Advertisement
Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 03 Июл соли 2009 - 10:02

Маҳкумияти ду маъмури пулис ба зиндон

Додгоҳи Олӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду корманди нерӯи вижаи пулисро барои муддатҳои тулонӣ равонаи зиндон кардааст

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафар аз кормандони ОМОН ё нерӯи вижаи пулисро дар ғорат ва ҳамла ба як казино муҷрим шинохта ва онҳоро барои давраҳои тулонӣ ба зиндон маҳкум кард.

Маҳмадалӣ Абулҳақов, қозии ин парванда, рӯзи ҷумъаи 3 июл гуфт, ки муҳокимаи ин парвандаи ҷиноӣ даҳ рӯз идома дошт ва ҳукми додгоҳ алайҳи муттаҳамон дар 26 июн содир шуд.

Оқои Абулҳақов афзуд: “Додгоҳи олӣ Тоҳир Раҳимов ва Равшан Ҳомидовро дар иртикоби ҷароим муҷрим шинохта ва барои 21 сол ба зиндон маҳкум кард. Тибқи ҳукми додгох, Раҳимов ва Ҳомидов ҳамчунин ба мусодираи амвол ва мамнӯъият аз фаъолият дар ниҳодҳои интизомӣ барои се сол ва нигаҳдорӣ дар ҳабси низомаш сангин маҳкум шуданд. Ҳамчунин додгоҳ Хуршед Исломов, яке дигар аз муттаҳамони ин парвандаро (ки маъмури пулис нест) барои 24 сол равонаи зиндон кард.”

Оқои Абулҳақов мегӯяд, ки ҳар се нафар аз муттаҳамон дар ҷараёни бозрасӣ ва дар муҳокимаи додгоҳ ба иртикоби ҷурми худ иқрор кардаанд. Қозии ин парванда мегӯяд, ки барои боздошти ду гумонбари дигар парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва онҳо таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд.

Таваккалхӯҷа Низомов, корманди собиқи идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Абдулхалил Фаттоев, як фарди бекор, дар ҳоли ҳозир мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи масъулон, ин афрод ҳамчунин дар гаравгонгирӣ муттаҳам ҳастанд.

Афзоиши мавориди сирқат

Дар парвандаи ҷиноӣ омадааст, ки ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ шаби 15 феврали соли ҷорӣ ба казинои "Помир", воқеъ дар ҷамоъати Оққурғони ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла карда ва сандуқи пулҳои нақди ин муассисаро ба сирқат бурдаанд.

Дар дохили ин сандуқ ҳудуди 40 ҳазор дулори омрикоӣ вуҷуд дошт ва афроди муҳоҷим аз маҳалли ҳодиса бо худрави "Leхus-350", ки ба яке аз муштариёни казино таъаллуқ дошта, фирор кардаанд.

Тоҳир Раҳимов, Равшан Ҳомидов ва Хуршед Исломов дар моҳи марти соли ҷорӣ тавассути кормандони вазорати кишвар боздошт шуданд.

Дар таҳаввуле дигар, Додгоҳи олии Тоҷикистон пас аз баррасии шикояти истинофии вукалои мудофеъи Ҳотам Маҳмудов ва Темурҷон Тоҷибоев аз ҳукми додгоҳи устони Суғд, ҳукми қаблиро бидуни тағйир мондааст.

Оқоён Маҳмудов ва Тоҷибоев дар сирқату ғорат ва қатл муттаҳам шудаанд. Додгоҳи устони Суғд оқои Маҳмудовро ба 28 сол ва оқои Тоҷибоевро ба 30 соли зиндон маҳкум карда буд.

Қозии парванда ин афродро дар қатли Алибой Собирови 68-сола ва ғорати хазинаи Донишгоҳи соҳибкорӣ ва сиёсати шаҳри Хуҷанд муҷрим шинохта ва онҳоро ба зиндон маҳкум кардааст.

Ба гуфтаи манобеъи додгоҳии маҳаллӣ, ин афрод дар ғорати ширкати дигаре низ даст доштаанд.

Вукалои мудофеъи оқоён Маҳмудов ва Тоҷибоев аз ҳукми ба гуфтаи онҳо ғайримунсифонаи додгоҳи устони Суғд алайҳи муввакилонашон шикоят кардаанд.

Масъулони додгоҳҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ахиран баррасии парвандаҳои ҷиноӣ дар робита бо мавориди сирқату ғорат дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз набуди истиқлол дар додгоҳҳои Тоҷикистон ва судури аҳкоми ғайримунсифона дар ин додгоҳҳо ҳамвора ибрози нигаронӣ кардаанд. Вале давлати Тоҷикистон ин нигарониҳоро пайваста радд кардааст.

Коршиносон афзоиши мавориди сирқату ғорат дар Тоҷикистонро ба мушкилоти иқтисодӣ ва таъсири буҳрон бар вазъияти рӯзгори аксари сокинон марбут медонанд.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.