Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 07 Июл соли 2009 - 14:41

Барномае тоза барои корхонаҳои нассоҷӣ

Корхонаи хайётӣ

Хайётзанони корхонаи "Суман" мегӯянд, ки таҷҳизоти корхонаи онҳо куҳна ва фарсуда шудааст

Маркази Байналмилалии Тиҷорат, як ниҳоди байналмилалӣ, барномаи тозаеро барои навсозии таҷҳизоти корхонаҳои нассоҷӣ ва хайётӣ дар Тоҷикистон оғоз кардааст, ки маблағи як милюну 800 ҳазор дулор ҳазина дорад.

Ин барнома дар чорчӯби Барномаи рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат аз сӯйи дабирхонаи давлатии Суис дар умури иқтисодӣ сармоягузорӣ шуда ва қарор аст дар даҳ корхонаи нассоҷӣ ва хайётии Тоҷикистон роҳандозӣ шавад.

Марҳилаи севуми Барномаи рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 7 июл дар Душанбе дар як маросим бо ширкати намояндагони Маркази Байналмилалии Тиҷорат ва масъулони вазоратҳои тиҷорат ва рушди иқтисодӣ, энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон муъаррифӣ шуд.

Рупа Гангулӣ, мушовири бахши нассоҷӣ ва либоси Маркази Байналмилалии Тиҷорат, мегӯяд, ки ҳадафи аслӣ аз роҳандозии ин барнома беҳбуд бахшидан ба вазъи корхонаҳои нассоҷӣ ва хайётӣ дар Тоҷикистон аст.

Рупа Гангулӣ

Хонум Гангулӣ гуфт ҳадаф аз роҳандозии тарҳи ҷадид нигаҳдории ҷойи кори доимӣ барои кормандони корхонаҳост

Хонум Гангулӣ афзуд: “Мо бояд коре кунем, ки кормандони корхонаҳои нассоҷӣ ва хайётӣ аз ҷойи кори доимии худ маҳрум намонанд. Аз ин рӯ, бо таҳқиқоти вазъи даҳ корхона дар мантотиқи мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла дар Суғд, Хатлон ва Душанбе, натиҷагирӣ хоҳем кард, ки кадоме аз ин корхонаҳо ба кадом навъи таҷҳизот ниёзи бештаре доранд.”

Яке аз корхонаҳо, ки барномаи ҷадиди Маркази Байналмилалии Тиҷорат дар он ба иҷро хоҳад даромад, корхонаи саҳҳомии “Суман” аст.

Таҷҳизоти куҳна ва фарсуда

Ин корхона дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ аст ва яке аз корхонаҳои куҳантарини хайётии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Корхонаи “Суман” дар даврони Шӯравӣ фаъол буд ва ҳудуди 500 нафар аз кормандон дар он фаъолият доштанд.

Аммо масъулони ин корхона мегӯянд дар ҳоли ҳозир дар ин корхона ҳафтод корманд фаъолият мекунад.

Мавлуда Қудусова

Хонум Қудусова мегӯяд дастгоҳи хайётияш дар синну сол аз худаш бузургтар будааст

Мавлуда Қудусова, яке аз кормадони ин корхона, мегӯяд: “Ман як хайёти собиқадори ин корхона ҳастам, аммо дастгоҳи хайётиям аз худам ҳам бузургтар аст. Ҳангоме ки ман ҳудуди 30 сол пеш фаъолиятамро дар ин корхона оғоз кардам, ин дастгоҳи дӯзандагӣ ба ман аз корманде, ки бознишаста шуд, ба мерос монд. Агар таҷҳизоти ҷадид ба корхонаи мо ворид шавад, фаъолиятамон ва колои тавлидотии корхона низ бамаротиб беҳтар хоҳад шуд.”

Меҳриниссо Худоёрова, яке дигар аз хайётзанони корхонаи “Суман”, мегӯяд, ки бинои корхона низ кӯҳна ва фарсуда шудаст ва онҳо дар фасли сармо ва тобистон бо мушкилоти фаровоне кор мекунанд.

Заъфи мудирият

Саидмуъмин Камолов, ҳамоҳангсози барномаи ҷадиди рушди тиҷорат ва соҳибкории Маркази Байналмилалии Тиҷорат мегӯяд, ки марҳилаи дувуми ин барнома, ки барои рушди корхонаҳои коркарди мева ва сабзиҷот равона шуда буд, муваффақ анҷом шуд.

Вай аз ду корхонаи коркарди мева дар Тоҷикистон, ки дар ҷараёни иҷрои ин барнома тавонистаанд кайфияти маҳсулоти тавлидии хешро беҳбуд бахшанд ва кайфияти онро бо истондордҳои байнаналмилалӣ баробар кунанд, ёдовар шуд.

Сайидмуъмин Камолов

Оқои Камолов мегӯяд яке аз мушкилоти аксари корхонаҳо дар Тоҷикистон заъфи мудирияти онҳост

Оқои Камолов яке аз мушкилоти аслии корхонаҳои мухталиф дар Тоҷикистонро заъфи мудирияти онҳо хонд.

Вай гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба ин, мо тасмим гирифтем, ки дар ҷараёни роҳандозии барномаи ҷадид баргузории давраҳои мухталифи омӯзишӣ барои раҳбарони корхонаҳоро низ дар назар бигирем.”

Ба гуфтаи оқои Камолов, роҳандозии муваффақи барномаҳои ахири Маркази Байналмилалии Тиҷорат метавонад барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ва фаъол шудани корхонаҳои бузурги ин кишвар низ кумаки назаррасе кунад.

Аммо ба гуфтаи бархе аз коршиносони иқтисодӣ дар Тоҷикистон, сиёсати номуносиб дар заминаи хусусисозии корхонаҳо дар авоили солҳои 1990 ва бемасъулиятии раҳбарони бархе аз корхонаҳо мунҷар ба ин шуда буд, ки бештари корхонаҳо қисман ва ё куллан аз фаъолият бозмонанд.

Ин коршиносон меафзояяд, ки ҳамакунун барои фаъол кардани корхонаҳо ниёз ба сармояи ҳангуфте вуҷуд дорад, ки давлати Тоҷикистон дар вазъи феълӣ дар ихтиёр надоштааст.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.