Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 10 апрел

  • 10 Апрел, 2009

Дуруууууууууд ба шунавандаҳои барномаи тафреҳӣ ва ва хонандаҳои сафҳаи барномаамон.

Муборакшо Ҷумъаев "Ҳамсози дарё"

Дар барномаи ин ҳафта рафтем ба суроғи устод Муборакшо Ҷумъаев, сознавози дастаи ҳунарии "Дарё"-и родию ва телевизиюни Тоҷикистон.

Устод Муборакшо таҳсилашро аз соли 1957 аз мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов шуруъ карда ва ҳамзамон дар дастаи тозатаъсиси "Помир" фаъолият дошт. Вай тайи 17 сол дар филормунии давлатии Тоҷикистон дар дастаи созҳои мардумӣ кор мекард. Аз соли 1974 ба ин сӯ вай дар дастаҳои ҳунарии родию-телевизиюн ба ҳайси роҳбари мусиқӣ фаъолият мекунад.

Батозагӣ як китоби адвор ё нота бо номи "Ҳамсози дарё" иборат аз 22 мусиқии устод Муборакшо Ҷумъаев ба нашр расид. Ин мусиқиҳо барои мактабҳои мусиқӣ, оркестри созҳои мардумӣ ва бахши мусиқии суннатии ҳунаристони Тоҷикистон офарида шудаанд.

Устод Ҷумаев мегӯяд: "Дар гузашта дар донишкадаи ҳунарҳои зебо ва мактабҳои мусиқӣ барои шогирдон танҳо мусиқиҳои оҳангсозони хориҷӣ, монанди Бах, Бетховен, Чайковский ва ғайра омӯхта мешуд ва аз мусиқиҳои мардуми, ба шакли адвор ва барои омузиш тақрибан китобе вуҷуд надошт."

Дар мачмуъ, дар фаъолияти беш аз 50-солаи худ устод Муборакшо Ҷумъаев беш аз 100 суруду оҳанг эчод кардааст ва дар назар аст пойизи имсол китоби дигари адвор бо сурудҳои устод Муборакшо ба дасти ҳаводорони мусиқии тоҷикӣ бирасад.

Устод Муборакшо мегӯяд: "Таасуфовар аст, ки ҷавонони имрӯзӣ таваҷҷӯҳи чандон зиёде ба мусиқии асили тоҷикӣ надоранд. Мусиқии асили тоҷикӣ аз миён меравад. Танҳо чанд нафар устодон, ки синни онҳо аз 60-70 боло аст, имрӯз аз тамоми нозукиҳои мусиқии тоҷикӣ бохабаранд, ки ҳамонҳо мондаанду халос. Хатто дар баъзе авқот дар оркестри созҳои миллӣ сознавозонро пайдо намекунем, чун ҷавонон майлу хоҳиши омӯзиши ин навъи мусиқиро надоранд.."

Ҳуқуқшинос, журналист ё ҳунарпешаи синамо

Меҳмони дигари барномаи ин ҳафтаамон Таҳмина Раҷабова, муҷрии барномаи иттилоъотии телевизиюни "Сафина" аст, ки дар баробари кори телевизиюн боз дар чанд филм нақш офаридааст.

Таҳмина фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон аст ва он гуна ки худаш мегӯяд, пас аз як моҳи ба ҳайси ёвари ҳуқуқшинос ба кор омаданаш ба телевизиюни "Сафина" рӯзе аз ӯ даъват кардаанд, то муҷрии барномаи иттилоъотӣ ба забони русӣ бошад.

Image caption Таҳмина дар меҳмонии барномаи тафреҳии тоҷикӣ

Ҳамин тавр, Таҳминаи ҳуқуқшинос муҷрии барномаи иттилоъотӣ шуд. Аммо ин ҳам поёни қисса нест, чеҳраи зебои ӯро аз телевизиюн коргардонҳои синемо дида ва аз вай даъват кардаанд, ки дар филмҳо нақш иҷро кунад.

Барои нахустин бор Таҳмина дар синемо дар филми Юнус Юсуфов бо номи "Зистан мехоҳам" накши кӯчаки муфаттишеро иҷро кард. Баъдан дар филми Саид Қодирӣ зери унвони "Умеди охирин" нақши арӯси ҷавонро иҷро кард.

Коргардони ҷавони афғон, Асад Сикандар, ба Тоҷикистон ба ҷашнвораи байналмилалии синемоии "Дидор" омад ва ҳамзамон қаҳрамони аслии зан барои филми чадидаш ҷустуҷу мекард. Баъд аз дидани аксҳои Таҳмина вай аз дустони тоҷикаш хоҳиш кард, ки он духтарро барояш пайдо кунанд.

Баъди мулоқоти аввал ва 15 дақиқа суҳбат бо Таҳмина, Асад Сикандар аз вай даъват кард, ки ба Афғонистон барои иҷрои нақши аслӣ дар филми ҷадидаш бо номи "мадраса" сафар кунад.

