
Тоҳири Абдуҷаббор дар соли 1991 аввалин тарҳи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро навишт ва ба унвони узви порлумон ба Шӯрои Олӣ муъаррифӣ кард
Субҳи рӯзи сешанбе, 21 апрел, Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҷунбиши мардумии "Растохез" ва аввалин нависандаи тарҳи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон, дар синни 63-солагӣ дар зодгоҳаш, ноҳияи Ашт, даргузашт.
Оқои Абдуҷаббор тайи чанд моҳи ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд ва талошҳои пизишкон барои наҷоти ҷони ӯ чи дар Тоҷикистон ва чи дар Эрон натиҷае надод. Қарор аст ҷасади вай дар гӯристоне дар зодгоҳаш дар ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, ба хок супурда шавад.
Тоҳири Абдуҷаббор тайи чанд соли ахир дар Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дарс медод. Вай ба унвони коршиноси умдаи иқтисодӣ мақолоти зиёде дар нашрияҳои Тоҷикистон интишор додааст.
Бештари мақолоти вай ба зарурати ҳифзи манофеъи миллии Тоҷикистон ва таъмини адолати иҷтимоъӣ муртабит буд ва ӯ аз тарафдорони сарсахти демукросӣ ва озодигаройӣ дар ин кишвар буд.

Cуханронии Тоҳири Абдуҷаббор дар анҷумани "Растохез" дар соли 1989
Бунёнгузори "Растохез"
Фаъолияти оқои Абдуҷаббор нахуст ба унвони пажӯҳишгари улуми иқтисодӣ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шурӯъ шуд ва дар авохири солҳои 1980 вай аз мубтакирони аслии маҳфили мавсум ба "Ошкоро" буд, ки аз ҳифзи арзишҳои миллӣ сухан ба миён оварда буд.
Баъдтар, вай бо гурӯҳе аз тарафдорону ҳамандешонаш созмони мавсум ба Ҷунбиши мардумии "Растохез"-ро таъсис дод. Ин нахустин созмони расмии мухолиф бо ҳизби кумунист дар Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Вале ин созмон дар фаъолияти худ бо мавонеъи зиёде рӯбарӯ шуд ва гуфта мешавад дастгоҳи иттилоъотии Шӯравӣ, КГБ, бар фаъолияти аъзои ин гурӯҳ назорат мекард ва бо парокандани шоеъоте дар ҷомеъаи шоеъоте талош дошт ононро дар чашми мардум бадном кунад.
Дар соли 1989 Тоҳири Абдуҷаббор ва рӯшанфикрони дигари тоҷик бо муборизаҳои тӯлонӣ муваффақ шуданд, ки забони форсии тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба забоне расмӣ табдил шавад. Қонун дар бораи забон дар он замон тасвиб шуд.
Тоҳири Абдуҷаббор дар соли 1990 аввалин тарҳи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро навишт ва ба унвони узви порлумон ба Шӯрои Олӣ муъаррифӣ кард. Ҳарчанд ин тарҳ пазируфта нашуд, вале баъд аз як сол, дар пайи кудетои моҳи августи соли 1991 ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, порлумони Тоҷикистон ночор шуд аз мафодди ин тарҳ истифода кунад.
Дар замони оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 оқои Абдуҷаббор Тоҷикистонро тарк кард ва замоне дар Эрон ва сипас муддате дар Қирғизистон ба сар бурд. Вай дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, дар донишгоҳе ба тадрис машғул буд ва соли 2006 ба Тоҷикистон баргашт.

Тӯраҷонзода: "Тоҳири Абдуҷаббор ҳамчунин дар дастёбӣ ба сулҳи тоҷикон ва таҳияи тарҳи Созишномаи оштии миллӣ нақши муҳимме дошт"
Вай тӯли як сол натавонист дар шаҳри Хуҷанд шуғле барои худ пайдо кунад ва сипас ба Душанбе кӯчид ва то замони хурӯҷи беморияш дар ин ҷо ба сар мебурд.
Шахсияте нотакрор
Акбари Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ки дар гузашта аз мухолифони давлат ба шумор мерафт, мегӯяд, ки даргузашти оқои Абдуҷаббор талафоти сангине барои куллияи озодандешони кишвар аст.
Оқои Тӯраҷонзода афзуд, ки дар замони ҳамкорияш бо Тоҳири Абдуҷаббор дар порлумони вақти Тоҷикистон шоҳид буд, ки вай чигуна тарҳи Қонуни асосӣ ва Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро таҳия кард, дар ҳоле ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчунон побарҷо буд.
Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, ки дар замони муҳоҷират дар Эрон ҳамсояи Тоҳири Абдуҷаббор буд, вай ҳамчунин дар дастёбӣ ба сулҳи тоҷикон ва таҳияи тарҳи Созишномаи оштии миллӣ нақши муҳимме дошт. Ҳарчанд Тоҳири Абдуҷаббор он замон аз муборизоти сиёсӣ канор рафта буд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, узви порлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ даргузашти Тоҳири Абдуҷабборро талафоти сангине барои мардуми ин кишвар, бавижа рӯшанфикрон ва миллатдӯстон хонд.
Ба эътиқоди оқои Кабирӣ, миллати тоҷик дар даҳсолаҳои баъдӣ шахсияти пешрафтае назири Тоҳири Абдуҷаббор нахоҳад дошт.

