
Барзуи Абдураззоқ мегӯяд, ки манъи намоишномааш нишонае аз талошҳои масъулон барои сонсур кардани осори адабию ҳунарӣ ва маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон аст
Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустнамоиши намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93"-ро, ки Барзуи Абдураззоқ, коргардони саршиноси теотр таҳия кардааст, мамнӯъ кардаанд.
Ба гуфтаи оқои Абдураззоқ, 17 марти соли ҷорӣ дар толори теотри Маяковскии шаҳри Душанбе муъаррифии ин намоишнома баргузор шуд ва онро дар канори бархе аз фарҳангиён, диплумотҳои хориҷӣ ва масъулони Вазорати фарҳанг низ тамошо кардаанд.
Оқои Абдураззоқ афзуд, ки баъд аз поёни муъаррифии намоиш, масъулони Вазорати фарҳанг баргузории нахустнамоиши онро мамнӯъ кардаанд.
Масъулони вазорати фарҳанг дар ин бора изҳори назаре накарданд, вале ба гуфтаи оқои Абдураззоқ, онҳо иллати ин тасмимро ба вуҷуди паёмҳои "даъват ба ошӯб ва ё инқилоб дар ин намоишнома" марбут хондаанд.
Ин коргардони тоҷик мегӯяд, муддати се рӯз аст, ки талош дорад барои мушаххас кардани сарнавишти намоишномаи худ бо масъулони вазорати фарҳанг дидор ва гуфтугӯ кунад, вале ба далели баргузории маросими наврузӣ то ҳол ба ин кор муваффақ нашудааст.
Вай афзуд, ки намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93" аз рӯйи асари "Таъқиб ва қатли Жон Пол Марат" аз дромновиси олмонӣ Питер Улрих Вайс ва "Соли 93" аз Виктор Ҳугу, шоъир ва дромнависи фаронсавӣ, офарида шудааст.
Ин ду асар дар бораи ҳаводиси инқилоби Фаронса дар қарни 18 милодӣ ҳикоят мекунанд. Ба гуфтаи ҳунаршиносон, асари оқои Абдураззоқов низ омезае аз рӯйдодҳои инқилоби Фаронса ва вазъияти имрӯзии мардуми тоҷик аст.

Масъулони вазорати фарҳанг дар намоишномаи “Девонагӣ. Соли 93” ҳаводиси мушобеҳ бо солҳои аввали даҳаи 1990 ва вазъи имрӯзи зиндаги иҷтимоъӣ дар Тоҷикистонро мушоҳида кардаанд
Ба гуфтаи Барзуи Абдураззоқ, масъулони вазорати фарҳанг дар намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93" ҳаводиси мушобеҳ бо солҳои аввали даҳаи 1990 ва вазъи имрӯзи зиндаги иҷтимоъӣ дар Тоҷикистонро мушоҳида кардаанд ва ба ин далел барои манъи он тасмим гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Абдураззоқ, қабл аз таҳияи ин намоишнома, матни он бо масъулони вазорати фарҳанг баррасӣ шуда буд.
Ин коргардони тоҷик мегӯяд, ки манъи намоишномааш нишонае аз талошҳои масъулон барои сонсур кардани осори адабию ҳунарӣ ва маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи вай, аз ин ба баъд масъулони вазорати фарҳанг бо ҳар баҳонае метавонанд дар бораи манъи ҳар гуна намоишномаҳо ва ё филмҳо тасмим бигиранд.
Оқои Абдураззоқ афзуд, ки ба ин тартиб масъулон метавонанд "дар намоишномае барои кӯдакон, ки бо исми "Кулоҳи қирмизӣ" маъруф аст, нишони парчами қирмизии замони Шӯравиро дарёбанд ва онро низ манъ кунанд".
Бо ин вуҷуд, Барзуи Абдураззоқ дар садад аст бо масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон музокирот барои дарёфти иҷозаи иҷрои намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93"-ро идома бидиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Нур Табаров, дромнависи тоҷик ва вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон, дар суҳбат бо Би-би-сӣ ин намоишномаро аз беҳтарин осори теотрӣ дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Вай гуфт: "Ин намоишнома аз нигоҳи сабк ва муҳтаво асаре мунҳасир ба фард аст. Як дромнависи қирғиз амоне дар бораи осори Шекспир гуфта буд, ки ҳарчанд осори вай куҳна аст, вале дарди онҳо дарди имрӯзи мост. Асари оқои Абдураззоқов низ аз ҷумлаи чунин осор аст."
Оқои Табаров мамнӯъияти намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93"-ро иқдоме шабеҳ ба сонсургариҳои замони Шӯравӣ хонд. "Мамнӯъияти чунин намоишномае на танҳо аз нигоҳи сиёсӣ иштибоҳе ҷиддист, балки талоше барои маҳрум сохтани мардум аз тамошои як асари хуби ҳунарист."
Барзуи Абдураззоқ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷ аз ин кишвар низ аз коргардонҳои шинохташудаи теотр маҳсуб мешавад. Вай бо намоишномаҳои худ дар теотрҳои кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон, шинохта шудааст.
Ҳамчунин бархе аз намоишномаҳои оқои Абдураззоқ дар ҷашнвораҳои мухталифи байналмилалӣ ҷавоизеро ба худ ихтисос додаанд.
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.