Advertisement
Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 03 Июл соли 2009 - 10:57

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 3 июл

Дуруд бар ҳаводорони ҳамешагии барномаи тафреҳии тоҷикӣ аз родиюи Би-би-сӣ.

Мӯҳтавои барномаи ин ҳафта:

Даргузашти Мойкл Ҷексун, султони мусиқии поп,

Гурӯҳи “Боҷалар” дучори сонеҳа шуд,

Нахустин барномаи кунсертии “Мавригӣ” дар Душанбе,

Муқаррароти ҷадид дар Душанбе,

Давраи аввали озмуни “Панҷ ситора Интервидение”.

Султони поп даргузашт

Хабари марги Мойкл Ҷексун, ситораи тобноки мусиқии поп, милюнҳо ҳаводоронашро дар саросари ҷаҳон бо шамъҳои фурузон ва аксҳое аз вай дар хиёбонҳо ва поркҳо гирди ҳам овард.

Мойкл Ҷексун рӯзи панҷшанбеи 25 июн дар синни панҷоҳсолагӣ дар асари бемории қалб дар Лус-Онҷелес даргузашт.

Фаъолияти ҳирфаии худроМойкл Ҷексун дар заминаи мусиқӣ аз даврони кӯдакӣ дар гурӯҳи “Ҷексун фойв” бо бародаронаш шурӯъ карда буд.

Дар даҳаи 1980 бо иҷрои таронаҳое монанди “Триллер” Мойкл Ҷексун ба ситораи мусиқии попи ҷаҳон табдил шуд.

Бо афзоиши шуҳрати Мойкл Ҷексун, шоеъот перомуни ӯ низ афзоиш ёфт ва гузоришҳое дар бораи анҷоми ҷарроҳии плостик ва тағйири ранги пӯсти ӯ мунташир шуд.

Майкл Ҷексун

Мойкл Ҷексун қарор буд аз моҳи оянда тӯри байналмилалии худро пас аз дувоздаҳ сол дар Бритониё оғоз кунад. Ҳамаи билетҳои ин тури панҷоҳмарҳилаӣ дар арзи чанд соъат дар моҳи морс фурӯхта шуданд.

Гуфта мешавад бештар аз 750 милюн нусха аз осори Мойкл Ҷексун ба фурӯш расидааст. Ӯ ҳамчунин сездаҳ ҷоизаи Грэмӣ дарёфт кардааст.

Сонеҳа бо гурӯҳи “Боҷалар

Ҳафтаи сипаришуда Муъминҷон, узви гурӯҳи узбакистонии “Боҷалар” дар асари сонеҳае кушта шуд.

Ин гурӯҳ рӯзи 28 июн дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Турсунзода барномаҳои кунсертӣ иҷро намуд. Баъди анҷоми барнома ва бозгашт ба ватан мошини ин даста дар ҳудуди вилояти Сурхандарёи Узбакистон дучори сонеҳа шуд.

гурӯҳи "Боҷалар"

Дар натиҷа Мӯъминҷон, овозхони гурӯҳ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид ва се тани дигар аз аъзои ин даста бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон интиқол дода шуданд.

Ба гуфтаи Муҳаббат Ағолиева, мутассадии баргузории барномаҳои гурӯҳи “Боҷалар” дар Душанбе ва ноҳияи Турсунзода, қарор буд субҳи рӯзи 29-уми июн ин гуруҳ барои иҷрои барномаи кунсертӣ ба шаҳри Урумчии Чин сафар кунад.

Таронаҳои мавригӣ дар Душанбе

Барои нахустин бор як гурӯҳи фулклурӣ зери унвони “Мавригӣ” аз шаҳри Бухоро дар Душанбе барнома иҷро намуд.

