Ба рӯз шуда:  Душанбе, 06 Июл соли 2009 - 14:54

Бӯсаи ошиқона ё “тамрини бӯса бо себ”

Бӯсаи ҷавонони ошиқ

Бештари ҷавонон дар Тоҷикистон мегӯянд дар шаби арӯсӣ нахустин бор бӯсаи ошиқона кардаанд

Бештари ҷавонписарон ва ҷавондухтарон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки нахустин бор баъд аз маросими арӯсӣ бӯсаи ошиқона кардаанд, аммо ба гуфтаи ҷавононе, ки худро мудерн медонанд, онҳо бӯсаи нахустини хешро дар аввалин рӯзҳои мулоқот бо дӯстдоронашон ситондаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи бархе аз сокинон дар Тоҷикистон, онҳо дар зиндагии рӯзмарраи худ бештар шоҳиди бӯсаҳои ба истилоҳ "сиёсӣ" ва ё саҳнаҳое аз бӯсидани ошиқона дар филмҳо будаанд, аммо дар хиёбонҳо ва поркҳои Душанбе ин иттифоқ камтар уфтода, ки ҷавонон ҳамдигарро бибӯсанд.

Бархе аз афроди солманд мегӯянд, ки то ҳол бӯсиданҳои Леонид Брежнев, раҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1970-80 бо меҳмононро, ки дар телевизиюн зиёд намоиш дода мешуд, ба ёд доранд.

Дар ҳар сурат, ба гуфтаи пажӯҳишгарон, бӯса анвоъи мухталифе дошта ва дар фарҳангҳои мухталиф маъонии мухталиферо мерасонад. Дар баъзе аз фарҳангҳо бӯса сонсур аст, дар дигарӣ озодтар ва дар севумӣ мардум ба бӯса, чи аз нигоҳи шаҳвонӣ, чи ошиқона, чи ба маънии эҳтиром ва дӯст доштани наздикон, аҳаммияти зиёде қоил набудаанд.

Бӯсаҳои ошиқона

Дар Тоҷикистон шумо шоҳиди саҳнаҳои андаке аз бӯсидани ёрон дар хиёбонҳо ва поркҳо мешавед, дар ҳоле ки чунин иттифоқе дар кишварҳои урупоӣ як амри маъмул аст. Бо дарназардошти нуфузи фарҳанги суннатӣ аксари мардум дар Тоҷикистон бӯсидан дар малои умумӣ, бавижа миёни ҷавононеро, ки никоҳ надоранд ва "номаҳрам" маҳсуб мешаванд, хуш намепазиранд.

Вале саҳнаҳои бӯсидани дӯстонаи як ҷавонписар бо ҷавонписари дигар ва ё духтарон бо духтарони дигарро ва ҳатто занони бузургсол бо ҳамдигарро, бавижа дар меҳмониҳо, инҷо зиёд метавон дид.

Ба гуфтаи як ҷавон аз Душанбе, агар вай хоҳиши бӯсидани ёрашро дар хиёбони шаҳр дошта бошад, вай бояд ин бӯсаро "дар ҷойе бистонад, ки касе набинад." Зеро ба ақидаи вай, аз нигоҳи аксари мардум "бӯсидани ошиқон бояд маҳрамона бошад."

Вай мегӯяд: “Агар дар хиёбон касе шоҳиди бӯсидани ман ва дӯстдорам шавад, ҳатман маро мазаммат ва сарзаниш мекунад, Намедонам барои чӣ? Магар бӯсидан айб аст?”

Ин ҷавон мегӯяд, ки аз кӯдакӣ вайро чунин тарбият кардаанд.

Як сокини дигар, ки тақрибан 30 сол дорад ва зоҳиран мазҳабӣ ба назар менамуд, мегӯяд, ки бӯсидан дар маърази чашми дигарон шармандагист.

