
Мирҳусейни Мусавӣ, давлати ояндаи Маҳмуди Аҳмадинажодро фоқиди машруъияти сиёсӣ дониста ва бо ишора ба "хатари азим", ки дар пеш аст аз ҳаводоронаш хостааст, ки умеди худро ба самарбахш будани эътирозоти қонунӣ аз даст надиҳанд.
Оқои Мусавӣ, ки муътақид аст тақаллубҳои густардае дар ҷараёни даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон иттифоқ афтода, рӯзи чаҳоршанбе 1 июл (10 тир) бо интишори баёнияе ба таъйиди сиҳҳати ин интихобот тавассути Шурои нигаҳбон вокуниш нишон додааст.
Ӯ Шурои нигаҳбонро ба "чашм бастан бар рӯи анбуҳи тақаллубҳо ва тахаллуфҳои суртагирифта" дар ҷараёни интихобот муттаҳам карда ва навиштааст: "Аз ин пас давлате хоҳем дошт, ки аз назари иртибот бо миллат дар ногувортарин шароит ба сар мебарад ва аксарияте аз ҷомеъа, ки инҷониб низ яке аз онҳо ҳастам, машруъияти сиёсии онро намепазиранд."
Оқои Мусавӣ ҳушдор додааст, ки чунин давлате мумкин аст "бар асари заъфҳои бешумори зотӣ ва оризиаш дар вартаи имтиёз додан ба бегонагон биафтад."
Ӯ менависад: "Хатар дар пеш аст! Низоме, ки ба муддати сӣ сол ба эътимоди мардум муттакӣ буд, наметавонад як шибҳи қувои амниятиро ҷойгузини ин нуқтаи иттико кунад. Ин эътимод латамоти ҷиддӣ дидааст. Агар инкори ин воқеъият суде мерасонд, мо низ бо мункирони он ҳамсадо мешудем, азбаски хатар азим аст."
Оқои Мусавӣ аз масъулон хостааст, ки "фарзандони инқилоб"ро аз зиндон озод кунанд ва ба ислом, садоқат, хирад, қонун ва мардум боз гарданд.
Оқои Мусавӣ навиштааст, тамоми талоше, ки ин рӯзҳо "дар мухолифат бо мардум" сурат мегирад, барои ин аст, ки онҳоро аз самарбахш будани эътирозоти қонунӣ" номуед кунанд, "зеро то мо ноумед нашавем, ин давлат аз эътибори воқеъӣ бархурдор нахоҳад шуд."
Ӯ ба ҳаводорони худ "бавежа ҷавонон" тавсия кардааст, ки "шуълаи умедро дар синаҳои худ муҳофизат кунанд."
Оқои Мусавӣ аз ҳаводоронаш хостааст: "Ба худатон ва дӯстони ҳамфикратон баргардед ва ин бор ҳар шаҳрванд меҳваре бошад, барои як фаъолияти муфиди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ ва мунтазири ташвиқ ва кумаки давлате, ки ваҷоҳати худро аз даст додааст, набошед."
Дархости муҳокимаи Мирҳусейни Мусавӣ
Дар таҳаввули дигар басиҷи донишҷӯии донишгоҳи Теҳрон дар номае ба додситони кулли Эрон хостори муқокима Мирҳусейни Мусавӣ ба иттиҳоми муъовинат дар нооромиҳои ахир шудааст.
Ин нома бар нӯҳ банди мухталиф оқои Мусавиро бар асоси бандҳои қонуни маҷозоти исломӣ муҷрим дониста ва хоҳони расидагии қотеъона ва бидуни мусомиҳа шудааст.
Гуруҳҳои басиҷ дар Эрон муташаккил аз афроди мусаллаҳе ҳастанд, ки аз давлат дифоъ мекунанд.
© MMX