Advertisement
Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 30 Июн соли 2009 - 14:19

Ҳамкорӣ барои эминсозии партовҳои родиюоктив

Нақшаи Осиёи Миёна

Намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна гуфтанд, ки "бояд аз ҳарф ба амал гузашт"

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва чаҳор кишвари Осиёи Миёна дар ҳамоише дар Женев гуфтаанд, ки партовгоҳҳои урониюм дар Осиёи Миёна, ки пушти саддҳои заъифе нигаҳдорӣ мешаванд, таъмини оби сиҳӣ барои милюнҳо сокини минтақаро таҳдид мекунад.

Кишварҳои Осиёи Миёна дар ин ҳамоиш тасмим гирифтаанд ба эминсозии муштараки 800 милюн тун аз партовҳои родиюоктиф дар минтақа бипардозанд.

Намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистон дар поёни ин ҳамоиш эъломияи муштараке дар бораи ҳамкорӣ барои ҳалли масоили марбут ба партовгоҳҳои родиюоктиф интишор додаанд.

Ба гуфтаи масъулони Созмони Милали Муттаҳид, ин партовгоҳҳо метавонанд ба унвони бумби “касиф”-и родиюоктиф истифода шаванд.

Ин манбаъ ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки партовгоҳҳои родиюоктиф дар манотиқи маскунии пурҷамъият ва канори рӯдхонаҳое воқеъ ҳастанд, ки мумкин аст дар онҳо обхезӣ ба вуқуъ ояд ва ин омил хатароти ношӣ аз маводди родиюоктифро меафзояд.

Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, гуфтааст, ки адами эминсозии партогоҳҳои родиюоктиф метавонад дар қадами аввал авоқиби беҳдоштӣ ва муҳитзистии хатарноке “монанди истифода аз ҳар аслиҳае” ба дунбол дошта бошад.

Асадуллоҳ Ғуломов, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, ба хабарнигорон гуфтааст, ки кишвараш бо ин ки масоили марбут ба партовгоҳҳои родиюоктиф дар минтақа бояд ба таври муштарак ҳал шавад, мувофиқ аст.

Аммо вай афзудааст, замоне фаро расидааст, ки кишварҳои минтақа ва созмонҳои зидахл дар ин росто “аз сухан ба амал гузаранд.”

Қаблан Қирғизистон пешниҳод карда буд ки сандуқи вижае зери назорати СММ барои матраҳсозӣ ва ҳалли масоили марбут ба партовгоҳҳо таъсис ёбад.

Ӯзбакистон низ пешниҳодеро дар мавриди ҳамкориҳои муштарак ироа кардааст.

Ширкаткунандагони ҳамоиши Женев бар зарурати таъсиси ниҳоде барои идора, нобудсозӣ ва рекултиватсияи (корбурди дубораи) партовгоҳҳо бо талоши кишварҳои Осиёи Миёна ва кумаки ҷомеъаи молии байналмилалӣ таъкид кардаанд.

Ин дар ҳолест ки партовгоҳҳои аслии родиюоктиф дар Осиёи Миёна дар устони Суғди Тоҷикистон, Ҷалолободи Қирғизистон ва вилоёти Намангон ва Тошканди Ӯзбакистон воқеъ ҳастанд.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ ба ин сӯ мизони зиёде аз зуболаҳои родиюактиф боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи коршиносон, танҳо дар шимоли Тоҷикистон, бавижа дар партовгоҳҳои Адрасмон ва Табошари вилояти Суғд, ҳудуди 50 милюн тун зуболаи родиюактиф вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон дар ҳамоиши рӯзи сешанбеи 30 июн эълом кард, ки базудӣ дар ин кишвар Ожонси амнияти атумӣ ва родиюоктиф таъсис хоҳад ёфт, ки масъулияти ҳалли масоили марбут ба маводди ташаъшуъӣ дар ин кишварро ба уҳда хоҳад гирифт.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.