Вай афзуд: “Ман дар 21-солагӣ арӯсӣ кардам ва то он замон ҳеҷ духтареро набӯсида будам. Дар кишвари мо қабл аз арӯсӣ бӯсидани номаҳрам айб аст. Аз рӯйи шариъат танҳо баъд аз никоҳи мусалмонӣ фарди мусалмон метавонад ҳамсари худро бӯсад. Ин бӯса ҳам дар ҷойи дур аз чашми мардум бояд сурат бигирад.”

Рашид аз ҷумлаи андак афродест, ки мегӯяд қабл аз арӯсӣ дӯстдухтари худро, ки ҳоло ҳамсараш аст, борҳо бӯсидааст. Вай ҷонибдори он аст, ки ҷавонон қабл аз арӯсӣ бо дӯстдухтаронашон мулоқот анҷом диҳанд, ҳамдигарро бибӯсанд ва аз наздик бо ҳам ошно шаванд.

Рашид мегӯяд: “Яке аз дӯстони ман солҳои тӯлонӣ дар Русия мардикорӣ мекард ва сипас сармоя ҷамъоварӣ карду бо духтаре, ки аслан намешинохт, арӯсӣ кард. Вале баъд аз чанд моҳ онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Зеро духтар дӯстписари дигаре дошт ва волидон ӯро иҷборан ба ин арӯсӣ водор карда буданд.”

Тамрини бӯса "бо себ"

Юля Богдановичус, овозхони ҷавон, мӯътақид аст, ки бӯсаҳои ошиқона одамро ҳатто аз маризиҳо шифо мебахшанд. Вай бо изҳори таассуф мегӯяд, ки фарҳанги бӯсидан дар миёни ҷавонон дар Тоҷикистон зиёд маъмул набудааст.

Юля

Юля мегӯяд ҷавоне гуфта буд, ки қабл аз арӯсӣ таҷрубаи бӯсиданро бо себ тамрин кардааст

Юля-бону афзуд: “Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки бештари ҷавонон, бавижа дар манотиқи рустоӣ, нахустин бӯсаро танҳо баъд аз маросими арӯсӣ аз ёронашон меситонанд. Ҳатто як ҷавон ба ман гуфта буд, ки қабл аз арӯсӣ таҷрубаи бӯсиданро бо себ ва помидор тамрин кардааст.”

Искандар, шавҳари Юля, дар тақвияти суханони ҳамсараш гуфт, ки баъд аз бӯсаи нахустин бо Юля ба вай бештар ошиқ шудааст.

Вай баъд аз ин суханон ҳамсарашро бӯсиду гуфт: “ Яке аз дӯстони ман, ки аз Олмон меҳмони Тоҷикистон шуд, ҳангоме ки дар хиёбон дид ду мард ҳамдигарро ба оғӯш кашиданду бӯсиданд, ба ҳайрат омад ва аз ман пурсид, ки чаро дар Тоҷикистон бештар мард мардро ва занҳо занҳоро бӯса мекунанд? Вале бӯсидани ҷавонони ошиқ зиёд ба назар намерасад?”

Ва Искандар гуфт, ки бояд ба ҷавонони имрӯз бӯсиданро ёд дод.

Бӯсаҳои "сиёсӣ"

Бархе аз бӯсаҳо аз қадимулайём бӯсаҳои ба истилоҳ "сиёсӣ" будаанд. Масалан пойбӯсӣ дар мавориде агар барои эҳтироми падару модар сурат мегирифт, дар бисёре мавориди дигар мардум водор мешуданд, ки дар дарбор дар баробари шоҳону ҳокимон худро ба замин андозанд ва ба нишони таъзим ва такрими онон заминро бибӯсанд.

Аммо дар замони имрӯз ин навъи бӯсаҳои ба истилоҳ "феудолӣ" аз миён рафтааст. Бӯсаҳои "сиёсӣ"-и имрӯз бештар дар миёни раҳбарони кишварҳои "ба ҳам дӯст ва наздик" ва дар бархе маворид ба таври намоишӣ ҳам сурат мегиранд.

