Музокироти демукротҳо "бенатиҷа анҷом ёфт"

  • 23 Сентябр, 2009
Ҳизби демукроти Тоҷикистон
Image caption Ҳоло дар Тоҷикистон ду гурӯҳ худро Ҳизби демукрот муъаррифӣ мекунанд

Музокироти масъулони ду ҷиноҳи Ҳизби демукроти Тоҷикистон барои баргузории анҷумане муштарак бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Масъулони ин ду ҷиноҳ аз адами тавофуқ дар ин замина хабар медиҳанд ва мегӯянд, ки раванди музокирот ба таъвиқ уфтодааст. Ин дар ҳолест, ки ҳар ду ҷониб аз омодагии худ барои идомаи музокирот изҳори назар мекунанд.

Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демукроти Тоҷикистон, ки аз сӯйи Вазорати адлия ба расмият шинохта шудааст, мегӯяд, ки ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҳизби демукрот, ки соли соли 2005 додгоҳ ӯро барои 23 сол равонаи зиндон кард, “намехоҳанд раёсати ӯро эътироф кунанд.”

Оқои Собиров афзуд, ки дар оғози музокирот қарор буд, ки ҳар ду ҷониб барои баргузории анҷумане муштарак талош кунанд. Вале ба гуфтаи вай: “Дар ин анҷуман ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров бояд ба унвони вакил ширкат кунанд. Аммо онҳо танҳо дар сурате вакил интихоб хоҳанд шуд, ки раёсати ҳизби демукротро эътироф кунанд.”

Вай афзуд, ки бидуни иҷрои ин шарт наметавонад тадорукоти баргузории анҷумани изтирории демукротҳоро оғоз кунад.

Image caption Р. Валиев дар гузашта аз омодагии ҷонибдоронаш ба гузаштҳое дар мавриди ҷиноҳи мухолиф хабар дода буд

Раҳматулло Валиев, ки худро муъовини раҳбари ҳизби демукроти таҳти раҳбарии оқои Искандаров медонад, мегӯяд, ки ҷонибдорони вай "ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд раёсати Масъуд Собировро эътироф кунанд. Зеро, дар ин сурат баргузории анҷумани муштарак низ маънӣ надорад.”

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ки низ аз муъовинони оқои Искандаров маҳсуб мешавад, ба навбаи худ изҳор дошт, ки “тақозои Масъуд Собиров қобили қабул нест.”

Вай афзуд, ки агар талошҳои оқои Собиров барои муттаҳидшавӣ воқеъан ҷиддӣ буданд, “вай ҳадди ақал боре ба ман телефун мекард ва машварат мекард.”

Раҷаби Мирзо, узви раёсати демукротҳо ба раҳбарии Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва раиси бахши ин ҳизб дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки “ин музокирот аз оғоз чандон ҷиддӣ набуд.”

Зимнан, Масъуд Собиров низ бар ин назар аст, ки дар мавриди муттаҳидшавии демукротҳои тоҷик музокироти ҷиддие ҳануз сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи вай, “ин музокирот танҳо аз як сӯҳбати хиёбонӣ иборат буд.”

Раҷаби Мирзо бар ин назар аст, ки ҳеҷ музокирае бидуни гузашт муваффақ нахоҳад шуд. Вай афзуд: “Баргузории анҷумани изтирорӣ низ ба ин маънӣ аст, ки дар заминаи даъвати вакилон ба он аз риъояти бархе аз расмиёти маъмулӣ бояд сарфи назар кард.”

Ҳуқуқдонҳои тоҷик низ бар ин назаранд, ки баргузории анҷумани муштараки ҷиноҳҳои мухталифи як ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон бо таъсиси кумисиюни муштараки тадорукотии ин анҷуман имконпазир аст.

Image caption Ш.Ҳакимов муътақид аст, ки барои баргузории анҷумане муштарак эътирофи раёсати як ҷиноҳ аз сӯйи ҷиноҳи дигари як ҳизб зарурӣ нест

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, ки барои баргузории чунин анҷумане эътирофи раёсати як ҷиноҳ аз сӯйи ҷиноҳи дигар зарурӣ нест. Танҳо тасмими ин анҷуман метавонад ба баҳсҳо дар ин замина хотима бидиҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар авоили моҳи август раҳбарони ин ду ҷиноҳ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ аз оғози музокирот барои баргузории анҷумане муштарак хабар дода буданд.

Ҳар ду ҷониб ҳамчунин аз омодагии худ барои гузаштҳое хабар дода ва таъкид доштанд, ки мавзӯъи интихоби Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба раҳбарии ин ҳизб дар анҷумани оянда мавриди баррасӣ қарор нахоҳад гирифт.

Иншиъоб ё ҷудоӣ дар миёни демукротҳои тоҷик дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2006 ва баъд аз зиндонӣ шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров оғоз шуд. Он замон ҷонибдорони оқои Искандаров ин интихоботро таҳрим карданд.

Иддае аз аъзои ин ҳизб қабл аз он интихобот бо баргузории анҷумане изтирорӣ Масъуд Собировро раҳбари худ интихоб карданд ва Вазорати адлияи Тоҷикистон ин гурӯҳро ба расмият шинохт.

Дар зарфи се соли ахир мухолифатҳо миёни ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Масъуд Собиров чанд дафъа дар додгоҳ низ муҳокима шуд. Дар ниҳоят, додгоҳ ҷонибдорони оқои Искандаровро аз корбурди исми "ҳизби демукрот" ба ҳангоми муъаррифи худ мамнӯъ сохт.

Бо ин вуҷуд, ҳоло ҳам ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва ҳам Масъуд Собиров азсаргирии музокирот барои баргузории анҷумани муштаракеро баъид намедонанд.