Advertisement
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 08 Июл соли 2009 - 08:18

"Зиндонии тоҷик аз бозгашт ба ватан бим дорад"

Гуонтоному

Бар асоси тасмими Борок Убомо ба таътили зиндони Гуонтоному бисёре аз хориҷиён то охири имсол ба кишварҳояшон мустарад мешаванд

Умар Абдуллоев, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндони Гуонтоному ба сар мебарад, аз мақомҳои додгустарии Омрико хостааст, ки ӯро ба кишвараш мустарад накунанд.

Нашрияи "Маями Ҳеролд" рӯзи чаҳоршанбеи 7 июл дар гузорише аз қавли вакили мудофеъи оқои Абдуллоев овардааст, ки вай аз бозгашт ба Тоҷикистон башиддат бим дорад.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар нахустин рӯзҳои ба қудраст расиданаш дастури таътил кардани зиндони Гуонтономуро дод ва бар асоси ин тарҳ атбоъи бисёре аз кишварҳо, ки дар ин зиндон ба сар мебаранд, бояд то авохири имсол ба кишварҳояшон таҳвил дода шаванд.

Вале Умар Абдуллоев, ки тибқи гузоришҳо охирин зиндонии тоҷик дар Гуонтоному будааст, нисбат ба тасмими ҳайъати мунсифа ба истирдоди вай ба Тоҷикистон эътироз кардааст. Номи вай дар феҳристи Пентогун дар бораи боздоштиёни Гуонтоному сабт шудааст.

Ҳарчанд тасмим дар мавриди бозгардондани оқои Абдуллоев ба Тоҷикистон зоҳиран иттихоз шудааст, вале манобеъи сафорати Омрико дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин бора ҳануз иттилоъе дар даст надоранд. Манобеъи вазоратҳои хориҷа, амният ва кишвари Тоҷикистон низ аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд.

Бими бозгашт ба ватан

Ба гуфтаи вакили мудофеъи Умар Абдуллоев, вай дар синни 13-солагӣ дар замони ҷанги дохилӣ Тоҷикистонро тарк карда буд ва пас аз ҳамалоти 11 сентябр дар Покистон боздошт шуд.

Матю Ҷ. Уҳоро, вакили мудофеъи оқои Умаров, ба нашрияи "Маями Ҳеролд" гуфтааст: "Вай (Абдуллоев) ба мо гуфт, ки тарҷеҳ медиҳад ҳафт соли дигар дар Гуонтоному бимонад ва ба Тоҷикистон барнагардад."

Ин ҳуқуқдони омрикоӣ, ки муътақид аст муваккили ӯ дар пайи ҳамалоти 11 сентябр дар Ню-Йурк ва ҷанг алайҳи терурисм дар Афғонистон, ишитибоҳан боздошт шудааст, акнун талош дорад, ки аз истирдоди вай ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад.

Вай (Абдуллоев) ба мо гуфт, ки тарҷеҳ медиҳад ҳафт соли дигар дар Гуонтоному бимонад ва ба Тоҷикистон барнагардад

Матю Ҷ. Уҳоро, вакили мудофеъи Умар Абдуллоев

Ба гуфтаи оқои Уҳоро, дар асноди додгоҳии Умар Абдуллоев ин иддаъо матраҳ аст, ки ҳангоми боздошти вай тавассути нерӯҳои омрикоӣ маъмурони амниятии Тоҷикистон бо ӯ мулоқоте анҷом додаанд.

Тибқи ин аснод, маъмурони амниятии Тоҷикистон аз оқои Абдуллоев хостаанд, ки дар ивази озодӣ ба хидмати онҳо дарояд ва дар миёни гурӯҳҳои тундрави исломӣ ба маъмурон пайваста иттилоъ диҳад, вале ӯ ин пешниҳодро рад карда ва маъмурон ӯро таҳдиди муҷозот кардаанд.

Зимнан, таъйиди ин мавзӯъ, ки маъмурони амниятии Тоҷикистон бо оқои Абдуллоев дар замони боздошташ дарвоқеъ мулоқот кардаанд ё хайр, душвор аст. Пентогун дар ин маврид ҳамвора сукут карда ва мақомҳои амниятии Тоҷикистон низ аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Вале Маркази Ню-Йурк барои ҳуқуқи конститутсионӣ, як созмони мудофеъи ҳуқуқи башар, гуфтааст, ки бархе аз шаҳрвандони Чин, Тоҷикистон, Тунис, Урдун ва Либиё дар Гуонтоному иддаъо кардаанд, ки бо маъмурони амниятии кишварашон пас аз боздошт дидор доштаанд.