Достони ин филм дар атрофи як хонаводаи афғон, падар, модар ва ду духтари синни мадрасаи онҳо мечархад, ки дар Эрон ба сар мебаранд. Аъзои ин хонавода бадушворӣ рӯз мегузаронанд ва зиёд мехоҳанд, ки духтарҳояшон дар мадраса таҳсил кунанд.

Аммо аз рӯи қавонини Эрон муҳоҷирини афғон дар Эрон ҳаққи таҳсил надоранд, аммо бо пардохти пули зиёд метавон роҳи дигаре пайдо кард ва падар даст ба дуздӣ мезанад, то духтараш дар мадраса таҳсил кунад.

Таҳмина дар ин филм нақши модари хонаводаро иҷро кардааст ва қарор аст моҳҳои наздик нахустнамоиши филм баргузор шавад.

Ба суоли оё кадоме аз ин пешаҳо ба дилат наздиктар аст "ҳуқуқшинос", "рузноманигор" ё "ҳунарпешаи синемо" Таҳмина мегӯяд: "Аз овони кӯдаки ман ҳамеша орзу мекардам ҳуқуқшинос бошам ва ҳатто як моҳ ҳам кор кардам, аммо баъд аз он ки дар телевизиюн кор кардам, аз он ҳам хушам омад ва ҳоло, ки дар чанд филм нақш офаридам, боз ҳам бароям хеле ҷолиб буд. Фикр мекунам ҳунарпешаи синемо будан бароям наздиктар аст, агар баъди чанде ақидаам аваз нашавад."

Таҳмина мегӯяд дар хонаводаи вай касе на рӯзноманигор будаву на ҳунарпешаи синемо: "Модарам аз корҳои ман хурсанд аст, ҳамеша дуъои некам мекунад. Мутаассифона падарам дар қайди ҳаёт нестанд, то дар хурсандии мо шарик бошанд. Модарам мегӯяд, ки падарам орзӯ доштааст, ки дар донишкадаи синемогарии Маскав таҳсил кунад, аммо падарашон, яъне бобоям садди роҳашон шуда, ӯро нагузоштаанд ва падарам муҳосиб буданд ва шояд ин орзӯи падарам буд, ки ман тавонистам онро дар амал иҷро кунам."

"Номаҳои дард"-и Шоъира

Бонуи дигаре, ки дар барномаи ин ҳафта бо ӯ сӯҳбат доштем, Шоъирабонуи Раҳимҷон аст. Вай фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, факултаи филология, муҷрии барномаи "Насими субҳ"-и родиюи Тоҷикистон аст.

Шоъирабону чуноне, ки аз номаш бармеояд, ба навиштани шеър майлу рағбат дорад ва нахустин маҷмӯъаи шерҳояш чаҳор сол қабл зери унвони "Нахустин номаҳои дард" ба таъб расида буд.

Хома мегирам ба даст, Менависам ҳарчи пеш омад маро, Мезанам қаҳ-қаҳ ва механдам, ки бо ин лофгӯи модарам Шоира номам кардааст.

Нестам ман лофгӯю ҳарзагӯ Мекунам бо сад умеду орзу Қоғази барфи сафедеро сиёҳ Ин ҳама қоғаз сиёҳ кардан Қалам фарсуданам бошад аз он Ки маро бо сад таманно Модарам шоира номам кардааст.

Шоирабону бо чанде аз овозхонҳои тоҷик ҳамкорӣ дорад, ки барои оҳангҳои офаридаашон тарона менависад. Ин ҳамкорӣ аз як шеъраш бо номи "Ай бехабар"оғоз шуд ки Фарҳоди Одина бар як шеъраш барои Манижаи Давлат оҳанг баста буд. Ҳоло бо Маҳбубба, Бобоҷон, Сӯҳроб ва Олими Маҳмуд ҳамкорӣ дорад.

Эйч-ой-вӣ Оғози як тарҳи ҷадид барои таҳқиқи шумори воқеъии гирифторони вируси камбуди масъуният дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд дар Тоҷикистон беш аз сӣ ҳазор нафар аз муътодон ба маводди мухаддир ба сар мебаранд, ки аз суранг ё сӯзандорӯ истифода мекунанд ва ин амр низ ба густариши вируси Эйч-ой-вӣ дар кишвар мусоъидат мекунад.

Созмони байналмилалиии "APMGI" дар садад аст таҳқиқоти худро дар ҳафт минтақаи Тоҷикистон, маъмулан дар миёни афроди муътод ба маводди мухаддир ва заноне, ки хадамоти ҷинсӣ анҷом медиҳанд, иҷро кунад ва теъдоди воқеъии афроди мубтало ба вируси камбуди масуният ё осебпазир дар баробари онро мушаххас кунад.