Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 05 Июн соли 2009 - 14:49

Асароти партовгоҳи шаҳр бар муҳити зист

Партовгоҳ дар Душанбе

Ба ин партовгоҳ ҳудуди 40 сол боз ҳамарӯза пасмондаҳо ва ошғол оварда мешавад

Коршиносони муҳити зист дар Тоҷикистон мегӯянд партовгоҳи ошғоле, ки дар ҳумаи шарқии шаҳри Душанбе вуҷуд дорад, вазъияти беҳдорӣ ва муҳити зисти пойтахт ва маҳаллоти ҳумаи онро бо хатар мувоҷеҳ кардааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, дар асари боришҳои зиёди фасли баҳори имсол ҷорӣ шудани об аз ин партовгоҳ ба ҷӯйборҳо ва рӯдхонаи Кофарниҳон мунҷар ба касиф шудани оби ин рӯдхона шудааст.

Ин дар ҳолест ки ба назар мерасад, ки сокинон дар бархе аз қисматҳои соҳили рӯдхонаи Душанбе низ, ки аз маркази шаҳр ҷорӣ мешавад, пасмондаҳои ошғол ва васоили дигари нолозим барои рӯзгорро парт мекунанд. Ҳамчунин, бештари ҷуйборҳои касифи шаҳр ба ин рӯдхона мепайванданд ва ҳамроҳ бо худ ошғоли зиёдеро ба об меандозанд.

Партовгоҳи Душанбе

Ин партовгоҳ ҳанӯз дар солҳои 1970 барои нигаҳдории муваққатии зуболаҳо ва ошғол пойтахти Тоҷикистон шакл гирифта буд. Қарор буд баъд аз бунёди корхонаи коркарди пасмондаҳо ва ошғол дар ҳумаи шаҳри Душанбе ин партовгоҳ аз миён бурда шавад.

Оби касиф

Ҷуйборҳои касифи шаҳр ба рӯдхона мепайванданд ва ошғоли зиёдеро ба об меандозанд

Аммо бо гузашти замон ва бамавқеъ бунёд нашудани ин корхона, партовгоҳ дар ҳумаи шарқии шаҳри Душанбе ба як макони бузург ва касифи ошғол ва зуболаҳо табдил шудааст.

Масъулони Идораи назорати давлатии беҳдорӣ ва пешгирии амрози мусрӣ аз тавзеҳи вазъи кунунии ин партовгоҳ бо баҳонаҳои мухталиф худдорӣ карданд.

Дар рӯзи байналмилалии муҳити зист, ки мусодиф бо 5 июн аст, барои ошноӣ бо муҳити зисти атрофи ин партовогоҳ, ки дар нуҳкилуметрии шарқи Душанбе воқеъ аст, равонаи ин макон шудам.

Дувоздаҳ ҳектор ошғол

Бо дидани ҳар ҷойи атроф аз пасмондаҳои покетҳои плостик ва бутриҳои пулиэтилин мутаваҷҷеҳ шудам, ки ба макони партовгоҳ наздик шудаам. Ва бо намудор шудани ин партовгоҳ бӯйи ганду магасҳои зиёде атрофро фаро мегирифт.

Дастони касиф

Дастони кӯдакон касиф буданд

Дар роҳ дидам, ки чанд мошини ҳомили пасмондаҳо ва ошғоле, ки аз Душанбе гирдоварӣ шудааст, ба ин ҷо меомаданд. Манзараи партовгоҳе, ки ҳудуди чиҳил сол боз пасмондаҳо ва ошғоли шаҳрро ба коми худ фурӯ мебурд, даҳшатангез аст.

Ин партовгоҳ дар баландие, ки аз он қисмати аслии маркази шаҳр низ намоён буд, воқеъ аст. Дар дохили он даҳҳо афроди бузургсол ва кӯдак машғули дастабандӣ кардани бутриҳо ва покетҳои плостикӣ ва дигар анвоъи пасмондаҳо буданд.

Дар дасти ҳеҷ кас аз онҳое, ки дар наздикии мо қарор доштанд, дастпӯшак ва ё дигар васоили қобили ҷилавгирӣ аз чирк ва касофат ба назар намерасид.

Кӯдакон дар партовгоҳ

Марде, ки дар партовгоҳ ҳамроҳ бо духтари 15-солаи худ машғули кори дастабандӣ буд, мегӯяд, ки 27 сол боз шоҳиди оварда шудани ошғоли шаҳр ва навоҳии атроф ба ин партовгоҳ будааст.

Ин мард, ки аз бурдани номаш худорӣ кард, мегӯяд, ки рустои онҳо дуртар аз ин партовгоҳ воқеъ аст ва ӯ дар мавриди таъсироти манфии партовгоҳ ба вазъи муҳити зисти атроф чизе намедонад.