Дар прутукули мулоқоти раҳбарони давлатӣ дар сутуҳи мухталиф, бӯсидани ду мақоми давлатӣ сабт нашудааст, аммо ба гуфтаи манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, бӯсидани раҳбарон ба нишонаи эҳтиром байни онҳо мамнӯъ ҳам нест.

Ба гуфтаи бархе аз афроди солманд, дар феҳристи афроде, ки эҳтимолан бештарин " бӯсаҳои сиёсӣ"-ро ба худ ихтисос додаанд, Леонид Брежнев, раҳбари вақти Шӯравӣ дар солҳои 1970-80 дар радаи аввал қарор дорад.

Нур, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд ҳануз ҳам бӯсаҳои Леонид Брежневро, ки тавассути телевизиюни вақти Шӯравӣ нишон медоданд, ба ёд дорад.

Вай афзуд: “Оқои Брежнев бӯсидани сарони кишварҳои ҷаҳонро дӯст медошт. Ҳатто бо бархе аз раҳбарони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ аз даҳон бӯса мегирифт. Ин хеле хандадор буд.”

Аммо Нур мегӯяд, ки дар он замон ҳеҷ фарде "ҷуръат намекард, ки ба раҳбари Шӯравӣ ин иштибоҳашро фаҳмонад."

Ба гуфтаи иддае аз афроди огоҳ, оқои Брежнев тақрибан ҳамаи сарони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла мардону занонро, ки бо вай дар сутуҳи давлатӣ мулоқот анҷом додаанд, бӯсидааст.

Дар миёни сиёсатмадорони кунунӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои мантақа низ бӯсиданҳои мулоқоткунандагон пеш аз оғози маросим то андозае аз миён рафтааст, вале дар бархе маворид мо шоҳиди он мешавем, ки бархе аз раҳбарон барои ибрози эҳтиром ва дӯстии кишварҳояшон ба раҳбарони кишварҳои дигар, онҳоро бӯса мекунанд ва ё ба оғӯш мекашанд.

Як намунаи аз ин навъи бӯсидан, бӯсу канори раҳбарон ва мақомҳои давлатии Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон, се кишвари форсизабон, дар бархе аз ҳамоишҳо дар Душанбе аст.

Бӯсаҳо дар саҳна ё бӯсаҳои "ҷанҷолӣ"

Аз сӯйи дигар, мавориде низ шудааст, ки бӯсидани ду нафар мунҷар ба даъвоҳои байналмилалӣ мешавад. Дар ин замина аз бӯсаи Ричард Гир ва Шилпо Шеттӣ, ду ситораи Ҳолливуд ва Болливуд, дар соли 2007 метавон ёдовар шуд, ки мардуми бисёре аз шаҳрҳои Ҳиндро ба шӯр овард.

Бӯсаҳои сиёсӣ

Маъсулони давлатии кишварҳои мантақа ба нишонаи эҳтиром ба ҳамдигар дар ҷараёни мулоқотҳо ҳамдигарро мебӯсанд

Зимнан, ба назар мерасад, ки ҳиндиҳо аз бӯса дар саҳна ё пардаи синемо ҳассосият доранд ва дар филмҳои худ низ бӯсаро камтар ба кор мебаранд.

Вале бӯсидан бахши муҳимме аз саҳнаҳои филмҳои ҳолливудиро ташкил медиҳад, бавижа бӯсаҳои тӯлонию бодавоми ба истилоҳ "фаронсавӣ". Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар бархе аз кишварҳо, филмҳои Ҳолливуд дучори сонсур мешаванд. Дар кишварҳое, монанди Эрон бӯсидан дар филм аслан имкон надорад.

