Ҳаётой Мӯъминова: “Саҳнаро тарк мекунам”

  • 16 Март, 2009
Ҳаётой Муъминова

Ҳаётой Мӯъминова, овозхони саршиноси тоҷик мегӯяд, ки дар эътироз ба ончи "фишору беадолатиҳо" нисбат ба худ мехонад, саҳнаро тарк хоҳад кард.

Додгоҳе қаблан хонуми Муъминоваро барои "нақзи қонуни танзими маросими мардумӣ" ҷарима баст ва ӯ мегӯяд, ки дар пайи фишори мақомот водор шудааст шуғли овозхониро канор гузорад. Дар ин бора хонум Мӯъминова рӯзи душанбе, 16 март, ба Би-би-си хабар дод.

Ба гуфтаи Ҳаётой Мӯъминова, ки ҳоло раҳбарии гурӯҳи занони рубобнавоз дар Филормунии давлатии Тоҷикистонро бар уҳда дорад, вай 25 октябри соли гузашта дар ҷашни арӯсии фарзанди яке аз дӯстонаш, ки устоди донишгоҳ аст, ба унвони меҳмон ширкат карда ва чанд тарона ба унвони ҳадя иҷро кардааст.

Вале маъмурони Кумисиюни танзими маросим ва ойинҳои шаҳри Душанбе дар пойини маросими арӯсӣ иддаъо кардаанд, ки хонум Мӯъминова дар ин базм бидуни қарордод овозхонӣ кардааст. Бо ин вуҷуд, аъзои кумисиюн дар ҳузури ин овозхони тоҷик асноди зарурӣ таҳия накардаанд.

Хонуми Мӯъминова мегӯяд, ки баъд аз чанд ҳафта ӯ ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъват шуд ва маъмурон бо лаҳне таҳқиромез эълом кардаанд, ки вай барои нақзи қонун дар бораи танзими маросиму ойинҳо ба маблағи дуву ним ҳазор сомонӣ, муъодили 650 дулор, ҷарима шудааст.

Ба гуфтаи хонум Мӯъмионва, қозии додгоҳ гуфтааст, ки тибқи ин қонун вай ба унвони меҳмон метавонист танҳо як тарона иҷро кунад. Дар ғайри ин сурат, ин қонун овозхонҳоро муваззаф мекунад, ки бо соҳибони маросим дар бораи хидмати ройгони овозхонӣ қарордод имзо кунанд.

Ҳаётой Мӯъминова зимни эътироз ба тасмими додгоҳи ноҳияи Сино аз додгоҳи шаҳри Душанбе тақозои истиноф карда, вале ҳукми додгоҳ бидуни тағйир боқӣ мондааст. Сипас ин овозхони тоҷик ночор шудааст ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кунад.

Ҳарчанд, додгоҳи ноҳияи Сино ба хонуми Мӯъминова ҳаққи тақозои истинофро надодааст, вале Додгоҳи олӣ ба баррасии шикояти вай оғоз карда ва ба додгоҳи ноҳияи Сино тавсия додааст, ки ин қазияро мутаваққиф кунад.

Вале додгоҳи ноҳияи Сино 24 феврали соли ҷорӣ алорағми тавсияи Додгоҳи олӣ муҷададдан хонум Мӯъминоваро дуву ним ҳазор сомонӣ ҷарима карда ва пас аз чанд рӯз кормандони додгоҳ бо фишор ва таҳдид пардохти ин маблағро аз вай тақозо кардаанд.

Хонум Мӯъминова мегӯяд, ки вай дар ҷараёни рафъи авоқиби ҳодисаи Чернубил дар соли 1986 маълул шудааст ва гузашта аз ин як фарзанди маълулро низ тарбият мекунад ва ба ин далел дар пардохти ин маблағ бо душворӣ рӯбарӯ шудааст. Вале бо кӯмаки санъаткорони дигар тавонистааст маблағи ҷаримаро сареъан пардохт кунад.

Вай афзуд, ки дар гузашта куллия молиёти заруриро аз фаъолияит эҷодии худ ба будҷеи кишвар папрдохт мекардааст ва ҳеҷ мушкиле дар ин замина надоштааст. Зеро дар маросими арӯсии дигар танҳо тибқи қарордод бо соҳибони ин ҷашн овозхонӣ мекардааст.

Ба гуфтаи ин овозхони тоҷик, далели озурдагияш аз ин қазия пардохти маблағи ҷарима нест, балки "беадолатӣ ва фишору таҳқир" аз сӯйи мақомот ӯро водор кардааст, ки саҳнаро тарк кунад.

Хонуми Мӯъминова, ки ҳудуди сӣ сол боз овозхонӣ мекунад, мегӯяд, ки дар ин муддат ҳаргиз бо чунин бархурде мувоҷеҳ нашудааст. Вай афзуд, ки тайи чанд моҳ баъд аз оғози қазияи додгоҳӣ наметавонад таронаи ҷадиде эҷод кунад ва ҳатто аз овозхонӣ дилсард шудааст.

Ҳаётой Мӯъминова муътақид аст, ки агар қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими маросим ислоҳ нашавад, хатари аз байн рафтани бархе аз сунани хуби мардумӣ вуҷуд дорад.

Ба унвони мисол, хонум Мӯъминова гуфт, ки ҳоло бар асоси ин қонун баргузории маросими "Сартарошон" ва "Арӯсбинон" манъ шуда, вале дар фулклури маҳаллӣ дар иртибот бо ин маросим таронаҳои зиёде ҳастанд.

Ба гуфтаи хонум Мӯъминова, манъи ин маросим боъиси аз миён рафтани онҳо мешавад ва "овозхонҳои ҷавон, ки чунин маросимро бо чашми худ надидаанд, чи гуна метавонанд таронаҳои мардумиро барои наслҳои оянда ҳифз кунанд?"

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон аз дастовардҳо дар мавриди ичрои муфодди қонуни танзими маросиму ойин дар ин кишвар гузориш медиҳанд ва изҳор медоранд, ки ин қонун ба сарфаи садҳо милюн дулор дар будҷеи хонаводаҳо мунҷар шудааст.

Вале мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора аз иҷрои ин қонун интиқод карда ва онро бо ҳуқуқ ва озодиҳои мадании шаҳрвандон муғойир хондаанд. Масалан дар гузориши ҳуқуқи башари Вазорати хориҷаи Омрико омадааст, ки ин қонун ҳаққи мардум ба зиндагии хусусиро нақз мекунад.

Соҳибназарон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон чун натавонистаанд вазъи зиндагии мардумро беҳбуд бахшанд, бо маҳдуд кардани ойинҳои пурхарҷи мардумӣ заъфи худро пинҳон кардаанд.

Қаблан Президент Раҳмон бо ишора ба хароҷоти солонаи мардум барои телфунҳои ҳамроҳ хостори маҳдуд кардани истифода аз ин телефунҳо низ шуд.