Advertisement
Ба рӯз шуда:  Шанбе, 04 Июл соли 2009 - 09:01

Партоби озмоишии ду мушак ба василаи Куреи Шимолӣ

Расонаҳои Куреи Ҷанубӣ аз озмоиши ду мушаки кутоҳбурд ба василаи Куреи Шимолӣ хабар додаанд.

Ин озмоиши мушакӣ дар остонаи рӯзи миллии Омрико дар чаҳоруми июл анҷом шуд ва ин дар ҳоле аст, ки гузоришҳо дар бораи эҳтимоли партоби озмоишии мушакҳои қорапаймои Куреи Шимолӣ дар ин рӯз мунташир шудааст.

Куреи Шимолӣ панҷшанбе низ чаҳор мушаки кутоҳбурди худро озмоиш кард.

Ба гузориши матбуъоти Куреи Ҷанубӣ, мушакҳои партобшудаи Куре ба сӯйи аҳдофе дар баҳри Жопун шиллик шудаанд.

Гуфта мешавад, яке аз мушакҳои партобшуда, як мушаки Скод бо бурди 500 килуметр будааст.

Раиси ситоди артиши Куреи Ҷанубӣ бо эъломи хабари озмоиши мушакии Куреи Шимолӣ гуфт: "Артиши мо комилан омодаи посухгӯйӣ ба таҳдидҳо ва таҳрикҳои Куреи Шимолӣ аст."

Як мақоми дифоъии дигари Куреи Ҷанубӣ озмоишҳои ҷадиди Куреи Шимолиро нигаронкунандатар аз озмоишҳои панҷшанбе донистааст.

Ӯ гуфт: "Озмоишҳои мушакии панҷшанбе зоҳиран дар қолаби як монуври низомӣ анҷом шудааст дар ҳоле, ки партобҳои имрӯз дар остонаи рӯзи истиқлоли Омрико буд ва ин бовар ҳаст, ки бо аҳдофи сиёсӣ сурат гирифтааст."

Ҷон Судворс, хабарнигори Би-би-сӣ дар Сеул мегӯяд, дар Куреи Ҷанубӣ ин бовар вуҷуд дорад, ки Куреи Шимолӣ қасд дорад, ба танишҳо доман бизанад.

Расонаҳои Куреи Ҷанубӣ ва Жопун гузориш медиҳанд, ки Куреи Шимолӣ мумкин аст дар садади озмоиши як мушаки дурбурд ҳам бошад.

Ин кишварҳои нигарон ҳастанд, ки Куреи Шимолӣ мумкин аст дар ҳоли талош барои тавлиди кулоҳакҳои ҳастайии қобили ҳамл, ба василаи ин мушакҳо бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки моҳи гузашта Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳримҳои ҷадидеро алайҳи ин кишвар барои анҷоми дувумин озмоиши ҳастайии он эъмол кардааст.

Ин қатънома ба кишварҳои узви Шӯрои Амният иҷоза медиҳад, куллия маҳмулаҳои заминӣ, ҳавойӣ ва дарёии машкуки Куреи Шимолиро бозрасӣ кунанд.

Куреи Шимолӣ ҳам таҳдид кардааст, ки аз захоири плутуниуми худ барои тавлиди силоҳ истифода хоҳад кард. Ин кишвар мегӯяд бозрасии киштиҳои худро баробар бо эъломи ҷанг медонад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.