Дар замони Шӯравӣ дар саҳнаҳои теотр ва пардаҳои синемои Тоҷикистон бӯсидан ҳарчанд зиёд ба мушоҳида намерасид, вале амре маъмул будааст. Аммо дар солҳои ахир ба назар мерасад, ки бо таваҷҷуҳ ба нуфузи рӯзафзуни суннатҳо, бӯса аз саҳнаи теотр ё пардаи синемои тоҷик батадриҷ ғайб мезанад.

Дастбӯсии мазҳабӣ

Аммо ба гуфтаи иддае аз соҳибназарон, дастбӯсиҳое, ки маъмулан дар маросими мазҳабӣ дар миёни тоҷикон зиёд ба мушоҳида мерасад, бештар ба хотири арҷгузорӣ ба шахсиятҳои мазҳабӣ аз сӯйи афроди дорои эҳсосоти шадиди мазҳабӣ сурат мегирад. Ҳарчанд ба гуфтаи олимони дин, дар кутуби динӣ дар мавриди ин шеваи "арҷгузорӣ" ба шахсиятҳои динӣ чизе навишта нашудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад дар рӯзҳои мо низ дар бархе аз маҳофили динӣ пайравони ин ва ё он шахсияти мазҳабӣ, бавижа эшонҳо, ба ҳангоми зиёрати онҳо, нахуст дасти фарди маҳбуби худро бӯса мезананд ва сипас ба маҳфил оғоз мебахшанд. Чунин расме дар миёни бархе аз масеҳиён низ роиҷ аст ва онҳо дастони рӯҳонии масеҳиро мебӯсанд.

Аз ҷумла бӯсидани пойи муҷассамаи Буддо, худоёни ҳиндӣ, ва ё амокини мазҳабӣ дар миёни пайравони динҳои буддоӣ, ҳиндуисм ва ислом хеле зиёд ба назар мерасад, Ҳарчанд бархе аз афроди саршиноси мазҳабӣ чунин изҳори муҳаббат ба мазҳабро ғайри қобили қабул мехонанд.

Зимнан, бархе аз дастбӯсиҳои мазҳабӣ дорои аҳаммияти сиёсӣ низ буда ва ё лоақалл ангезаҳои сиёсӣ ба ҳамроҳ доштааст.

Як намунаи ин метавонад бӯсидани дасти Оятуллоҳ Хоменаӣ тавассути Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон дар маросими таҳлифи ӯ дар чанд соли пеш бошад, ки дар бархе расонаҳо бозтоби густардае доштааст.

Бӯсаҳои шоъирона

Бӯса, бӯсаафшон, дастбӯсӣ ва пойбӯсӣ аз калимот ва тасовирест, ки дар адабиёти форсӣ, бавижа дар шеъри клосик, низ зиёд ба мушоҳида мерасад. Аммо ин бӯсаҳо дар шеър чи маънӣ доранд?

Рустами Ваҳобиён, шоъир ва муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, ки мавзӯъи бӯса дар адабиёти клосик ва муъосири форсу тоҷик ҳарчанд фаровон матраҳ шуда, вале камтар таҳқиқ шудааст. Ба гуфтаи вай, шуъарои форсу тоҷик ба маъонии фалсафӣ ва ирфонии бӯса аҳаммияти бештаре қоил шудаанд.

Оқои Ваҳобиён гуфт: “Бӯса дар осори шуъарои мо зиёд ҷанбаи шаҳвонӣ надорад, балки фалсафаи бӯса дар осори ниёкон бештар баёнкунадаи эҳсосоти қудсии башарӣ, яъне дилбастагии маънавиро дорад. Дилбастагӣ ба табиъат, модар, ватан, фарзанду зебоист. Масалан бӯсидани хоки ватан ё парчам ё бӯсидани волидайн фарзандонро. Ҳам ҷанбаи отифӣ дорад ва ҳам ҷанбаи қудсӣ дорад ва аз ҳама навъи эҳсосоти башарӣ бархӯрдор аст.”

