Advertisement
Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 09 Июл соли 2009 - 09:49

Ахбори мутаноқиз аз вазъияти Тавилдара

Тавилдара

Дар замони ҷанги дохилӣ мухолифони исломии давлати Тоҷикистон дар Тавилдара нуфузи зиёде доштаанд

Гузоришҳои зидду нақизе аз як даргирӣ миёни нерӯҳои пулис ва гурӯҳе номаълум дар ноҳияи Тавилдара, дар шарқи Тоҷикистон, мухобара шуда, вале мақомот аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Хабаргузории маҳалли Осиё-Плас субҳи рӯзи панҷшанбеи 9 июл аз вуқӯъи як даргирӣ миёни нерӯҳои пулис ва як гурӯҳи мусаллаҳи ношинохта дар посгоҳи Сафедхоки ноҳияи Тавилдара хабар дод.

Ин хабаргузорӣ аз қавли як шоҳиди айнӣ овардааст, ки гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ талош кардаанд бо панҷ худрав аз ин посгоҳ ба самти маркази ноҳияи Тавилдара ҳаракат кунанд, вале бо муқовимати нерӯҳои пулис рӯбарӯ шуда ва аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд.

Ин шоҳиди айнӣ гуфтааст, ки бархе аз афроди муҳоҷим захмӣ шудаанд. Бархе аз сокинони маҳаллӣ низ гуфтаанд, ки дар ин минтақа садои тирпарониро шунидаанд. Посгоҳи Сафедхок, дар назди пуле воқеъ будааст, ки маркази ноҳияи Тавилдараро бо роҳи Душанбе-Хоруғ муттасил мекунад.

Зимнан, як манбаъи пулиси маҳаллӣ дар тамосе телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳамла шоми рӯзи чаҳоршанбе байни соъатҳои 6 ва 7 сурат гирифт. Аммо вай дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса хабар надод.

Хабаргузории РИА Новости аз қавли Фарҳодбек Шодмонбеков, муъовини вазири дохила, овардааст, ки тирпаронӣ дар посгоҳи Сафедхок дар ҷараёни як амалиёт барои боздошти гурӯҳе аз қочоқчиёни маводди мухаддир сурат гирифтааст.

Аммо вай нагуфта, ки чи теъдод аз қочоқчиён дар ин амалиёт боздошт шуда ва оё маводде ҳам аз онон кашф ва мусодира шудааст ё хайр. Ба гуфтаи манобеъи вазорати кишвари Тоҷикистон, худи оқои Шодмонбеков дар ноҳияи Тавилдара қарор дорад.

Эъзоми нерӯҳои изофӣ

Дар ҳамин ҳол, як мақоми пулис, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки шоми рӯзи чаҳоршанбе теъдоде нерӯҳои изофӣ ба ноҳияи Тавилдара эъзом шуданд. Вале ангезаҳои ин иқдом ва ҷузъиёти амалиёти ин нерӯҳо маълум нест.

Як афсари вазорати кишвар, ки худро сарвон (капитан) Музаффар Сангов муъаррифӣ кард, иттилоъ дод, ки эъзоми нерӯҳо ба Тавилдара ба хотири иваз кардани нерӯҳои дигаре сурат гирифта, ки пештар фиристода шуда буданд. Ба гуфтаи масъулони вазорати кишвар, "ивазкунии нерӯҳо" дар ин минтақа ба таври муназзам, ҳар панҷ-даҳ рӯз, сурат мегирад.

Ҳафтаи гузашта вазорати кишвар аз бозгашти нерӯҳое хабар дода буд, ки пештар ба ин минтақа эъзом шуда буданд. Он замон Маҳмудулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат, гуфта буд теъдоди нерӯҳое, ки дар шарқи Тоҷикистон боқӣ мондаанд, барои таъмини амният дар ин минтақа кофӣ аст.

Аз сӯйи дигар, манобеъи маҳаллӣ дар устони Бадахшон мегӯянд, ки маъмурони пулис роҳи Хоруғ-Душанберо, ки аз тариқи Тавилдара мегузарад, бастаанд ва ронандагони зиёде мунтазири боз шудани ин роҳ дар ноҳияи Дарвоз ҳастанд.

Як масъули шуъбаи умури дохилии ноҳияи Дарвоз, ки худро Дарвеш Ҳикматов муъаррифӣ кард, ин хабарро таъйид намуд, аммо гуфт, ки роҳи Дарвоз-Тавилдара ба далели харобии як пул дар асари ҷорӣ шудани селоб ба таври муваққат баста шудааст.

Ба гуфтаи вай, шаби гузашта дар мавзеъи Дашти Шер, дар наздикии қалъаи Ҳусейни ноҳияи Дарвоз селоб як пули иртиботиро хароб кардааст. Вале манобеъи умури изтирорӣ гуфтанд, ки дар бораи ҷорӣ шудани селоб дар навоҳии Дарвоз ва Тавилдара иттилоъ надоранд.

Нигарониҳои амниятӣ

Вазъи амниятӣ дар ноҳияи Тавилдара, ки як минтақаи кӯҳистонист, тайи як моҳи ахир мавзӯъи баҳсу гуфтгӯҳои умумӣ ва гузоришҳои расонаӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он будааст.

Ҳарчанд хабарҳое аз вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба Мулло Абдулло, аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолифони пешин, ба ин минтақа мунташир шуд, вале мақомоти интизомии Тоҷикистон ин хабарҳоро ҳамвора такзиб кардаанд.

Мақомот эълом карданд, ки дар минтақаи Рашт амалиёти зидди маводди мухаддири "Кукнор-2009" идома дорад. Ҳарчанд бархе манобеъи расмӣ, ки аз худ ном набурданд, гуфтанд, ки нерӯҳои давлатӣ ба ҷустуҷӯйи гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ машғуланд.

Ду рӯз пеш як сокини Бадахшон, ки дар масири Душанбе-Хоруғ аз тариқи Тавилдара сафар дошт, гуфт, ки дар мароҳиле аз ин роҳ посгоҳҳои мутаъаддиде бо ҳузури низомиён фаъол буд.

Ахиран бархе аз расонаҳои хориҷӣ аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои муртабит бо Толибон ба Осиёи Миёна дар пайи ташдиди амалиёти нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон ва задухӯрдҳои ахири нерӯҳои давлатии Покистон бо Толибон дар дараи Свот гузориш кардаанд.

Пештар аз як инфиҷор дар ҳаволии шаҳри Андиҷони Ӯзбакистон ва ду даргирии нерӯҳои пулис бо гурӯҳҳои вобаста ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон (ё Туркистон) дар вилоёти Уш ва Ҷалолободи Қирғизистон гузориш шуда буд.

Баъзе аз таҳлилгарон бо ишора ба мунозеъоти чанд рӯзи ахир дар минтақаи Шинҷони Чин мегӯянд, ки эҳтимоли убури гурӯҳҳои исломгарои уйғур аз Афғонистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ чандон баъид нест.

Минтақаи Тавилдара дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 маҳалли нуфузи нерӯҳои вобаста ба иттиҳоди мухолифини исломии давлат буд.

Тибқи гузоришҳо, дар он замон пойгоҳҳои омӯзишии Ҷунбиши Исломии Узбакистон, ки Омрико онро дар феҳристи созмонҳои теруристӣ шомил кардааст, дар ин минтақа фаъол будааст.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.