Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 08 Апрел соли 2009 - 10:28

Камбуди маблағ барои тарҳҳои зистмуҳитӣ

Порлумон

Порлумони Тоҷикистон қонуни “Дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба будҷе”-ро тасвиб кард

Зимни ислоҳи қонуни "Пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба будҷе" дар иҷлоси порлумони Тоҷикистон маболиғи пардохтҳо барои олуда сохтани муҳити зист, ба истиснои олудасозии об, дар ихтиёри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон вогузор шуд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 8 апрел, дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагон таъкид шуд, ки дар пайи тасвиби ин қонун дар моҳи июли соли 2006 куллияи ин пардохтҳо ба будҷеи давлат ворид шуда ва барои анҷоми тарҳҳои ҳифзи муҳити зист ҳазинаи зарурӣ ихтисос нашудааст.

Тарҳҳои бидуни сармоя

Ба гуфтаи Хурсанд Зикиров, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ахиран давлати ин кишвар 9 барномаи миллии ҳифзи муҳити зистро таҳия ва тасвиб кардааст, ки барои иҷрои онҳо ҳудуди 13 милюн сомонӣ ё муъодили 3,5 милюн дулори омрикоӣ лозим аст.

Аммо оқои Зикиров таъкид кард, ки дар қавонини будҷеи солҳои 2007, 2008 ва 2009-и Тоҷикистон барои иҷрои ин барномаҳо ва тарҳҳои дигари зистмуҳитӣ ҳазинае пешбинӣ нашудааст.

Гуфта мешавад, ҳатто Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар пардохти маъош ё ҳуқуқи моҳиёнаи 65 нозири муҳити зист ва 110 корманди қарордодии ин кумита бо мушкил рӯбарӯ шудааст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, низ вазъи феълии амнияти муҳити зисти ин кишварро нигаронкунанда хонда ва гуфт, ки дар сурати таъхир дар ҳалли мушкилоти молӣ мумкин аст фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист мутаваққиф шавад.

Оқои Шабдолов гуфт, ки ба манзури ҳалли ин мушкил ва ислоҳи қонуни пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба будҷе аз ҷумлаи намояндагони порлумони Тоҷикистон ва ин кумита гурӯҳе корӣ таъсис шуда ва пас аз чаҳор моҳи баҳсу баррасӣ пешнависи инслоҳи ин қонунро барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод кардааст.

Тибқи ин ислоҳ ба истиснои пардохт барои олуда сохтани об пардохтҳои дигари марбут ба масоили зистмуҳитӣ ба ҳисоби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ворид шуда ва дар ҳар се моҳ ин кумита 10 дарсади ин маболиғро ба будҷеҳои давлатӣ ва маҳаллӣ ирсол хоҳад кард.

Зикиров

Оқои Зикиров гуфт, ки дар қавонини будҷеи се соли ахири Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои зистмуҳитӣ ҳазинае пешбинӣ нашуда буд

Дар мусаввабаи иҷлоси порлумон таъкид гардид, ки бар раванди харҷи маболиғи пардохтҳои ҳатмии зистмуҳитӣ Вазорати молия ё дороии Тоҷикистон ҷиддан назорат хоҳад кард.

Ҳамчунин, Саъдулло Хайруллоев, раиси маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон, ба кумитаҳои зирабти порлумон дастур дод, ки ба ҳангоми таҳия ва баррасии қонуни будҷеи соли оянда барои иҷрои барномаҳои зистмуҳитӣ ҳазинаи лозимӣ пешбинӣ кунанд.

Нигарониҳо аз вазъи муҳити зист

Коршиносон мегӯянд, ки нобасомониҳои даҳаи 1990 дар Тоҷикистон ба вазъи муҳити зист дар ин кишвар асароти номатлуб гузошта ва мавориди буридани дарахтон, ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш ва шикори ғайримуҷози ҳайвонот ва моҳӣ афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилоъи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳамасола беш аз ду ҳазор дарахт аз ҷангалҳои ин кишвар бурида мешавад, ки ин амр метавонад ба биёбоншавӣ мунҷар шавад.

Гуфта мешавад, кам будани теъдоди нозирони ҷангал ва камбуди васоили нақлия ва таҷҳизоти фаннӣ муқобала бо аъмоли тахрибкорона дар ҷангалро душвор сохтааст.

Аз ҷумла, як нозири ҷангал назорат бар 10 то 12 ҳазор ҳектор ҷангалро ба ӯҳда дорад ва ба далели таъмин набудани васоили нақлия ё асп имкони ҷилавгирӣ аз куллияи мавориди буридани дарахтони ҷангалро надорад.

Шабдолов

Шодӣ Шабдолов гуфт, ки дар сурати таъхир дар ҳалли мушкилоти молӣ мумкин аст фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист мутаваққиф шавад

Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки давлати ин кишвар дар заминаи рушди хоҷагии ҷангал ва парваришу ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш барномаи вижаеро тасвиб карда ва ба манзури барқарор кардани ҷангалҳо ҳамасола ҳудуди ҳашт милюн адад дарахт мешинонад.

Вале коршиносони мустақилл дар муассир будани ин талошҳо барои барқарор кардани ҷангал ибрози тардид карда ва мегӯянд, ки ба далели обёрӣ ва нигоҳубин нашудан бештари ин дарахтон сабз намешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дар ҷаласаи ҳайъати давлати ин кишвар дар авоили соли ҷорӣ таъкид карда буд, ки ба иллати нигоҳубин нашудан 90 дарсади дарахтони киштшуда нобуд мешаванд.

Ҳамчунин, бархе коршиносон олудашавии об ва ҳаво дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон, дастрасӣ надоштани 40 дарсади ҷамъияти ин кишвар ба оби софи ошомиданӣ ва раванди кунди амнсозии партовгоҳҳои радиоактив дар шимоли Тоҷикистонро аз мушкилоти зистмуҳитии ин кишвар талаққӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ин коршиносон, чунин вазъи номатлуби муҳити зист ба афзоиши бемориҳои мусрӣ ва саратон дар Тоҷикистон мунҷар шудааст.

Аз ҷумла, бар асоси иттилоъи Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо, мизони бемории саратон дар манотиқи шимоли Тоҷикистон, ки партовгоҳҳои радиоактив вуҷуд дорад, дар муқоиса бо манотиқи дигари ин кишвар 250 дарсад бештар будааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мукарраран иброз доштаанд, ки барои ҳалли мушкили амнсозии партовгоҳҳои радиоактивӣ ҳазинаи ҳангуфте зарурист ва дар ин замина Тоҷикистон ба кумакҳои молии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ниёз дорад.

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.