Оқои Кабирӣ: "Миллати тоҷик дар даҳсолаҳои баъдӣ шахсияти пешрафтае назири Тоҳири Абдуҷаббор нахоҳад дошт."
Вай афзуд: "Мутассифона, сиёсатмадорон ва рӯшанфикрони феълӣ ҳануз дар пояи андешаҳои даҳаи 1980 Тоҳири Абдуҷаббор қарор доранд ва бо гузашти солҳо мо метавонем танҳо бар пояи як дарсади андешаҳои вай бирасем."
Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ки оқои Абдуҷаббор дар тӯли ин солҳо мавзеъгирии худро таҳти таъсири ҳеҷ як омиле тағйир надод. "Барои Тоҳири Абдуҷаббор танҳо андеша арзиш дошт, на мақом ё сарват."
Оқои Кабирӣ афзуд, ки даргузашти Тоҳири Абдуҷаббор барояш мусибати азимест, зеро "ба унвони як фарди тоҷик эҳсоси нотавонӣ мекунам ва хиҷолат мекашам, ки устод Абдуҷаббор дар ҳолати шигифтангезе дунёро тарк карданд ва мо натавонистем барояш кумак кунем."
"Ӯ муқассири ҷанг набуд"
Аҳмадшоҳ Комилзода, аз дӯстони Тоҳири Абдуҷаббор, бар ин назар аст, ки вай барои Тоҷикистон шахсе нодир буд ва аз донишҳои зиёде дар бахши сиёсат, иқтисод ва иҷтимоъ бархурдор буд. Ҳамзамон инсони бузург ва ботаҳаммул буд.
Оқои Комилзода ба хотир меоварад, ки дар авосити даҳаи 1980-ум Тоҳири Абдуҷаббор, ки аз ҷонибдорони тасвиби Қонуни забони тоҷикӣ дар ин ҷумҳурии шӯравӣ буд, дар гардани худ шиъоре овехта буд ва дар хиёбонҳо мегашт ва тақозои қабули ин қонунро мекард.

Ш. Ҳакимов: "Додгоҳи олии Тоҷикистон собит кард, ки дар фаъолиятҳои оқои Абдуҷаббор мавориди нақзи қонун ошкор нашудааст"
Вале ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон , он замон ниҳодҳои вобаста ба ҳизби кумунист тавонистанд дар миёни ҷомеъа ин шоеъотро парокананд, ки гӯё Тоҳири Абдуҷаббор аз мубтакирини аслии ҷанги дохилӣ дар ин кишвар буда бошад.
Вале оқои Ҳакимов афзуд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон собит кард, ки дар фаъолиятҳои оқои Абдуҷаббор мавориди нақзи қонун ошкор нашудааст.
Бо ин вуҷуд, баъд аз бозгашт ба ватан, барои Тоҳири Абдуҷаббор дар пайдо кардани шуғли муносибе мавонеъ эҷод мекарданд ва ӯ ночор буд танҳо бо ҳуқуқи андаке, ки аз тадрис дар Донишгоҳи байналмилалӣ ба даст меовард, ниёзи хонаводаи худро бароварда созад.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз шогирдон ва ҳамсангаронаш, ки узви ҷунбиши мардумии "Растохез" буданд, дар ниҳоят ба симатҳои баланди давлатӣ мансуб шуданд.
Оқои Абдуҷаббор дар яке аз мусоҳибаҳои ахираш гуфта буд, ки ҳадафи "Растохез" расидан ба истиқлоли миллӣ буд ва ин ҳадаф иҷро шуд. Мақомоти Тоҷикистон бисёре аз пешниҳодҳо ва андешаҳои вайро, ки замоне бо онҳо худашон мухолиф буданд, батадриҷ амалӣ кардаанд.
Вале вай бар ин бовар буд, ки истиқлоли фардии шаҳрвандон дар Тоҷикистон то кунун таҳаққуқ наёфтааст, давлат то кунун дар умури маданӣ ва иқтисодии шаҳрвандон мудохила мекунад ва батадриҷ аз демукросӣ ва адолати иҷтимоъӣ фосила мегирад.
Тоҳири Абдуҷаббор бавижа аз вазъияти арсаи кишоварзӣ ва бидеҳкор шудани деҳқонон башиддат нигарон буд ва мақомоти бонки миллӣ ва сармоягузоронро дар таназзули ин арса муқассир медонист ва аз ҷумла тасмими давлат дар бораи гаравгузории заминро "иқдоме ба сӯйи феудолисм" хонда буд.
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.