Advertisement
Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 02 Июл соли 2009 - 12:09

Урупо равобиташ бо Эронро баррасӣ мекунад

Сафорати Бритониё

Сафорати Бритониё дар Теҳрон ҳадафи тазоҳуркунандагони тарафдори давлат будааст

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо кохиши сатҳи равобити сиёсӣ бо Эронро баррасӣ мекунанд.

Рӯзи панҷшанбеи 2 июл намояндагони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Урупо дар ҷаласае вижа дархости давлати Бритониё барои фаро хондани сафирони тамомии ин кишварҳо аз Ҷумҳурии Исломиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Давлати Бритониё аз кишваҳои узви Иттиҳодияи Урупо хостааст, то дар эътироз нисбат ба боздошти шуморе аз кормандони эронии сафорати он кишвар дар Теҳрон мавзеъи муштараке иттихоз кунанд.

Рӯзи 28 июн гузориш шуд, ки маъмурони амниятии Эрон нӯҳ тан аз кормандони сафорати Бритониё дар Эронро боздошт карда ва ононро ба иртибот бо тазоҳуроти муътаризон ба натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муттаҳам сохтаанд.

Дар пайи интишори ин хабар, вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо зимни ибрози нигаронии шадид аз вазъияти Эрон ва бахусус идомаи боздошти ширкаткунандагон дар тазоҳуроти мусолиматомез ва рӯзноманигарон, аз давлати Эрон хостанд, то тамомии кормандони боздоштшудаи сафорати Бритониёро озод кунад ва аз тамомии коркунони сафоратхонаҳои урупоӣ, чи эронию чи хориҷӣ ҳифозати лозимро ба амал оварад.

Давлати Бритониё ҳамчунин аз Ҷумҳурии Исломӣ хост, то бо аъзои сафорати ин кишвар дар Теҳрон тибқи қавонин ва урфи роиҷи диплумотик рафтор кунад. Аммо сухангӯйи Вазорати хориҷии Эрон гуфт, ки боздоштшудагон тобеъияти эронӣ доранд ва машмули муъоҳидоти нозир барҳифозат аз намоядагони сиёсии хориҷӣ намешаванд.

Рӯзи душанбе мақомоти қазоии Эрон озодии панҷ тан аз кормандони сафорати Бритониёро эълом карданд. Ва рӯзи гузашта низ гузоришҳое аз озодии се нафари дигар интишор ёфт.

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо дар чаҳорчӯби сиёсати хориҷӣ ва амниятии муштарак дар мавориде ба иттихози тадобири танбеҳӣ алайҳи бархе кишварҳо мубодират кардаанд.

Иттиҳоми иртиботи эътирозоти дохилӣ бо хориҷиён

Аз замони оғози эътирозоти хиёбонӣ нисбат ба натоиҷи эъломшудаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, мақомоти аршади Ҷумҳурии Исломӣ давлатҳо ва расонаҳои хориҷиро ба барангехтан ва ҳаттосозмондиҳии тазоҳурот муттаҳам карда ва дар талош барои ҷилавгирӣ аз дастрасии мардуми Эрон ба расонаҳои хориҷӣ монеъ аз фаъолияти хабарнигорони хориҷӣ дар Эрон шудаанд.

Тазоҳурот

Наҳваи бархӯрд бо тазоҳурот дар Эрон интиқодҳои байналмилалиро дар пай доштааст

Бо ин ҳама, ахбор ва тасовири марбут ба тазоҳурот ва ҳамчунин бархӯрди нерӯҳои давлатӣ бо мардуми муътариз аз роҳҳои мухталиф дар расонаҳои байналмилалӣ интишор ёфта ва интиқодҳои густурдаеро дар пай овардааст.

Мақомоти аршади Ҷумҳурии Исломӣ, ки маъмулан Иёлоти Муттаҳидаро масъули мушкилоти дохилӣ медонанд, ин бор бахусус давлат ва расонаҳои ҳамагонии Бритониёро ба иртибот бо ин эътирозот муттаҳам кардаанд, ҳарчанд далели ин тағйир дар мавзеъи онон мушаххас нест.

Дар ҳоле ки Бритониё бар эъмоли фишори диплумотики Иттиҳодияи Урупо барои озодии кормандони сафорати худ дар Теҳрон таъкид дорад, бархе дигар аз аъзои ин иттиҳодия гуфтаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба лузуми идомаи иртибот бо Ҷумҳурии Исломӣ дар мавриди ҳалли буҳрони ҳастаӣ, набояд Эронро гирифтори инзивои байналмилалии бештаре кард.

Фредерик Ройнфелдт, нахуствазири Суэд, ки кишвараш раёсати навбатии Иттиҳодиияи Урупоро рӯзи чаҳоршанбе бар уҳда гирифт, ибрози умедворӣ кардааст, ки “Эрон тасмими дурусте бигирад, то боъиси рӯёрӯйии ҷомеъаи байналмилалӣ бо ин кишвар нашавад."

Оқои Ройнфелдт давлати Эронро муттаҳам кард, ки мекӯшад эътирзоти мардумиро ба мудохилаи кишварҳои дигар нисбат диҳад ва афзуд, ки “Урупо ва сойири кишварҳо бояд даст ба иқдоме назананд, ки баҳонае барои хушунат ва саркӯб ба дасти давлати Эрон диҳад."

Рӯзи гузашта Ҳасани Фирӯзободӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ, давлатҳои урупоиро мавриди интиқоди шадид қарор дод ва гуфт, ки ин иттиҳодия эътибори худро аз даст дода ва салоҳияти онро надорад, ки бо давлати Эрон музокира кунад.

Оқои Фирӯзободӣ мушорикати андаки райъдиҳандагони урупоӣ дар интихоботи Порлумони Урупоиро нишони беэътибории ин иттиҳодия хонд.

Порлумони Урупоӣ дар ҳоли ҳозир аз ихтиёроти чандоне барои вазъи қавонин ва таъсиргузорӣ бар сиёсатҳои иттиҳодия бархурдор нест ва тасмимгирандаи аслӣ дар ин иттиҳодия ҳамчунон ниҳоди Шӯрои Вазирон, мутташакил аз мақомоти аршади кишварҳои узв аст ва Кумисиюни Урупоӣ низ қудрати иҷроии аслиро дар даст дорад.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.