Advertisement
Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 09 Июл соли 2009 - 11:28

Ҳафтаномаҳои Душанбе, 9 июл

Ҳафтаномаҳо

Ин ҳафта нашрияҳои гурӯҳи "Чархи гардун" барои нахустин бор ба сурати ранга мунташир шуданд

Женерол Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири кишвари Тоҷикистон, дар мусоҳибае бо Осиё-Плас, нашрияи русизабони чопи Душанбе, гуфтааст, ки танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз сад тан аз кормандони пулис аз симатҳои худ барканор шудаанд.

Ҳамзамон 50-60 тан аз кормандони ҳирфаии пулис, ки дар солҳои гузашта ба далоили мухталиф фаъолияти худ дар суфуфи пулисро мутаваққиф карда буданд, дубора ба ин ниҳод истихдом шудаанд.

Женерол Қаҳҳоров афзудааст, ки “хатти сиёҳ” дар фаъолияти пулиси Тоҷикистон аз оғози даҳаи 1990-и мелодӣ, замоне ки кодрҳои ҳирфаӣ суфуфи онро тарк карданд, оғоз шуда ва то ҳол идома дорад.

Осиё-Плас ҳамчунин хабар додааст, ки Ш. Шодиев, қозии додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душабе, ба Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон аз вуҷуди ихтилоф дар қонуни хонаводаи ин кишвар шикоят бурдааст.

Тибқи муфодди ин қонун, агар зан ҳомила бошад ва ё тифли вай ҳануз ба синни 1,5-солагӣ нарасида бошад, шавҳараш наметавонад тақозои талоқ дар додгоҳ кунад.

Ин дар ҳолест ки дар сурати муроҷеъаи зан ба додгоҳ дар бораи талоқ чунин маҳдудияте вуҷуд надорад. Ш. Шодиев ин муқарраротро мухолиф бо муқаррароти баробарҳуқуқии зану мард дар Тоҷикистон хондааст.

Вале Додгоҳи Қонуни Асосӣ эълом кардааст, ки дар ин банди қонун таноқузе вуҷуд надорад, зеро кӯдаки навзод ва модари вай таҳти муроқибати вижаи давлат қарор доранд ва талоқи миёни зану шавҳар дар ин вазъият метавонад бар вазъи саломатии кӯдак таъсири баде гузорад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви порлумон, дар матлабе дар нашрияи Нигоҳ навиштааст, ки "бо низоми диктотурӣ намешавад, вазъи иҷтимоъии мардумро беҳ кард."

Агар зан ҳомила бошад ва ё тифли вай ҳануз ба синни 1,5-солагӣ нарасида бошад, шавҳараш наметавонад дар додгоҳ тақозои талоқ кунад

Қонун дар бораи хонавода

Вай афзудааст, ки кишварҳои Осиёи Миёна роҳеро пеш гирифтаанд, ки "на як роҳи тоталитарӣ, ки мардум бо эътимод ба ҳукумат такя кунад, на давлатҳои демократие ҳастанд, ки мардум мустақиллона ба хотири некӯаҳволии худ кор кунанд. Дар чунин вазъе сатҳи зиндагии мардум боло намеравад."

Ин ҳафтанома аз қавли Мираҳмади Амиршо, як адиби тоҷик, дар робита бо баргузори анҷумани ахири Иттиҳодияи нависандагони ин кишвар навиштааст, ки Тоҷикистон ба таъсиси як созмони ҷадиди адибон ниёз дорад.

Ба эътиқоди вай, ҳоло “на танҳо аъзои ин иттиҳод, балки рӯҳияи ин созмон пир шудааст. Аз ин рӯ, таъсиси созмони нави нависандагони ҷавон дар шароити кунунӣ шарту зарурист.”

Нашрияи Тоҷикистон навиштааст, ки 30 июни соли ҷорӣ замони қонунӣ сохтани амвол дар ин кишвар анҷом ёфтааст. Ҳамакнун, моликияти афроде, ки то ин замон ба расмият дароварда нашудааст, ғайриқонунӣ арзёбӣ мешавад.

Қонуни Тоҷикистон дар бораи қонунӣ сохтани амвол соли 2007 ба тасвиб расид ва мӯҳлати охирири иҷрои он поёни моҳи июни соли гузашта муқаррар шуда буд. Вале раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармоне ин замонро то охири моҳи июни соли ҷорӣ тамдид кард.

Ҳамакнун эълом шудааст, ки дигар ин мӯҳлат тамдид нахоҳад шуд. Дар маҷмуъ, то ҳол танҳо ҳудуди шаст ҳазор сокини Тоҷикистон амволи худро қонунӣ сохтаанд.

Озодагон, нашрияи мустақил, навиштааст, ки гурӯҳе аз афғонҳое, ки тибқи ҳукмҳои додгоҳӣ дар зиндони шаҳри Душанбе ба сар мебаранд, шикоят кардаанд, ки сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба номаҳои мукаррари онҳо барои мусоъидат ба истирдодашон ба ватан посух надодааст.

Бо низоми диктотурӣ намешавад вазъи иҷтимоъии мардумро беҳтар кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ

Ҳамчунин, ба навиштаи ин зиндониён, масъулони сафорати Афғонистон ба шароити зиндагии онҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳе надоранд.

Саидмуҳаммади Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ба навбаи худ ин иддаъои ҳамватанони худро такзиб карда ва гуфтааст, ки ҳоло дар кишвараш тадорукоти интихоботӣ идома дорад ва барои истирдоди зиндониёни афғон ба зиндонҳои Афғонистон шароити муносибе вуҷуд надорад.

Ин ҳафтанома ҳамчунин хабар дода, ки маъмурони пулис дар фурӯдгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав женерол Мирзохӯҷа Низомов, раиси собиқи Идораи гумруки Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони мухолифини пешини давлатро ахиран барои як шабонарӯз боздошт ва сипас аз Русия ихроҷ кардаанд.

Ба гуфтаи оқои Низомов, маъмурони пулиси ин фурӯдгоҳ ба вай гуфтаанд, ки “дигар дарвозаҳои Русия барояш баста аст” ва ҳеҷ далоили дигаре барои манъи вурудаш ба қаламрави Русия пеш наовардаанд.

Мирзохӯҷа Низомов афзудааст, ки дар гузашта ҳамасола се-чаҳор маротиба ба Русия сафар мекард ва ҳеҷ гоҳ бо мушкили манъи вуруд мувоҷеҳ набудааст. Ин даъфа оқои Низомов барои мудовои духтараш дар бемористони Маскав қасди сафари Русия доштааст.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.