Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 17 апрел

  • 17 Апрел, 2009

Дуруд бар ҳаводорони ҳамешагии барномаҳои тафреҳии тоҷикӣ аз бахши форсии радиои Би-би-сӣ.

Меҳмони ин ҳафтаи барномаамон овозхон Ҳақназари Ҳукумзод аст. Ҳанӯз аз овони дар мадраса таҳсил карданаш Ҳақназар овозхонӣ мекард. Вай дар нахустин барномаи кунсертӣ, ки ширкат дошт, дар синфи 7-ум таҳсил мекард.

Ин барнома аз ҷониби ҳунармандони фарҳангсарои ноҳияи Дарвози устони Бадахшон таҳия шуда буд ва ҳунармандон тӯли 12-рӯз дар чанд навоҳии устони Бадахшон барномаҳо иҷро намуданд.

Оқои Ҳукумзод мегӯяд: "Дар хонавода падарам муҳаббати беандоза ба оҳангҳои мардумӣ дошт ва зиёд мехост, ки ман овозхонӣ кунаму ягон сози мардумиро бинавозам. Аз ин ҷост, ки дар синни ҳафтсолагӣ падарам дарахти зардолуро бурида ва аз устои созтароши деҳа хоҳиш кард ки бароям рубоби бадахшонӣ тарошад. Намедонам чаро, аммо ман чандон муваффақ нашудам дар навохтани ин сози мусиқӣ.

Баъд аз он, ки тағоям Ризвоншоҳ, ки худ овозхон буд, дар зодрӯзам бароям окордиюн тақдим намуд ва ҳамчунин бародари бузургам Додихудо, ки дар ҷашнҳои арӯсии маҳалла ва ноҳия овозхонӣ мекард, ман низ дар аксари авқот ӯро ҳамроҳӣ мекардам. Фикр мекунам, ин сабаб шуд, ки муҳаббати ман ба пешаи овозхонӣ ва мусиқӣ зиёд шуд."

Ҳақназар соҳиби панҷ фарзанд аст: се писар ва ду духтар дорад. Писари бузургаш Борбад ном дорад ва дар донишгоҳ дар риштаи муҳандиси компютер таҳсил мекунад.

Ба суоли чаро номи писари бузургашро Борбад гузоштааст, Ҳақназар гуфт:"Дар соли 1989 дар Дарвоз муҷассамаи Борбад ифтитоҳ шуд, ки он ҳангом меҳмонони зиёде аз хориҷ ва ҳунармандону овозхонҳои шинохта он ҷо ҳузур доштанд ва ҳамон рӯз ман соҳиби писар шуда будам.

Устод Шаҷариён, овозхони саршиноси эронӣ дар ин маҳфил ҳузур доштанд ва микрофунро гирифта гуфтанд: "Агар Ҳақназар иҷоза диҳад, писарашро ман номгузорӣ мекунам" ва номашро Борбад гузошт.

Барои ман низ хуш омад ин ном ва ҳамин тавр Борбад имрӯз донишҷӯйи соли аввали донишгоҳ аст, аммо на дар риштаи ҳунарҳои зебо ва мусиқӣ, балки дар риштаи кумпютеру мошинолот. Фарзандони дигар, ки яке дар синфи севуми мадраса таҳсил мекунад ва дигарӣ танҳо панҷ сол дорад, ки ҳанӯз намедонам майлу хоҳише ба мусиқӣ доранд ё на."

Дар баробари овозхонӣ, Ҳақназар батозагӣ дар як филми ҷадиди филмсози ҷавон, Рустам Шоазимов, бо номи "Вафодор" нақши аслиро иҷро кардааст.

Ин филм аз зиндагии писарбачае қисса мекунад, ки падараш баъди марги модараш бо хонуми дигаре издивоҷ карда ва чи балое ба сари писарбача меояд. Танҳо дӯсти писарак сагест бо номи "Вафодор".

Наворбардории ин филм ба анҷом расида ва ҳоло филм дар ҳоли мунтож ва ё танзим аст ва қарор аст 2-3 моҳи дигар филм пешниҳоди тамошочиён шавад.

Ҳамоиши тоҷирон

Дирӯз дар донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат дар шаҳри Душанбе ҳамоише дар масоили рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар баробари тоқирону соҳибкорони тоҷик, ки дар ин ҳамоиш ширкат ва суханронӣ карданд, коршиносон ва мутахассисон аз созмонҳои байналмилалӣ низ назароти худро дар мавриди кам кардани таъсироти буҳрони молӣ бар вазъи иқтисодӣ пешниҳод намуданд.

Шӯҳрат Саъдиев, мудири шӯъбаи илму навоварии Донишкадаи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар сӯҳбат бо мо гуфт: "Донишкадаи соҳибкорӣ ягона донишкадаест дар кишвар, ки соҳибкорон ва тоҷирони касбиро тарбият мекунанд.

Image caption Шӯҳрат Саъдиев, мудири шӯъбаи илму навоварии Донишкадаи соҳибкорӣ

Бо таваҷҷуҳ ба бӯҳрони молӣ, ки аксари кишварҳои дунёро фаро гирифтааст, хостем дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони ватанӣ роҳҳои раҳоӣ аз ин буҳрон дар Тоҷикистонро пешниҳод кунем, ҳамчунин барои соҳибкорони ҷавон ширкат дар ин ҳамоиш таҷрубаи хубест."

Кадом овозхони хориҷиро дӯст доред?

Барои барномаи ин ҳафта дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе назарпурсие анҷом додем дар мавзӯъи "Барномаи кунсертии кадоме аз овозхонҳои хориҷиро дар Душанбе дидан мехостед?"

Албатта сокинон назарҳои мухталифе ироа доданд ва тарафдории худро аз овозхонҳои рус, Алла Пугачёва ва гурӯҳи Hi-Fi, аз овозхонҳои Ғарб Шакира, Энрик Иглесиес иброз доштанд.

Аз миёни овозхонҳои эронӣ аксари ҳамсуҳбатон ҳаводори Муин, Лайло, Андӣ буданд ва беш аз ҳама мехостанд барномаи кунсертии Сами Юсуф ва хонум Гугушро дар Душанбе бубинанд.

Педруд бо Назардодова

Дар авоили моҳи апрел Моҳҷон Назардодова, яке аз овозхонҳои саршинос ва яке аз нахустин бонувони сознавоз дар синни 91-солагӣ дар зодгоҳаш, деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон аз олам дар гузашт.

Вай аз нахустин таъсисдиҳандагони теотрҳои мардумӣ дар Бадахшон буд ва нахустин зани тоҷике буд, ки соли 1965 унвони "Ҳофизи халқии Тоҷикистон"-ро ба даст воард.

zevarshoh@bbc.tj