Интихоби дубораи Меҳмон Бахтӣ ба раёсати ИН

  • 3 Июл, 2009
Анҷуман
Image caption Анҷумани сездаҳуми Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар толори теотри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

Меҳмон Бахтӣ (Муҳаббатов), нависанда, шоъир ва дромнавис, муҷаддадан ба раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд.

Ин рӯйдоди фарҳангӣ рӯзи ҷумъаи 3 июл дар анҷумани сездаҳуми Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, дар толори теотри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Оқои Бахтӣ бидуни олтернотив ва дар як раъйгирии ошкор бо раъйи аксарияти орои вакилони анҷумани Иттиҳодияи нависандагон ба мақоми раёсати ин созмон даст ёфт.

Ин дар ҳолест ки тибқи ойинномаи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоби раиси ин созмон бояд бо раъйгирии пинҳонӣ сурат бигирад. Аммо чун номзаде олтернотив дар баробари оқои Бахтӣ набуд, масъулони садорати Иттиҳодияи нависандагон раъйгирии ошкоре дойир карданд.

Ба ин тартиб, ин барои бори дувум аст, ки раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба ӯҳдаи Меҳмон Бахтӣ вогузор мешавад. Вай соли 2003 дар анҷумани дувоздаҳуми Иттиҳодияи нависандагон ба раёсати ин созмон даст ёфта буд.

Image caption Меҳмон Бахтӣ барои бори дувум раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд

Меҳмон Бахтӣ муаллифи 18 асари бадеъӣ буда ва барандаи чандин ҷоизаи давлатӣ аст.

Интихоби муҷаддади оқои Бахтӣ ба раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар ҳолест ки бархе аз нависандагони тоҷик дастовардҳои назарраси фарҳангӣ ва адабиро ба даврони шаш соли ахири раёсати вай дар ин созмон марбут медонанд.

Ба гуфтаи ин афрод, дар ин муддат 74 тан аз шоъирону нависандагон ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон шомил шудаанд, ки дар миёни онҳо ҷавонони халлоқу эҷодкор низ кам набудаанд.

Ҳамчунин беш аз 40 тан аз нависандагон ва шоъирон ҷоизаҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихорӣ ба даст овардаанд ва адабиёти тоҷик сабку услуби тозае ба худ касб кардааст.

Ҷонибеки Акобир, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ”, мегӯяд, ки дар чанд соли ахир адабиёт ба марҳилаи тозае ворид шуд ва фазои эҷодии шаффоф ва муҳити созгоре барои қаламкашон фароҳам гардид.

Ба эътиқоди вай, ваҳдати назарҳо, тарбияти адибони ҷавон, чопи муназзами нашрияҳо ва маҷаллоти фарҳангӣ ва адабӣ аз дастовардҳои муҳимми Иттиҳодияи нависандагон дар панҷ соли ахир будааст.

Оқои Акобир мегӯяд нависандагону шоъирон бо истифода аз фазои мусоъид дар Иттиҳодияи нависандагон тавонистаанд "асарҳои хубу хонданӣ ва ҷолиб, ки мавзӯъоти таърихӣ, ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои волои инсониро дар бар мегиранд", таълиф кунанд.

Image caption Оқои Акобир ваҳдати назарҳо, тарбияти адибони ҷавон, чопи муназзами нашрияҳо ва маҷаллоти адабиро аз дастовардҳои назарраси Иттиҳодияи нависандагон дар панҷ соли ахир медонад

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи оқои Акобир, бештари нависандагону адибон дар даврони Шӯравии пешин "аз чунин муҳити адабӣ ва озоду созанда бархӯрдор набуданд ва ё камтар чунин шароите барояшон насиб мегардид."

Аммо Пайванди Гулмуродзода, адабиётшиноси тоҷик, мегӯяд бо он ки муҳит ва фазои адабӣ дар Тоҷикистон озод аст, аммо то ҳол Иттиҳодияи нависандагон дар заминаи расидан ба аҳдофи хеш, яъне тарғиби адабиёти тоҷик ва ҷаҳон, ба таври чашмрас муваффақ нашудааст.

Оқои Гулмуродзода иллати ин амрро ба мушкилоти молӣ, камбуди мутахассисон, бахусус тарҷумонҳо ва адабиётшиносон марбут медонад.

Аммо Саттор Турсун, нависандаи саршинос, бар ин назар аст, ки Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон меросест аз даврони Шӯравӣ ва ба таҷдид ва бознигарии ҷиддӣ ниёз дорад.

Оқои Турсун гуфт: “Ҳамакнун ки замона ва муҳит дигар шудааст, пас шеваи корбарӣ ва фаъолияти Иттиҳодияи нависандагон бояд тағийр кунад. Ин муассиса набояд чун даврони Шӯравӣ дастнигари давлат бошад, балки тавонад бо иҷрои барномаҳои мухталиф вазъи адабиёт ва фарҳангро беҳбуд бахшад.”

Афзун бар ин, оқои Турсун мегӯяд: “ Дар анҷумани имрӯз низ бархе аз нависандагон пешниҳод карданд, ки давлат нашриёт ва маҷаллоти Иттиҳодияи нависандагонро таъмини молӣ кунад ва дар рушди ин арса саҳим бошад. Ин маънии онро дорад, ки ҳанӯз мафкураи онон тағийр нахурдааст ва ҳоло ҳам нависандагони мо умедворанд, ки аз сӯйи давлат пуштибонии молӣ бубинанд.”

Ба ин далел, оқои Саттор бар ин назар аст, ки адабиёт танҳо дар он сурат рушд мекунад, ки Иттиҳодияи нависандагон як ниҳоди мустақил ва худкифо бошад.

Image caption Саттор Турсун бар ин назар аст, ки Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, меросест аз даврони Шӯравӣ ва ба таҷдиди ҷиддӣ ниёз дорад

Бо ин ҳол, Нур Табар, дромнавис, бар ин назар аст, ки Иттиҳодияи нависандагон, шоъиру нависанда, бахшҳои мухталифи адабӣ дар кишвар бояд зери ҳимояти молии давлат қарор дошта бошанд.

Ба эътиқоди оқои Табар, ин муассиса ва зерсохторҳои он батанҳоӣ наметавонанд рушди уствор дошта бошанд ва нақше барои ҷомеъа ва сиёсати фарҳангӣ ва адабии кишвар ифо кунанд.

Зимнан, Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар нахустин анҷумани ин созмон дар моҳи майи соли 1934 таъсис шуд ва ҳоло 350 тан аз шоъирону нависандагон узви он ҳастанд.

Бар асоси пажӯҳишҳои илмӣ, нахустин раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Саид Носиров, кумисари халқии маъорифи Тоҷикистон дар авоили аҳди Шӯравӣ будааст.

Аммо дар солҳои мухталифи фаъолияти ин созмон, шоъирону нависандагони саршиноси тоҷик, назири Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат ва Аскар Ҳаким раёсати онро ба ӯҳда доштаанд.

Ҳарчанд тибқи ойинномаи Иттиҳодияи нависандагон замони раёсат дар ин созмон ба муддати панҷ сол муқаррар шудааст, аммо як фард метавонад дар давраҳои баъдӣ низ номзад шавад ва ба мақоми раиси ин иттиҳодия интихоб гардад.

Дар гузашта, Мирзо Турсунзода ба муддати 31 сол, Мӯъмин Қаноат барои 14 сол ва Аскар Ҳаким барои 12 сол раёсати Иттиҳодияи нависандагонро ба ӯҳда доштаанд.