Advertisement
Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 26 Июн соли 2009 - 17:32

Ҷанг ва сулҳи тоҷикон: Ёде аз он рӯзҳои талх

ҷанги дохилӣ

Бар асоси манобеъи мухталиф, ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 беш аз сад ҳазор кушта додааст.

Имсол аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон 12 сол сипарӣ мешавад. Аммо бисёре аз мардуми Тоҷикистон, ки рӯзҳои ваҳшатнокеро дар даврони ҷанги дохилӣ дидаанд, мегӯянд, ки мусибати ҷанг ҳаргиз аз хотироташон зудуда намешавад.

Дар зер хотироти чаҳор тан аз афродеро мехонед, ки ваҳшати ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997-ро ба шеваҳои мухталифе таҷруба кардаанд:

Гулчеҳра Корвонова, 40-сола, сокини Душанбе

“Аслан кӯшиш мекунам, ки солҳои нооромӣ дар Тоҷикистон ва фоҷеъаи ба сари хонаводаи ман омадаро ба бутаи фаромӯшӣ супорам. Зеро аз ин давра ба ҷуз нолаву фарёд ва ашку ғам дигар чизе ба хотир надорам.

Аммо Зарина, фарзанди хурди худро ҳар замон мебинаму ба ёди он рӯзҳо меуфтам. Наметавонам охирин рӯзе, ки шавҳарамро дидам, фаромӯш кунам.

Шавҳарам Муродмаҳммад Саъодатов, ки дар корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе ба унвони муҳандис фаъолият дошт, субҳи рӯзи 28 ноябри соли 1992 бо ду нафар аз пайвандонамон, ки ҷавонони зери 30-сола буданд, аз манзил бо утумубили шахсӣ равонаи ҷойи кор шуд.

Он рӯз Муродмаҳммад ба ҷойи кор рафт, вале барнагашт ва аз он рӯз чашм ба роҳаш ҳастам. Ҳарчанд атрофиён мегӯянд, ки дигар мунтазираш набош, кушта шудааст, аммо ман то ҳол вайро мунтазирам.

Гулчеҳра Корвонова

Гулчеҳра бону 40 сол дорад ва бо се фарзандаш дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад

Ёдам аст, ки он рӯз вай ғайримунтазира баъд аз берун аз дар рафтан дубора бозгашту нимашӯхӣ ба ман гуфт: “дидор дар қиёмат”. Ман он дақоиқ ҳарфҳои вайро шухие беш қабул накардам. Аммо шаби аввале, ки вай ба хона бознагашт, ин ҳарфҳо дар гушам садо дод, даҳшат маро зер кард.

Ман хеле мунтазираш мондам, рӯзҳо гузаштанд, вале вай барнагашт.

Бархе аз ҳамсояҳо маро тассалӣ медоданд, аммо иддаи дигар мегуфтанд, ки мондани ман дар Душанбе хатарнок аст ва ман бо ду фарзандам ба Бадахшон рафтам. Вақти сафар ба Бадахшон дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе афроди зиёди низомиро дидам, ки шиносномаҳои ҷавонписаронро тафтиш мекарданд ва бархеро ба утубус савор мекарданд.

Ҳангоме, ки аз пости шиносномаҳо мегузаштам, як пулис баъд аз он ки шиносномаи маро дид, бо ман хашин рафтор кард. Ман хомӯш мондам, зеро аз амнияти ду кӯдаки зери панҷсолаи худ ва аз тифли дар батнам нигарон будам.

Дар Бадахшон духтарча таввалуд кардам ва исмашро Зарина гузоштам, ки ҳоло понздаҳ сол дорад.

Баъд аз як соли бозгашт ба манзилам, хонаро холӣ ёфтам. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки як шаб афроди номаълум дари вурудиро шикаста ва тамоми дороиҳои манзилро ба мошин бор карданду бурданд.

Кутуб ва албуми аксҳое, ки дар манзил монда буд, ҳамаро тикапора карда буданд.

Зӯҳро ва Зарина

Зарина ва Зӯҳро, ду духтари вай дар ҳоли ҳозир дар мадраса таҳсил мекунанд

Ман баъдҳо умед доштам, ки шавҳарам бармегардад. Рӯзе ҳамсояҳо гуфтанд, ки дар маҳаллаи Чортут, ки ду километр дуртар аз макони зисти мо воқеъ аст, аз гуре ҷасади чаҳор мардро пайдо кардаанд. Ман он ҷо рафтам ва хостам, ки аҷсодро бибинам, ки оё дар миёни онҳо шавҳарам ҳаст ё не?

Зеро дар маҳаллаи мо шоеъоте вуҷуд дошт, ки гӯё мошини шавҳари маро он субҳ афроди силоҳдор нигоҳ дошта ва баъдан яке аз онҳо савори мошин шуда, шавҳарамро ба ақиб нишонда ба ҷониби номаълум бурдаанд.

Ҳангоме ки мехостам аҷсодро бибинам, як муйсафед иҷоза надод, ки ба назди онҳо равам. Гуфт, ки кормандони интизомӣ дидани рӯйи ин афродро мамнӯъ кардаанд.

