
Ҳамоиши “Забонҳои таҳти таҳдид ва таърих” дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд
Сандуқи забонҳои дар маърази хатар дар ҳамкорӣ бо Институти мутолеъоти исмоъилии Лондон, Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Помир дар поёни ҳафтаи гузашта ҳамоишеро бо унвони “Забонҳои таҳти таҳдид ва таърих” дар шаҳри Хоруғ баргузор кард.
Дар ин ҳамоиши серӯза муҳаққиқон аз 24 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Гуфта мешавад ин нахустин ҳамоиш дар Осиёи Миёна аст, ки ба ибтикори ин муассиса доир шудааст.
Николас Остлер, масъули Сандуқи забонҳои дар маърази хатар, гуфт, ки ҳадафи аслии ин ҳамоиш ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба забонҳое, ки теъдоди андаке аз мардум бо онҳо такаллум мекуанд, кумак ба муъаррифӣ, таҳқиқ, ҳифозат ва рушди ин забонҳо ва эҳтиром гузоштан ба фарҳангҳои ақаллиятҳост.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки ин муассиса дар 15 соли гузашта дар манотиқи мухталифи ҷаҳон корҳоеро дар заминаи ҳифзи забонҳои дар маърази хатар анҷом додааст.
Вай гуфт: “Мо барои ҷилавгирӣ аз нобудии забонҳои кӯчак, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва тавоно сохтани ақаллиятҳо ба муъаррифӣ, ҳифз ва рушди забонҳояшон дар саросари ҷаҳон кор мекунем. Албатта, ин кори осоне нест, зеро бисёре аз забонҳо дар тӯли таърих хеле тағйир кардаанд. Бо вуҷуди ин, мо талош мекунем авомилеро таҳқиқ кунем, ки бар забонҳои кӯчак таъсири баде гузоштаанд. Мо барои дастёбӣ ба ин ҳадафҳо дар дигар қитаъоти ҷаҳон корҳое анҷом додем ва ҳоло тасмим гирифтем, ки дар Осиёи Миёна низ тадобиреро анҷом диҳем.”
Гуногунзабонӣ
Оқои Остлер афзуд: “Гуногунӣ хосси табиъати башар аст. Дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон мардум ба забонҳои мухталифе ҳарф мезананд, ки бисёре аз вижагиҳои фарҳанг ва тамаддуни гузаштаро ҳифз кардаанд. Мо мехоҳем бо арҷгузорӣ ба фарҳанги мардум ва бо таваҷҷуҳ ба мавқеъи забонҳо дар ин кишвар, аз ҷумла нақши муҳим ва суннатии забони тоҷикӣ ва таъсири амиқи забони русӣ ба фарҳанги ин мардум дар ҳудуди 100 соли гузашта, ба ақаллиятҳо кумак кунем, то забонҳои худро ҳифз кунанд.”

Остлер: "Мо талош мекунем авомилеро таҳқиқ кунем, ки бар забонҳои кӯчак таъсири баде гузоштаанд"
Ба гуфтаи оқои Остлер, Сандуқи забонҳои дар маърази хатар маболиғи хайрияи лозимро аз аъзо ва тарафдорони худ дар саросари ҷаҳон дастрас карда ва то ҳол барои таҳқиқи забонҳои кӯчак, таҳияи луғатҳо ва дигар умури марбут ба ҳифзи забонҳои дар маърази хатар ҳудуди 40 бурсро дар ихтиёри муҳаққиқон ва масъулони ҳифзи ин гуна забонҳо қарор додааст.
Владимир Иванов, профессор ва устоди Донишгоҳи Ломоносови шаҳри Маскав ва як тан аз ширкаткунандагони кунфронс, мегӯяд онҳо дар гузашта бештар ба омӯзиши забонҳои авастоӣ ва суғдӣ машғул будаанд, вале ҳоло тасмим гирифтаанд, ки забонҳои помириро низ таҳқиқ кунанд.
Ӯ гуфт: “Мо саъй мекунем ҳам забонҳои бузургтареро чун шуғнонӣ, рӯшонӣ ва вахонӣ ва ҳам забонҳои кӯчакеро чун ишкошимӣ таҳқиқ кунем ва барои ҳифозату рушди онҳо корҳое анҷом диҳем. Ман аз ин ба баъд саъй мекунам ҳар сол ин ҷо биёям, то бо зиндагиву фарҳанги ин мардум аз наздик ошно шавам ва дар бораи онҳо бештар биёмӯзам.”
