
Дар ноҳияи Файзобод Гулғунча шояд аз аввалин духтароне бошад, ки шавҳари хориҷӣ кардаанд
Дар Тоҷикистон мавориди издивоҷи занону духтарони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ рӯ ба афзоиш аст.
Дар соли гузаштаи милодӣ 675 мавриди чунин издивоҷҳо дар дафотири сабти издивоҷ ва талоқ дар Тоҷикистон сабт шуда ва дар панҷ моҳи имсол 282 зану духтари тоҷик барои худ ҳамсарони хориҷӣ интихоб кардаанд.
Афғонистон, Эрон, Омрико, Конодо, Русия, Узбакистон, Қазоқистон ва бархе аз кишварҳои урупоӣ дар садри феҳристи кишварҳое қарор доранд, ки шаҳрвандонашон бо занону духтарони тоҷик издивоҷ кардаанд.
Людовик ва Гулғунча
Рустои кӯҳистонии Меҳробод, дар ноҳияи Файзобод, зодгоҳи Гулғунча Солеҳова аст. Людовик Роён Франсуа барои дидор бо хонаводаи Гулғунча, арӯси тоҷики худ, аз Фаронса ба Тоҷикистон омадааст. Ӯро баъзе дӯстонаш Ҷулиет ҳам ном мебаранд.

Барно Насимова: “Ба назарам, ин ҷо ғаразҳое матраҳ аст ва ин издивоҷҳо бештар ҳисобшуда ҳастанд"
Хонаводаи Гулғунча тибқи русуми миллӣ аз домодашон истиқбол карданд. Ба гуфтаи модари Гулғунча вай танҳо орзӯи хушбахтии духтарашро дорад.
Дар ноҳияи Файзобод Гулғунча шояд аз аввалин духтароне бошад, ки суннату қолабҳоро шикаста ва шавҳари хориҷӣ кардаанд. Маъмулан дар Тоҷикистон аз издивоҷи духтарони тоҷик бо ғайримусалмонҳо истиқбол намешавад.
Шояд ба ин хотир Людовик ҳозир шуд Исломро бипазирад ва онҳо никоҳи мусалмонӣ карданд. Сипас онҳо никоҳи худро дар дафтари сабти издивоҷ ва талоқ дар шаҳри Душанбе ба сабт расонданд.
Барно Насимова, мудири Хонаи ақди никоҳи Душанбе гуфт, соли гузашта 57 зану духтари тоҷик дар ин шаҳр шавҳари хориҷӣ кардаанд.
Ба гуфтаи вай, дар панҷ моҳи имсол 40 маврид аз издивоҷи занону духтарони тоҷик бо хориҷиҳо дар Хонаи ақди никоҳи Душанбе сабт шудааст.
“Ман ӯро дӯст доштам”
Барно Насимова дар бораи далоили афзоиши издивоҷи духтарони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ мегуяд: “Ба назарам, ин ҷо ғаразҳое матраҳ аст ва ин издивоҷҳо ҳисобшуда ҳастанд. Зеро тафовути синну сол миёни арӯсҳо ва домодҳо зиёд аст. Ҳамчунин ақоид, урфу одат ва эътиқоду мазҳабҳои онон аз ҳам тафовут доранд.”

Ба гуфтаи модари Гулғунча, вай танҳо орзӯи хушбахтии духтарашро дорад
Бештари коршиносон фақр ва бекориро аз далоили аслии издивоҷи занону духтарони тоҷик бо хориҷиҳо медонанд.
Аммо Гулғунча вазъи молии баде надорад. Зеро вай дар дафтари низомиёни фаронсавӣ дар Душанбе кор мекунад ва дастмузди нисбатан хубе ҳам мегирад. Зимнан бештари меҳмонони маҳфили арӯсии вай низомиёни фаронсавии муқими Тоҷикистон буданд.
Гулғунча мегӯяд: “Ман се сол мешавад, ки ин шахсро мешиносам. Ман ба хотири сарват бо ӯ издиовҷ накардам, танҳо ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки ман ӯро дӯст доштам.”
Умед ба зиндагии беҳтар
Нуктаи муҳимми дигаре, ки ба изофаи гуногунии мазҳаб дар робита бо чунин издивоҷҳо матраҳ аст, фарҳанг ва одобу русум миёни арӯсҳои тоҷик ва домодҳое монанди Людовик аст.

Людовик Роён Франсуа барои дидор бо хонаводаи Гулғунча, арӯси тоҷики худ, аз Фаронса ба Тоҷикистон омадааст
Людовик дар ин робита гуфт: “ Дар масоили мазҳабӣ, суннану русуми ҳамдигар мушкиле надорем. Ҷулиет чанд бор ба Урупо сафар кардааст, вай забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва инглисиро хуб медонад. Миёни мо ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад.”
Вале ҳамаи занону духтарони тоҷик, ки бо хориҷиҳо издивоҷ мекунанд, монанди Гулғунча чанд забонро балад нестанд ва пояи иттиҳодашон ҳам аз ишқу муҳаббат сохта нашудааст.
Ҳар чи набошад, афзоиши мавориди издивоҷи духтарони тоҷик бо хориҷиҳо раванди иҷтимоъии тозае ҳаст.
Афзоиши мавориди издивоҷи духтарони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон метавонад вокунишҳои гуногуне дар пай дошта бошад.
Аммо он чи ки дар бештари маворид духтарони тоҷикро ба ин амал вомедорад, умеди онҳо ба зиндагии шоиста ва беҳтаре будааст.
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд
© MMX