Ҳоло бо бачаҳоям зиндагӣ мекунем. Назар, писари бузурги ман, дар Русия мардикор аст ва Зӯҳрою Зарина дар Душанбе дар мадраса таҳсил мекунанд.

Фарзандонам то ҳол чашм ба роҳи падарашон ҳастанд.”

Марҳамат, 40-сола, сокини Душанбе

"Моҳи декабри соли 1993 буд, ки ба мо гуфтанд, занҳо бояд раванд, ки занакҳоро бесатр накунанд. Ман бо куллия занони савхози Ватан аз ноҳияи Шаҳритуз гуреза шудем. Рафтем лаби дарёи Афғонистон (Панҷ). Ду моҳи дарози зимистон дар онҷо будем. Як саҳнаи бузурги қумзор, дар он 6 ҳазор нафар будем. Он вақт ҳануз тоҷикон ба тарафи Афғонистон муроҷеъат накарда будем.

Шаб мешуд, касе курпа гирифта буд, фарзандонашонро мепечонд, касе надошт, ҳоли зор дошт. Ҳар субҳ, ки мехестем, онҷо як мотамхонаи бузург буд. Яке духтараш аз хунукӣ мурда, дигаре писарчааш. Инаш фарзанди панҷмоҳааш фавт карда, дигарӣ кӯдаки яксолааш. Ҳама гиря мекарданд.

Марҳамат

Духтари ман он гоҳ семоҳа буд. Дертар падарам ва бародарҳоям ба мо пайвастанд, бо худ аз қишлоқ гаҳвораи духтарамро оварданд. Ҳамон гаҳвора ҷони духтари маро аз марг наҷот дод. Чун гаҳвора аз замин баландтар буд, фарзандам зинда монд.

Як ҳамсояи узбак доштем, вай падарамро огоҳ кард, ки шаб мехоҳанд ӯро бо бародарҳоям парронанд. Ҳамон рӯз падарам ва бародарҳоям аз қишлоқ гуреза шуданд ва ба мо пайвастанд. Аммо тақрибан пас аз ду моҳ мо баргаштем қишлоқ ва аз онҷо Душанбе омадем.

Як замон хабар расид, ки вақте мардҳои мо мехостанд баргарданд, қойиқҳои онҳоро аз чархбол тирборон кардаанд ва дар онҷо тақрибан 2000 тоҷик мурдааст. Мо фикр кардем, ки падару бародарҳои ман ҳам онҷо мурданд. Аммо дертар як нафар аз Афғонистон омад ва гуфт, ки онҳо зиндаву саломат дар Мазори Шариф ҳастанд. Падарам фикр мекард, ки мо дигар зинда нестем.

Як барномаи родию буд. Ман ва модарам чор бор рафтем онҷо ва ба падару бародарам паём фиристодем. Баъд падарам гуфтанд, ки вақте садои моро дар родию шуниданд, бовар кардаанд, ки метавонанд баргарданд.

Аммо панҷ амакам ва ду писарамакамро, ки дар қишлоқи Камсомоли ноҳияи Бешкент зиндагӣ мекарданд, куштаанд. Онҳо аспакӣ аз байни саҳрои ҷугориву пахта ба Қаротегин гуреза шуда буданд. Аммо рӯзе “боевикҳо” онҷо омада ва аз мардум хостаанд, ки гурезаҳо як тараф ва мардуми таҳҷойӣ як тараф қатор шаванд. Гурезаҳоро ба мошинҳо савор карда бурданд, ба мардум гуфтаанд ки онҳоро ба маҷлис мебаранд.

Як рӯз пас, ҳамон ду мошини борбар мурдаҳои мардҳоро оварданду гуфтанд: “Маҷлис тамом шуд. Мурдаҳоятонро ҷудо кунед.” ...Хуб шуд, ки ақалан соҳибони мурдаҳо ҷасадашонро ёфтанд. Чунки зиёдеҳо дар он замон аҷсоди пайвандонашонро пайдо намекарданд.

Мухтор Боқизода, рӯзноманигор

"Дар баҳори соли 1993 ман дар чопхона хабари кушта шудани Сангак Сафаров, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи мардумии Тоҷикистонро рӯйи саҳфа мегузоштам ва дар ин фурсат миёни рӯзноманигорон дар мавриди ҳувияти ин шахс мубоҳисоте сурат гирифт.

Бархе ӯро қаҳрамони миллат мегуфтанд, аммо ман эътироз кардам, ки шахсе, ки хуни фарзандони тоҷикро рехтааст, ба ҳеч ваҷҳ ба манзалат нахоҳад расид.

Боқизода

Хабарнигорони расонаҳои расмӣ барои ин назар аввал маро дашном дода ва сипас кутак заданд. Агар ду зани ношири олмонитабор аз ман пуштибонӣ намекарданд, шояд ба ман осеби ҷиддии ҷисмонӣ ворид мешуд.

