Advertisement
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 17 Июн соли 2009 - 07:31

СБП: “Ба Тоҷикистон кӯмаки бештар хоҳем кард”

Доминик Стросс-Кан

Доминик Стросс-Кан аз Барномаи зиддибӯҳронии давлати Тоҷикистон истиқбол кард

Сандуқи Байналмилалии Пул дар садад аст, барои рафъи мушкили камбуди будҷет ба давлати Тоҷикистон кӯмакҳои бештари молӣ тахсис диҳад.

Ин матлаб рӯзи чаҳоршанбе, 17 июн, аз сӯйи Доминик Стросс-Кан, мудири омили Сандуқи Байналмилалии Пул пас аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълом шуд.

Ба гуфтаи оқои Стросс-Кан, таҳлилҳои коршиносони ин ниҳод собит кардааст, ки воқеъан давлати Тоҷикистон ба камбуди шадиди маболиғи будҷет мувоҷеҳ аст. Вай афзуд, ки дар сӯҳбат бо президент Раҳмон низ ин мавзӯъ авлавият доштааст.

Ба гуфтаи вай, президент Раҳмон изҳор доштааст, ки бо вуҷуди камбуди шадиди будҷет, давлати Тоҷикистон аз иҷрои барномаҳои иҷтимоии худ сарфи назар нахоҳад кард, вале давлат ночор шудааст, иҷрои бархе аз аҳдофи худро ба таъвиқ гузорад.

Оқои Стросс-Кан гуфт: "Дар пайи коҳиши баҳои олюминиюм ва панба дар бозорҳои ҷаҳонӣ иқтисоди Тоҷикистон ба мушкилот рӯбарӯ аст ва СБП тасмим гирифт, барои ҳалли ин мушкилот ба давлати ин кишвар мусоъидат кунад".

Дар гузашта СБП эълом карда буд, ки ба давлати Тоҷикистон 116 милюн дулор кӯмаки молӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи мудири омили СБП кӯмакҳои мадди назари изофӣ бар иловаи ин маблағ хоҳад буд.

СБП

Сандуқи Байналмиллалии Пул дар садад аст ба Тоҷикистон кӯмакҳи изофии молӣ тахсис бидиҳад

Дар посух ба ин суол, ки маблағи ин кӯмакҳо чӣ замоне эълом хоҳад шуд, оқои Стросс-Кан гуфт, ки "тасмими ниҳоӣ баъд аз сафари гурӯҳи коршиносони ин ниҳод ба Тоҷикистон иттихоз мешавад."

Дар ҳамин ҳол, Доминик Стросс-Кан аз Барномаи зиддибӯҳронии давлати Тоҷикистон истиқбол кард ва гуфт, ки барои фароҳам кардани маболиғи изофӣ барои иҷрои муфодди ин санад мусоъидат хоҳад кард.

СБП ҳамчунин аз коҳиши баҳои сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон истиқбол кардааст. Оқои Стросс-Кан дар ин бора гуфт: "Ин амре ногузир буд ва ҳамакнун ин қимат бозгӯи вазъи воқеии иқтисоди Тоҷикистон аст."

Вай афзуд, коршиносони СБП бар ин назаранд, ки таназулли молӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон то поёни соли ҷорӣ идома мекунад ва дар соли 2010 рушди шохисҳои иқтисодӣ дар бештаре аз кишварҳо сурат хоҳад гирифт.

Ба ин далел Доминик Стросс-Кан гуфт: "Солӣ ҷорӣ барои Тоҷикистон низ хеле душвор хоҳад буд. Вале беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон дар соли оянда ба Тоҷикистон низ асар хоҳад гузошт."

Ба гуфтаи мудири омили СБП интизор меравад дар соли оянда қимати олюминиюм ва панба дар бозорҳои ҷаҳон то андозае афзоиш пайдо кунад, ки низ ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон асари мусбат мегузорад.

СБП аз созмонҳои аслии кӯмаккунандаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ба гуфтаи бархе аз намояндагони тими иқтисодии давлати ин кишвар, тасмими ин ниҳод барои иттихози кӯмакҳои изофӣ ба Тоҷикистон созмонҳои дигареро низ ба ироаи чунин кӯмакҳо водор хоҳад кард.

Бонки Миллии Тоҷикистон

То як соле қабл равобити миёни Тоҷикистон ва СБП ба далели ироаи иттилоъи носаҳеҳ аз сӯйи Бонки Миллии Тоҷикистон ба ин созмон хатчадор шуда буд

Зеро ба гуфтаи онҳо, СБП дар низоми молии ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад ва мавқеъи ин созмон дар қиболи кишварҳои мухталиф дар тасмимгирии кишварҳо ва созмонҳо барои ҷалб ё пас гирифтани сармоя нақш дорад.

Равобити ноҳамвори СБП ва Тоҷикистон

Вале равобити Тоҷикистон бо СБП дар беш аз як соли ахир чандон ҳамвор набуд. Дар авоили соли гузаштаи мелодӣ СБП давлати Тоҷикистонро дар ироаи иттилоъи носаҳеҳ ба ин созмон муттаҳам ва тақозои бозпардохти қабл аз мавқеъи бидеҳиҳои худро карда буд.

Яке аз шароити оғози ҳамкориҳои муҷаддад бо ин созмон анҷоми бозрасии байналмилалии фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон унвон шуда буд. Давлати Тоҷикистон бо чунин шарт мувофиқат кард ва чанд моҳе қабл натоиҷи ин бозрасӣ, ки аз сӯйи ширкати "Эрнст энд Янг" анҷом шуда буд, мунташир шуд.

Дар гузориши ин гурӯҳи бозрасони байналмилалӣ эълом шуд, ки дар фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон шаффофияти кофӣ мушоҳида намешавад ва истифодаи ғайримуассир аз дороиҳои ин ниҳод дида шудааст.

Бозрасон ҳамчунин изҳор доштаанд, ки Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ, ки ҳоло муъовинати нахуствазири Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, дар фаъолиятҳои "маҳрамона ва машкуки" ин бонк нақши калидӣ доштааст.

Ахиран, Бонки Миллии Тоҷикистон гузориш додааст, ки тибқи тавофуқот бо СБП, давлати Тоҷикистон натоиҷи ин бозрасиро барои таҳқиқ ба ниҳодҳои интизомии кишвар ироа кардааст.

Ҳамчунин дар пайи пешниҳоди гурӯҳи бозрасони байналмиллалӣ давлати Тоҷикистон моҳе қабл ба қонуни ин кишвар дар бораи Бонки Миллӣ ислоҳоте ворид кард. Ба гуфтаи раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, зарурати чунин ин амр ба далели муассир сохтани фаъолияти ин ниҳоди молӣ ва тақозои созмонҳои молии байналмиллаӣ ба миён омадааст.

سایت های بی بی سی

Advertisement

BBC © MMX

بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.