Зулфата боло задам, сила ба шабҳо задам, Ҳар ду лабат гул намуд, бӯса ба гулҳо задам. Навбати чашмат расид, бар лаби ман нам расид, Чашми ту дарё намуд, бӯса ба дарё задам. Бозӯю боло намонд, дар бари рӯ ҷо намонд, Дар қадамат хам шудам, бӯса ба дунё задам...

Бозор Собир, шоъири тоҷик

Аммо бархе дигар аз муҳаққиқон бар ин боваранд, ки дар адабиёти клосики форсӣ низ метавон бӯсаҳои ба истилоҳ "заминӣ"-ро, ки мурод аз онҳо эҳсосот ва авотифи ошиқонаи инсонист, мушоҳида кард. Ҳар ойина, бӯса дар шеъри порсӣ дар анвоъи мухталифе ба мушоҳида мерасад, масалан, Мушфиқӣ мегӯяд:

Бӯсае к-аз лаъли лаб додӣ ба чандин интизор,

Он замон ман будаму ҷоне, ки бар лаб доштам.

Зимнан, Бозор Собир, шоъири саршиноси тоҷик, шояд аз ҷумлаи нахустин шоъироне бошад, ки бӯсаро барои баёни эҳсосоти ошиқона ва ҳатто шаҳвонӣ дар равобити марду зан ба тасвир кашидааст:

Зулфата боло задам, сила ба шабҳо задам,

Ҳар ду лабат гул намуд, бӯса ба гулҳо задам.

Навбати чашмат расид, бар лаби ман нам расид,

Чашми ту дарё намуд, бӯса ба дарё задам.

Бозӯю боло намонд, дар бари рӯ ҷо намонд,

Дар қадамат хам шудам, бӯса ба дунё задам...

Фавоиди бӯса

Дар ниҳоят, бӯса аз чашми олимону равоншиносон низ дур намондааст. Онҳо мутолеъоте дар ин замина анҷом додаанд ва масалан, тибқи яке аз ин мутолеъот, мардуми минтақаи Уелси Бритониё аз ҳунари бӯсидан зиёд бархурдор набудаанд ва нисбат ба мардумони дигар таваҷҷуҳи камтаре ба бӯса доштаанд.

Тибқи пажӯҳиши дигаре аз Донишгоҳи давлатии Ню-Йурк, занон аҳаммияти бештаре барои бӯса қоиланд, то мардон. Касоне, ки ин пажӯҳишро анҷом додаанд, мегӯянд, ки занон бӯсаро афзори муҳимме барои барпо доштани равобити худ бо мардон медонанд, вале барои мардон бӯса танҳо дар лаҳзае, ки анҷом мешавад, аҳаммият дорад.

Аммо мутолеъоти равоншиносӣ аз фавоиди мухталифи бӯса барои бӯсандагон ҳам аз назари равонӣ ва ҳам пизишкӣ ҳикоят мекунад. Равоншиносон мегӯянд, чунончи ироаи як тасвир ё акс бештар аз ҳазор калима иттилоъро ба мардум мерасонад, бӯсидан низ бештар аз гуфтан дилҳоро ба ҳам наздик мекунад.

Ба ҳар ҳол, шояд бӯса барои ҳар инсоне маънии ҷудогонае дошта бошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар бархе аз кишварҳо ҳамасола аз рӯзи 6 июл ба унвони "Рӯзи байналмилалии бӯсидан" таҷлил мекунанд ва дар ин рӯз мусобиқоти бӯса баргузор мекунанд.

Тӯлонитарин бӯса дар як мусобиқа дар Исройил сабт шудааст, ки 30 соъату 45 дақиқа тӯл кашидааст. Зимнан, шумо низ бо истифода аз ин фурсат метавонед ҳарчи бештар дӯстону ёрони худро бибӯсед...

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.