Ба гуфтаи оқои Иванов, барои нахустин бор дар соли 1914 Иван Зарубин, як забоншиноси барҷастаи Русия, бо навиштани як гузориш таваҷҷуҳи олимони ин кишварро ба таҳқиқи забонҳои помирӣ ҷалб кардааст. Гуфта мешавад олимони бархе аз муассисоти забоншиносии Русия, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Сан-Питерзбург ва Институти забоншиносии Маскав низ дар таҳқиқи забонҳои бадахшонӣ саҳми бузурге гузоштаанд.
"Донистани як забон кофӣ нест"
Ширкаткунандагони ҳамоиши “Забонҳои дар маърази хатар ва таърих” бархе аз роҳҳои ҳифз ва эҳёи забонҳоеро, ки теъдоди андаке аз мардум бо онҳо суҳбат мекунанд, баррасӣ карданд. Вики Эйби, як корманди собиқи Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, ки ҳоло бознишаста аст, ба дидани Бадахшон омада ва дар кунфронс ширкат дошт. Вай мегӯяд яке аз роҳҳои ҳифзи забон дӯст доштани мардум, фарҳанг ва таърихи худ аст.

Оқои Иванов мегӯяд дар Донишгоҳи Ломоносов ҳоло тасмим гирифтаанд, ки забонҳои помириро низ таҳқиқ кунанд
Ӯ гуфт: “Барои ман хеле ҷолиб аст, ки дар Бадахшон мардум бо забонҳои гуногун суҳбат мекунанд. Мутаассифона, ман забони тоҷикӣ ва забонҳои маҳаллиро намедонам, вале вақте ки дар ин ҷо бо мардум ба забони русӣ суҳбат мекунам, ҳама ҳарфи маро мефаҳманд. Инсонҳо бояд забонеро, ки бо он дар хона ва хиёбон суҳбат мекунанд, дӯст доранд, эҳтиром кунанд ва бо он адабиёт биёфаранд. Дар баробари ин, бояд забонҳои дигарро низ омӯзанд, то битавонанд бо кулли ҷаҳон гуфтугӯ кунанд.”
Ба эътиқоди Винсент Винтерменс, забоншиноси ҳулландӣ ва як тан аз масъулони Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), донистану гуфтугӯ кардан бо ду-се забон хеле муҳим аст, аммо забони модарии худро ҳарчанд кӯчак ҳам бошад, набояд нодида гирифт ва бояд аз он ҳифозат кард.
Ӯ гуфт: “Бархе аз мардум фикр мекунанд, ки забонашон кӯчак аст ва он чандон муҳим нест. Аммо ҳар забон вижагиҳо, бартариҳо ва зебоиҳои хосси худро дорад. Дар бархе аз манотиқи ҷаҳон, масалан Ҳулланд ё Инглистон, мардум донистани як забонро кофӣ медонанд, аммо дар бархе кишварҳои дигар, масалан дар минтақаи Қафқоз, мардум бо се-чаҳор забон суҳбат мекунанд. Бо яке дар хонавода, бо дигаре дар хиёбон ва бо севумӣ бо аҳли кишвар. Донистани чанд забон инсон ва фарҳангро ғанӣ мегардонад.”
Тадриси забон дар мадорис
Аммо пруфессур Владимир Иванов аз Донишгоҳи Ломоносови шаҳри Маскав роҳандозии тадриси забонҳои маҳаллӣ дар мадорис, таҳияи барномаҳои родиюӣ ва телевизиюнӣ ва нашри матолиб бо ин забонҳоро аз роҳҳои ҳифз ва эҳёи забонҳои кӯчак муъаррифӣ мекунад.

Ба эътиқоди Винсент Винтерменс забони модарии худро набояд нодида гирифт ва бояд аз он ҳифозат кард
Оқои Иванов гуфт: “Ман фикр мекунам, ки бояд дар мадорис як барномаи хос барои бачаҳо бошад. Шояд битавон берун аз барномаи аслӣ дар як ҳафта як ё ду клосро баргузор кард, то онҳо имкон пайдо кунанд ба забони модариашон шеърҳо ва афсонаҳо бихонанд ва бо он беҳтар суҳбат кунанд. Дар телевизиюн низ метавон ҳафтае як соъат ба забонҳои маҳаллӣ барнома таҳия кард ё дар гӯшае аз як сафҳаи рӯзнома матлаберо мунташир сохт.”