Аммо вай афзуд: "Барои мо муҳим он аст, ки аз ин партовгоҳ мо даромади рӯзгорамонро пайдо мекунем. Дар як рӯз аз панҷ то бист сомонӣ аз дастабандии покетҳои плостикӣ ва бутриҳо ба даст меорем."

Мутаввали

Мутаваллӣ мегӯяд дар як ҳафта аз як то се бор ду мошин барои зиддиуфунӣ кардани партовгоҳ меоянд

Он чи ба назар риққатбор менамуд, ин буд, ки кӯдакони зиёде аз шаш то 15-сола дар ин макони касиф машғули дастабандӣ кардани ошғол буданд.

Бештари ин кӯдакон дар бораи ин ки ин фаъолият рӯйи саломати онҳо таъсироти баде хоҳад гузошт, иттилоъе надоштанд. Аммо Фирдавси 12-сола, ки зоҳиран бемор ба назар менамуд, мегӯяд, ки бисёре авқот аз бемории исҳол ранҷ мебарад. Фирдавс мегӯяд, ки модараш аз вай хоҳиш кардааст, то барои танӯр ва пӯхтани ғизо аз ин партовгоҳ маводди сӯхтӣ биёрад.

Ду кӯдаки дигар, ки бо дидани мо хоҳиш карданд, то аз онҳо акс бигирем, худро Фаридун ва Дилшод номиданд. Онҳо низ гуфтанд, ки ба ин макон барои корҳои мухталиф, аз ҷумла дастабандии пасмондаҳо, меоянд ва каме пул ба даст меоранд.

Дастони ин кӯдакон касиф буд ва дар наздикии ин партовгоҳ лӯлаи обе ба назар намерасид.

Иқдомоти зиддиуфунӣ дар партовгоҳ

Аз масъулони ин партовгоҳ танҳо Муттавалӣ, ки посбонии онро бар уҳда дорад, розӣ шуд, то ба саволоти ман посух бидиҳад. Аз вай пурсидам, ки магар дар ин макон ҳеҷ гуна корҳои зиддиуфунӣ анҷом намешавад, ки магасҳо ва дигар порозитҳо дар атроф ин қадар зиёд ҳастанд?

Муттавалӣ мегӯяд, ки дар як ҳафта аз як то се бор ду мошин барои зиддиуфунӣ кардани партовгоҳ меоянд. Вай афзуд, ки ҳоло магас ва порозитҳо нисбатан камтар шудааст.

Алихон Латифӣ, коршинос дар умури муҳити зист мегӯяд, ки ин партовгоҳ бар вазъи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва атрофи он таъсироти баде мерасонад.

Ба гуфтаи оқои Латифӣ, масъулони вақт дар замони Шӯравӣ ба ҳангоми интихоби ин ҷо барои партовгоҳ иштибоҳ кардаанд, аммо вай афзуд: "Ба назари ман масъулони шаҳрдорӣ барои бунёди корхонаи коркарди пасмондаҳо ва ошғол дар Душанбе иқдомотеро оғоз кардаанд, вале иҷрои он дарозмуддат хоҳад буд ва шояд чанд солро дар бар гирад."

Афрод дар партовгоҳ

Кӯдакони зиёде аз шаш то 15-сола дар ин макони касиф машғули дастабандӣ кардани ошғол буданд

Ба ақидаи ин коршиноси муҳити зист, мавҷудияти ин партовгоҳ дар наздикии шаҳр дар заминаи арзёбии кайфияти вазъи муҳити зист дар Тоҷикистон таъсири баде хоҳад гузошт.

Масъулони зидахли Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, аз ҷумла Идораи назорати давлатии беҳдорӣ ва пешгирии амрози мусрӣ аз додани иттилоъ дар мавриди вазъи беҳдорӣ дар шаҳри Душанбе ва дар бораи таъсири ин партовгоҳ худдорӣ карданд.

Бархе дигар аз коршиносони муҳити зист бо ишора ба дурии макони партовгоҳ аз шаҳр бар ин назаранд, ки ин партовгоҳ ҳеҷ таъсири манфие бар вазъияти беҳдорӣ ва муҳити зисти пойтахт намегузорад.

Гузоришҳои бархе аз созмонҳои марбут ба муҳити зист ҳокӣ аз он аст, ки кишварҳои пешрафта бештар даргири масоили олудагии бархоста аз корхонаҳои санъатӣ ҳастанд, вале кишварҳои рӯ ба пешрафт бештар аз мушкилоти беҳдоштие чун бемориҳои ношӣ аз оби касиф ранҷ мебаранд.

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.