Дар пайи ин ҳодиса дар идораи “Садои мардум” ба ман доғи “опозисиюн” часпонда шуд ва фишори равонӣ афзоиш ёфт. Дар ниҳоят, ман ва се рӯзноманигорро барои ақоиди мутавофит аз кор барканор карданд.

Тиллои Некқадам, хабарнигори нашрияи “Садои мардум”-ро ба хотири бадахшонӣ буданаш хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Ҷангиёни Ҷабҳаи мардумӣ вилояти Бадахшон ва водии Раштро аз манотиқи мухолифони давлат хонда ва намояндагони ин манотиқро таъқиб мекарданд.

Ман Тиллои Некқадамро муддати 22 рӯз дар манзили худ, дар паси гоҳвораи фарзандам пинҳон кардам. Дар ғайри ин сурат ин хабарнигори бегуноҳ ба дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта мешуд.

Ману рӯзноманигор Ҷалоли Садриддин шоҳиди дастгир шудани Хушбахтшоҳ Муборакшоев, хабарнигори бадахшонӣ, дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе будем. Афроди мусаллаҳ ӯро ба зӯр аз утубус пиёда мекарданд. Пас аз ин ҳодиса Хушбахтшоҳ нопадид шуд ва дигар аз ӯ хабаре нест.

Дар он солҳо, ман бо рӯзноманигорн Тиллои Некқадам ва Абдуғаффор Мирзозода ба ҷамъоварии аснод ва аксҳои рӯзноманигороне, ки қурбони ҷанги дохилӣ ва нооромиҳои Тоҷикистон шуда буданд, шурӯъ кардам.

Дар соли 1999 Сандуқи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистонро таъсис додем ва то ҳол асноду аксҳои 78 рӯзноманигори фақидро ҷамъоварӣ кардаем..."

Робияи Холмирзо, сокини вилояти Хатлон

"Ман дар соли 1992 24 сол доштам ва дар рустои кӯҳистонии Оби Ошиқ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ омӯзгор будам, ки як рӯз аз родию садои даъват ба ҷангро шунидам ва сиёҳие тамомии вуҷудамро фаро гирифт.

То он замон, мо ҷангро фақат дар филмҳо дида будем. Рӯзи сиёҳи мардуми ноҳияи мо низ ҳангоме сар шуд, ки Восит, яке аз фармондеҳони ҷанг, ба деҳаи мо омад ва хост ситоди худро дар масҷиди деҳа ташкил кунад.

Робеъа

Амаки Рамазон, ки аз шахсиятҳои муътабари деҳ буд, мухолифат кард ва гуфт, ки “мо мардуми мусалмон ҳастем ва чунин кор дар масҷид хуб нест”. Восит туфангчаро дар пешонии амаки Рамазон гузошт ва бо таҳдид гуфт, ки “ситод дар хонаи ту хоҳад шуд”.

Восит ва ҳаммаслаконаш ба азияту озори мардум шурӯъ карданд. Аз корҳои ваҳшиёнаи вай қатли Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони саршинос дар пойизи соли 1992 буд. Як шаб Восит фармон дод, ки ҳамаи сокинон деҳаро тарк кунанд. Вақте ки Холмурод, ҷавони 20-сола, ба хотири падари нотавонаш аз ин фармон сар печид, дар даст косаи хӯрок бо тири ин фармондеҳи бераҳм кушта шуд.

Восит ва тарафдоронаш занону духтарон ва кӯдаконро низ озор медоданд. Шоҳид будам, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ аз деҳаи мо нисбат ба духтарони ҷавону покдоман аъмоли нангинро раво медиданд. Як духтари покдоман, ки дар зебоӣ бемисл буд, ба дасти Восит кушта шуд, зеро нахост номусаш доғдор шавад.

Аз ҷанги хонумонсӯз як дунё алам дорам. Ҷанг шавҳари азизамро аз ман рабуд. Нуриддин ба касе бадӣ накарда буд ва ба ҳеч гурӯҳе ҳамроҳ набуд, аммо қурбони ҷанг шуд. Ҳамакнун 17 сол аст, ки се фарзандам ранҷи бепадарӣ мекашанд ва гоҳе дар посух гуфтан ба суолоти онҳо дар бораи падарашон душворӣ мекашам.

Дар пайи бедодгариҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳамаи сокинони деҳаи Оби Ошиқ тарки русто карданд ва чанд сол дар муҳоҷират ва гурезагӣ буданд. Ман он замона шеъре навиштам ба номи “Деҳаи матрук”, ки он чунин аст:

Мечакад борон зи гардунҳо,

Мечакад борон зи бому дар.

Ҳамчу тоқи хонаҳо гардад

Тоқҳои дидаи ман тар.

Мечакад борон зи гардунҳо

Хонаҳо фарсуда, вайрона.

Дастхуш гаштӣ, ту эй тоҷик,

Аз барои қавми бегона.

Мечакад борон зи гардунҳо,

Деҳаи вайрона худ панд аст.

Балки борон нест, эй мардум,

Ашки чашмони Худованд аст..."

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.