Advertisement
Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 03 Июл соли 2009 - 13:11

"Муҳокимаи" кормандони сафорати Бритониё дар Эрон

Аҳмади Ҷаннатӣ

Аҳмади Ҷаннатӣ, имомҷумъаи муваққати Теҳрон ва дабири Шурои нигаҳбон

Оятуллоҳ Аҳмади Ҷаннатӣ, имомҷумъаи муваққати Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъа имрӯз, 3 июн (12 тир) эълом кардааст, теъдоде аз кормандони эронии сафорати Бритониё дар Теҳрон, ки рӯзҳои гузашта боздошт шудаанд, ба иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои ахир муҳокима хоҳанд шуд.

Дар пайи нооромиҳо дар Эрон ва эътирозҳо ба натоиҷи даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, нуҳ нафар аз кормандони эронии сафорати Бритониё боздошт шуда буданд, ки бано бар эъломи вазорати умури хориҷаи Бритониё ҳанӯз ду тан аз онҳо дар боздошт ба сар мебаранд.

Як сухангӯи нахуствазирии Бритониё дар вокуниш ба суханони тозаи Аҳмади Ҷаннатӣ эълом кард, ки давлати Бритониё нигарони гузоришҳое аст, ки хабар аз муҳокимаи кормандони сафорати ин кишвар дар Теҳрон медиҳад.

Вазорати умури хориҷаи Бритониё дар пайи ин изҳорот гуфтааст, ки дар ҳоли баррасиии сиҳҳати гузоришҳо дар ин бора аст ва ба музокироти фушурда бо Эрон ба манзури озодии кормандони сафорати Бритониё дар Теҳрон идома медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Исно) оқои Ҷаннатӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи имрӯзи Теҳрон "душманонро" муттаҳам карда, ки пеш аз интихобот инқилоби махмалиро тарроҳӣ карда буданд."

Оқои Ҷаннатӣ, ки дабири Шурои нигаҳбон аст, гуфтааст "дар сойте, ки дар вазорати хориҷаи инглис кашф шуд, аз исфандмоҳ эълом карда буданд, ки дар интихоботи Эрон мумкин аст иғтишошоте шавад ва мо бояд ба табаъаҳои худ эълом кунем, ки муроқиб бошанд, ин пешбиниҳо яъне чӣ?" Оқои Ҷаннатӣ ҷузъиёте бештаре дар ин бора эълом накардааст.

Пеш аз ин Ғуломҳусейн Муҳсинии Эжаӣ, вазири иттилоъоти Эрон дар бораи иллати боздошти кормандони эронии сафорати Бритониё дар Теҳрон гуфта буд, ки ин сафоратхона "таҳти пӯшиши нерӯҳои маҳаллӣ афродеро дар байни иғтишошгарон мефиристод ва матолиби мавриди назари худро ҳам ба онҳо ва ҳам ба ҷомеъа илқо мекард."

Ҳасани Қашқовӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон низ пеш аз ин боздоштшудагонро "ба иқдомоти хилофи қонун ва муқаррарот муттаҳам карда буд ва гуфта буд "табиъӣ аст, ки тибқи муқарарот бо онон рафтор шавад."

Давлати Бритониё то кунун чандин бор ин иттиҳомотро беасос хонда ва хоҳони озодии фаврии тамоми кормандони боздоштшудаи сафорати ин кишвар дар Теҳрон шудааст.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.