Нигаронӣ аз шиканҷа

Ҳамакнун ҳайъате аз мақомоти қазоӣ таҳти раҳбарии Вазорати додгустарии Омрико дастури озодӣ ва истирдоди вай ба Тоҷикистонро содир кардааст, вале ба назар мерасад, ки оқои Абдуллоев аз эҳтимоли шиканҷа шудан тавассути нерӯҳои амниятии Тоҷикистон башиддат нигарон аст.

Бар асоси мавозини байналмилалӣ, дар сурате ки таҳдиди шиканҷа ҷиддӣ бошад, давлатҳо бояд аз истирдоди зиндониён ба кишвари дигар худдорӣ кунанд. Манобеъи давлати Омрико мегӯянд, дар чунин шароите маъмулан атбоъи хориҷиро ба кишварашон мустарад намекунанд.

Убомо

Оқои Убомо дар дувумин рӯзи вурудаш ба Кохи Сафед эълом кард, ки боздоштгоҳи Гуонтономуро таътил мекунад

Дархости Умар Абдуллоев барои радди истирдодаш ба Тоҷикистон ва нигарониҳои ӯ дар мавриди имкони муҷозоташ аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ дар ҳолест, ки созмонҳо ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз вазъи ҳуқуқи башар дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳамвора ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Паём Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Душанбе, муҳиммтарин нигаронӣ ин аст, ки ҳеч созмони мустақилле ба зиндонҳои Тоҷикистон дастрасӣ надорад ва ҳарчанд мавориди шиканҷа дар ин муассисот вуҷуд дорад, вале абъод ва андозаи он рӯшан нест.

Тоҷикистон то кунун қарордод ва прутукули ихтиёрии зидди шиканҷаро имзо накардааст. Ин аснод иҷоза медиҳад, ки ин кишвар бо СММ мувофиқатномае имзо кунад ва пас аз он Салиби Сурх имкон хоҳад ёфт аз зиндонҳои ин кишвар ба таври ногаҳонӣ боздид кунад.

Оқои Фурӯғӣ дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Агар як шахс зиндонӣ ё мазнуни амниятӣ бошад, ҳатман бо мушкилоте мувоҷеҳ хоҳад шуд. То он ҷое, ки мо медонем, яке аз ин мушкилот ин аст, ки афрод то мавқеъе, ки аз ӯ эътироф бигиранд, ба вакили мудофеъ дастрасӣ надорад. Ва агар вакили мудофеъ бидиҳанд, боз ҳам он шахс бо вакил ва пайвандонаш иртиботи якбаяк надорад."

Маҳкумияти боздоштиёни собиқ

Ба гуфтаи ин масъули Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Душанбе, дар гузашта пайвандони ду тан аз боздоштиёни Гуонтоному, ки баъд аз истирдод ба Тоҷикистон зиндонӣ шуданд, аз вазъи пайвандони зиндонии худ ба ин созмон муроҷеъа бурдаанд.

Агар як шахс зиндонӣ ё мазнуни амниятӣ бошад, ҳатман бо мушкилоте мувоҷеҳ хоҳад шуд. То он ҷое, ки мо медонем, яке аз ин мушкилот ин аст, ки афрод то мавқеъе, ки аз ӯ эътироф бигиранд, ба вакили мудофеъ дастрасӣ надорад.

Паём Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари САҲУ дар Тоҷикистон

Оқои Фурӯғӣ гуфт: "Аз он се нафаре, ки дар зиндон ҳастанд, ақвоми ду нафарашон бо мо суҳбат карданд, ба дафтари мо омаданд, номаи модаронашон низ дар яке аз рӯзномаҳо чоп шуд. Онҳо низ аз масоили ҳуқуқии қабл аз муҳокима дар додгоҳ ва шароити зиндонҳо шиква мекарданд."

Дар моҳи феврали соли 2007 се табаъаи тоҷик, ки тайи чанд сол дар боздоштгоҳи Гуонтоному ба сар мебурданд, озод ва ба Тоҷикистон мустарад шуданд.

Дар моҳи августи ҳамон сол Додгоҳи Олии Тоҷикистон Муқит Воҳидов ва Рухниддин Шароповро ба ҷурми убури ғайримуҷоз аз марз ва мушорикат дар набардҳо ба унвони зархарид дар Афғонистон барои 17 сол равонаи зиндон кард.

Дар моҳи марти соли 2007 додгоҳе дар вилояти Хатлон, Иброҳим Насриддинов, як боздоштии дигари Гуонтономуро, ки ба Тоҷикистон мустарад шуда буд, бароои 23 сол ба зиндон маҳкум кард. Аз сарнавишти бақияи боздоштиёни собиқи Гуонтоному, ки дар байни солҳои 2004 то 2007 ба Тоҷикистон мустарад шуданд, иттилоъи зиёде дар даст нест.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.