
Тоҷикистон аз нахустин кишварҳои минтақа аст, ки ба пажӯҳиши ҳуҷайраҳои бунёдӣ пардохтааст
Тоҷикистон дар зудтарин фурсат ба феҳрасти кишварҳои тавлидкунандаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ ё ба истилоҳи русӣ “стволовие клетки” шомил хоҳад шуд.
Ин амр дар пайи оғози кори лубротории ҷадиде дар Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон имконпазир шуда ва пажӯҳишгарон аллакай ба кишти ҳуҷайра ё селули устухон пардохтаанд.
Гуфта мешавад, ки бо истифода аз ин текнулужиҳо табобати бисёре аз бемориҳои марговар имконпазир мешавад.
Дуктур Масъуди Миршоҳӣ, устоди эронитабори Донишгоҳи пизишкӣ аз Пориси Фаронса ва пажӯҳишгари Маркази таҳқиқоти ин кишвар, ки ба ибтикори вай дар Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон ин озмоишгоҳ таъсис шудааст, мегӯяд, ки то шаш моҳи дигар нахустин ҳуҷайраҳои устухон таҳия хоҳанд шуд.

Барои роҳандозии фаъолияти озмоишгоҳи таҳқиқи ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон таҷҳизоти муосир харидорӣ шудааст
Вай афзуд, ки қарор аст дар озмоишгоҳи ин донишгоҳ ҳамчунин ҳуҷайраҳои хун, шуш, саратон, раги хун, пӯсти бадан таҳия шаванд. Ба ин тартиб, табобати бемориҳои қалб ва қанд, пӯст, устухон ва ғайра имконпазир хоҳад шуд.
Ба унвони мисол, дуктур Миршоҳӣ гуфт, ки аз ҳуҷайраи ҷисми як нафар, ки дар пайи оташсӯзӣ осеб дидааст, миқдори зарурии пӯсти ин шахс аз роҳи сунъӣ таҳия ва сипас ба ҷойи осебдида дӯхта мешавад.
Ҳамчунин бо истифода аз ин текнулужиҳо имкон фароҳам мешавад, ки зану шавҳари бефарзанд низ дар шароити озмоишгоҳ селули фарзанди ояндаи худро тавлид карда ва сипас ба батни модар ворид кунанд.
Ҳамчунин пизишкон аз имкони тавлиди рагҳои хунгард дар қалби инсон, ки фарсудагии онҳо ҳамасола боиси марги даҳҳо ҳазор аз сокинони Тоҷикистон мешавад, имконпазир хоҳад шуд.

Миршоҳӣ: "Ин кумаки мо ба манзури рушди илми тоҷик ва ифтихори миллии тоҷикон аст"
Дуктур Масъуди Миршоҳӣ гуфт, ки куллияи ин текнулужӣ ва таҷҳизоти зарурӣ аз кишварҳои урупоӣ аз ҷониби вай ва дӯстонаш харидорӣ ва эъто шудааст.
Дар посух ба ин суол, ки ба чӣ манзур вай чунин иқдом кардааст, оқои Миршоҳӣ гуфт, ки мехоҳад шоҳиди пешрафти илмии Тоҷикистон шавад.
Вай афзуд: “Дуруст аст, ки мо кишварҳои ҳамфарҳангу ҳамзабон ҳастем, вале, гузашта аз ин, ман ошиқи Тоҷикистон ҳастам. Ва ҳарчанд худам шаҳрванди Фаронса ҳастам, мехоҳам, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаи пизишкӣ ба гунаи замони Абуалӣ Сино бошад.”
Зимнан, оқои Миршоҳӣ якҷо бо Ҳусейн Содиқӣ, пизишки амалиёти қалб аз Донишгоҳи пизишкии Порис ҳамасола дар Маркази амалиёти қалби Тоҷикистон барои чанд нафар ройгон амалиёт мекунанд. Ва соле қабл ба маблағи беш аз як милюн дулор барои ин марказ таҷҳизоти мудерн эъто карда буданд.

Ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар яхчолҳои вижае нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳарораташон то 300 дараҷа пойинтар аз сифр аст
Ба эътиқоди оқои Миршоҳӣ, дар оянда роҳандозии текнулужиҳои таҳияи ҳуҷайраҳо ё селулҳои бунёдӣ метавонад боиси ифтихори миллии мардуми тоҷик бошад. Зеро, ба гуфтаи вай, “ҳоло танҳо ҳудуди сӣ кишвар дар ҷаҳон аз ин текнулужиҳо бархурдоранд. Дар қораи Осиё танҳо кишварҳое мисли Эрон, Чин ва Ҳинд дар ин замина фаъолият доранд.”
Дуктур Миршоҳӣ афзуд: “Мо тавонистем фаъолияти ин озмоишгоҳро бо истифода аз маболиғи хусусӣ роҳандозӣ кунем. Дигар, давлати Тоҷикистонро зарур аст, ки фаъолияти онро сармоягузорӣ кунад, то пажуҳишгарони тоҷик тавонанд дар заминаи таҳқиқи ва истифода аз ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба дастовардҳое ноил шаванд.”
Дуктур Муртазо Хидиров, раиси Маркази пажӯҳишии Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон мегӯяд, ки мақомоти Вазорати беҳдошти ин кишвар аз таъсиси чунин озмоишгоҳро пуштибонӣ карда ва барои соли оянда дар будҷети кишвар сармоягузории фаъолияти он дар назар гирифта шудааст.
Ба эътиқоди оқои Хидиров, дар марҳилаи феълӣ камбуди мутахассисон дар ин замина мушкили аслии фаъолияти озмоишгоҳ аст.

Хидиров: "Мо барои рушди ин арсаи илм аз ҷумлаи ҷавонон пажӯҳишгаронеро тарбият хоҳем кард"
Вай гуфт: “Ҳоло мо се корманд ҳастем ва қарор аст, ки боз шаш нафари дигарро истихдом кунем. Вале дар оянда якҷо бо Донишгоҳи пизишкии Порис ба омӯзиши кодрҳои ҷавон машғул хоҳем шуд, ки тавонанд дар арсаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ пажӯҳишҳое анҷом бидиҳанд. Вале тарси мо аз он аст, ки чунин мутахассисон ба зудӣ Тоҷикистонро тарк мекунанд.”
Пойин будани мизони маош дар Тоҷикиситон далели аслии чунин амр аст. Зеро, ҳоло як пажӯҳишгари ин озмоишгоҳ метавонад ба сурати мутавассит ҳудуди 200 сомонӣ ё 45 дулор ҳуқуқ дошта бошад.
Ин дар ҳолест, ки пажӯҳишгарони арсаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ ҳоло дар ҷаҳон гаронтарин пажуҳишгарон маҳсуб мешаванд, зеро ҳуқуқи муҳаққиқони саршинос дар ин замина моҳиёна садҳо ҳазор дулорро ташкил медиҳанд.
Бо ин вуҷуд, таъсиси озмоишгоҳи истифода ва пажӯҳиши ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар Тоҷикистонро коршиносон яке аз иқдомоти муҳимм дар арсаи илмӣ дар кишвар арзёбӣ мекунанд.
Зеро, гуфта мешавад, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз нахустин кишварест, ки ба пажӯҳиши ин арсаи пизишкӣ машғул мешавад.
© MMIX