Бадахшон устони кӯҳистоние дар шарқи Тоҷикистон аст, ки теъдоди ҷамъияти он андаке бештар аз дувист ҳазор нафар аст. Аммо сокинони ин минтақаи дуруфтода бо забонҳои мухталифе монанди шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, ишкошимӣ, вахӣ, язғуломӣ, қирғизӣ ва шеваҳои дарвозию ванҷӣ ва ғоронии забони форсии тоҷикӣ ҳарф мезананд.
Ба гуфтаи забоншиносони маҳаллӣ, ҳоло се забони помирӣ – язғуломӣ, рошорвӣ ва ринӣ ё ишкошимӣ ҳамроҳ бо забони яғнобӣ ба гурӯҳи забонҳое шомил мешаванд, ки батадриҷ матрук мешаванд ва ё дар маърази хатари нобудӣ қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад ба иллати надоштани хатту алифбо ҳеч кадоме аз забонҳои помирӣ дар мадорис тадрис намешаванд. Ба гуфтаи Сайфиддин Мирзоев, корманди Институти забону адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва як тан аз муҳаққиқони забони яғнобӣ дар Тоҷикистон, ҳоло соъатҳои дарсие ҳам, ки ба тадриси ин забон ихтисос дода шуда буданд, аз барномаи таълимӣ бардошта шудаанд.
Ӯ гуфт: “Мо наметавонем бигӯем, ки забони яғнобӣ аз байн рафтааст. Зеро ҳоло бо он 7-10-ҳазор нафар ҳарф мезананд. Вале забонҳое, ки хат ва расона надоранд ва дар мадраса таълим дода намешаванд, дар маърази хатар қарор доранд."
Оқои Мирзоев афзуд: "Мо дар Институти забону адабиёт барои ҳифзи забони яғнобӣ китобҳои дарсие барои синфҳои 1-4 ва луғатҳои ду-се ва чаҳор-забонаро таҳия ва чоп кардем. Ин забон дар мадорис ҳафтае ду соъат тадрис мешуд. Аммо пас аз он ки бо ҳадафи боло бурдани маъоши муъаллимон соъатҳои дарсӣ кам карда шуданд, ин соъатҳо низ аз барномаи таълимӣ бардошта шуданд. Мо кӯшиш мекунем, ки ин соъатҳо барқарор карда шаванд.”
Асароти ҷаҳонишавӣ
Ба гуфтаи бархе аз забоншиносони маҳаллӣ дар Бадахшон, онҳо дар солҳои 90-и қарни гузашта барои пажӯҳиш ва ҳифзу эҳёи забонҳои помирӣ талошҳое ба харҷ додаанд. Ҳатто нашрияе бо унвони “Фарҳанги Бадахшон” таъсис шуда ва шоъирону нависандагон имкон пайдо карда буданд, ки осори назмӣ ва насрии худро дар он бо забони тоҷикӣ ва забонҳои маҳаллӣ бо хатти сириллик чоп кунанд.

Вале баъдан ба далели мушкилоти молӣ ва дигар сабабҳо фаъолияти он мутаваққиф шудааст. Ҳамчунин, теъдоде аз онҳо алифбои забони шуғниро таҳия кардаанд, ки то ҳол ба нашр нарасидааст.
Муҳаққиқони маҳаллӣ ба изофаи ин авомил раванди сареъи ҷаҳонишавӣ, бетаваҷҷуҳии мардум ба ҳифзи забони худ ва фаромушии бархе аз суннатҳоро низ аз авомили умдаи аз байн рафтани забонҳои кӯчак арзёбӣ мекунанд.
Нисормуҳаммад Шакармуҳаммадов, як тан аз олимони фолклоршинос дар Бадахшон, мегӯяд бисёре аз вожаҳо, ки дар дуъоҳо ва дигар суннатҳо ба гунае шоъирона ва ба маънои маҷозӣ истифода шудаанд, бо фаромӯшии онҳо аз байн рафтаанд.
Ҳамакнун, забоншиносону муҳаққиқони забонҳои помирӣ тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз таваҷҷуҳ ва кумакҳои Сандуқи забонҳои дар маърази хатар ва ҳамкорӣ бо дигар муассисоти масъул бо таҳияи тарҳҳо дар заминаи ҳифозат ва рушди забонҳои кӯчаки маҳаллӣ, корҳоеро анҷом диҳанд.
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.