи дифоъи мушакӣ аз дигар мавзӯъҳои мавриди баҳси ҳайати омрикоӣ ва рус эълом шудааст.

Таҳримҳои мушаххас

Як мақоми Вазорати умури хориҷаи Омрико, ки хоста номаш эълом нашавад, гуфтааст, ки Ҳилори Клинтун бо мақомҳои рус дар мавриди "анвоъи мушаххаси фишор, ки Русия дар сурати нокомии Эрон дар иҷрои таъаҳҳудоти байналмилалиаш, омода хоҳад буд, ки ба он бипайванданд" музокира хоҳад кард.

Русия яке аз кишварҳои Гурӯҳи 5+1 аст, ки рӯзи якуми октябри имсол дар шаҳри Женеви Суис (Шведсария) бо Эрон дар бораи барномаи атумии ин кишвар музокира кард.

Давлати Русия дар солҳои гузашта борҳо бо вазъи таҳримҳои шадиди Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон мухолифат кардааст.

Аммо раиси ҷумҳурии Русия рӯзи 24 сентябр дар шаҳри Ню-йурк пас аз мулоқот бо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико дар мавриди Эрон гуфта буд: "Таҳримҳо банудрат ба натоиҷи матлуб мунҷар мешавад, аммо дар бархе маворид таҳримҳо иҷтинобнопазир аст."

Бархе аз нозирон тардид доранд, ки Русия дар сурати шикасти музокироти байналмилалӣ бо Эрон, вазъи таҳримҳои ба гуфтаи хонум Клинтун "фалаҷкунанда" алайҳи Эронро бипазирад.

Вазири умури хориҷаи Омрико пештар дар Лондон ҳушдор дода буд, ки Омрико ва қудратҳои бузург то абад барои тағйир дар хатти машйи атумии Эрон сабр нахоҳанд кард.

Давлати Эрон бар сулҳомез будани барномаи атумии худ таъкид дорад ва иттиҳоми Омрико мабнӣ бар талош барои тавлиди бумби ҳастаиро рад мекунад.

Вазири умури хориҷаи Омрико дар Лондон гуфта буд, ки Эрон фурсате аз ин беҳтар барои исботи сулҳомез будани мақсадҳои ҳастаии худ нахоҳад дошт.

Қарор аст, ки бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атумӣ рӯзи25 октябр аз таъсисоти ғанисозии Қум, ки мавзӯъҳои муҳими музокироти Женев буд, боздид кунанд.

Эрон дар Женев ҳамчунин ба таври усулӣ мувофиқат кард, ки бахши аъзами урониюми ғанишудаи худро ба ҷиҳати ғанисозӣ то марзи 20 дарсад ва табдили он ба сӯхти роктури Теҳрон ба хориҷ аз кившар мунтақил кунад.

Қарор аст рӯзи 19 октябр ҷаласае тавассути ожонс дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш (Австрия) баргузор шавад. Намояндагони Эрон, Русия, Омрико ва Фаронса дар нишасти Вена дар бораи имкон ва чигунагии фароянди ғанисозии 20 дарсад барои Эрон музокира хоҳанд кард

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMIX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.