"Мавригӣ"

Ба гуфтаи ҳунаршиносон, "мавригӣ" шеваи мусиқиест, ки номи худро аз шаҳри Марв гирифта ва дар қарнҳои 19 ва 20 дар Бухоро ба вуҷуд омадааст. Асолатан ин навъи мусиқӣ ба гурӯҳе аз эрониён таъаллуқ доштааст, ки дар қарни 16 аз Марв ба Бухоро кӯч бастаанд.

"Мавригӣ"

Гурӯҳи мавсум ба “Мавригӣ” аз Бухоро дар чорчӯби як тарҳи Дафтари ҳамкориҳои Суис ва бо даъвати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари ин кишвар барномаҳои кунсертӣ иҷро мекунад.

Қарор аст ин гурӯҳ рӯзи шанбеи 4 июл бо баргузории як кунсерти дигар дар Душанбе сафари ҳунарии худ ба ин кишварро ба анҷом расонад.

Муқаррароти ҷадид дар Душанбе

Нӯшидани машруботи алкулӣ, ҳушток кашидан, бозии бачагон бо кафшҳои чархадор ва рӯравакҳо ва ё скейтбордҳо дар хиёбонҳо ва поркҳои пойтахти Тоҷикистон мамнӯъ шудааст.

Аз ин ба баъд сокинони Душанбе ҳақ надоранд дар ҳолати мастӣ дар малои умумӣ ё ба истилоҳ “дар ҷойҳои ҷамъиятӣ”, яъне хиёбонҳо, поркҳо, варзишгоҳҳо ва дар васоили мусофирбарӣ ҳузур дошта.

Ҳамчунин аз соъати 11 шаб то соъати шаши субҳ овозхонӣ, ҳуштоккашӣ ва бо садои баланд гӯш кардани мусиқӣ дар шаҳри Душанбе манъ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибназарон, дар шаҳри Душанбе маҳаллоте, ки барои истифода аз роликҳову самокатҳо иҷоза шудааст, мушаххас нест ва кӯдакону ҷавонон маъмулан барои ин амр аз поркҳову хиёбонҳо истифода мекунанд.

Равшан, ҷавоне дар назди теотри уперо ва болеи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо мо гуфт: “Мо қаблан дар назди муҷассамаи Сомонӣ бо скейтборд бозӣ мекардем. Аммо кормандони интизомӣ моро аз онҷо ронданд.”

Озмуни “Панҷ ситора Интервидение”

Қарор аст рӯзи шанбе дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе интихоби ситораҳои ҷавон барои ширкат дар озмуни байналмилалии мусиқии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Болтик зери унвони “Панҷ ситора Интервидение” баргузор шавад.

Дар ин барнома 11 довталаб ҳунарнамоӣ мекунанд ва танҳо як нафар баранда хоҳад шуд. Шахси пирӯз ҳаққи ширкат дар озмуни байналмилалии “Панҷ ситора Интервидение”-ро, ки моҳи август дар Душанбе баргузор мешавад, ба даст хоҳад овард. Ин шахс Тоҷикистонро дар миёни кишварҳои дигар муъаррифӣ хоҳад кард.

Толиб Норов, мудири баргузории озмуни “Панҷ ситора...” дар Душанбе, дар бораи шеваи баргузории ин озмун гуфт: “Аз рӯйи қавоъиди озмуни байналмилалии “Панҷ ситора Интервидение” хоҳишмандон аз синни 16 то 30-сола ҳаққи ширкат дар ин озмунро доранд.”

Ба гуфтаи вай, ҳар кадоме аз ширкаткунандагон се оҳанг иҷро мекунад: аввал оҳанги тозаэҷод ва ё оҳанги муаллиф, дувум оҳанги ретрохит ё оҳанги машҳури солҳои қаблӣ ба забони русӣ ва севум оҳанги машҳури ҷаҳонӣ ба ҳар забоне.

Оқои Норов афзуд: “Ҳамчунин гурӯҳҳои мусиқие, ки на бештар аз шаш узв доранд, низ метавонанд дар ин озмун ширкат кунанд.”

zevarshoh@bbc.tj

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.