Ҳафтаи фарҳанги Урупо дар Тоҷикистон

  • 24 Ноябр, 2008
Консерти урупоӣ
Image caption Дар ин кунсерт мусиқии фулклурии тоҷикӣ якҷо ба таври омехта бо мусиқии фулклури урупоӣ иҷро шуд

Рӯзи душанбе, 24 ноябр, дар теотри Маяковскийи шаҳри Душанбе ҳафтаи фарҳанги урупоӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Норбер Жуспен, раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ин маросим гуфт, ки соли 2008 дар Урупо соли гуфтугӯйи тамаддунҳо ва мадорои фарҳангҳо эълом шудааст ва ҳафтаи фарҳанги урупоӣ дар Тоҷикистон имсол низ ба ин мавзӯъ ихтисос хоҳад дошт.

Ҳадаф аз ин тадбири фарҳангӣ ошно сохтани сокинони Тоҷикистон бо ҳунару мусиқии ғарбӣ ва аз сӯйи дигар, боло бурдани сатҳи огоҳии сокинони кишварҳои урупоӣ аз паҳлӯҳои гуногуни фарҳанг ва мусиқии ғании тоҷикон будааст.

Масъулони намояндагии Кумисиюни Урупо дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ин кумисиюн аз соли 2004 то ҳол барои роҳандозии барномаҳои фарҳангӣ дар ин кишвар ҳудуди 50 ҳазор юру ихтисос додааст.

Image caption Оқои Мамедов мегӯяд, вежагии ҳафтаи фарҳангии имсол он аст, ки барномаҳо дар фазои бозтаре доир хоҳанд шуд

Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо, ба ҷуз аз Кумисиюни Урупоӣ бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон низ дар баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ саҳм гирифтаанд.

Георгий Мамедов, ҳамоҳангсози барномаҳои фарҳангии Кумисиюни Урупоӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд вежагии ҳафтаи фарҳангии имсол дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ин аст, ки барномаҳо ин бор дар фазои бозтаре доир хоҳанд шуд.

Маъмулан дар солҳои гузашта ҳафтаи фарҳанги Урупо дар Тоҷикистон танҳо бо намоиши филмҳои ҷадиди кишварҳои урупоӣ анҷом меёфт.

Вале ба гуфтаи вай, имсол ба ҷуз аз намоиши чаҳор филми нав дар барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ кунсерте зери унвони "Фулклур ва фалак", ки рӯзи душанбе дар теотри ба номи Маяковский доир шуд, илова шудааст.

Дар ин кунсерт мусиқии фулклурии тоҷикӣ якҷо ба таври омехта бо мусиқии фулклури урупоӣ иҷро шуд. Овозхонҳо ва гурӯҳҳои мухталифи мусиқӣ дар ин кунсерт овозхонӣ ва навозандагӣ карданд.

Ҳасани Ҳайдар ва Ноҳид Зайналпур, Анвар Рӯзиев ва Давлати Назрӣ аз ҷумлаи овозхонҳое буданд, ки дар ин барнома ширкат доштанд.

Image caption Акбар Рӯзиев гуфт, омезиши мусиқии Ғарбу Шарқ ба рушди ҳунари мусиқии тоҷикӣ кӯмак хоҳад кард

Ҳарчанд ба эътиқоди бархе аз ҳунаршиносон, чунин омезиши мусиқӣ гӯё бар асолати мусиқии миллии тоҷикӣ осеб мезанад, аммо овозхонҳо ва навозандаҳои ширкаткунанда дар кунсерт бо ин ақида ибрози мухолифат карданд.

Ба гуфтаи овозхон Акбар Рӯзиев, омезиши мусиқии Ғарбу Шарқ ва кӯшишҳои бо созҳои мусиқии тоҷикӣ навохтани оҳангҳои урупоӣ ва кишварҳои дигари ҷаҳон ба рушди ҳунари мусиқии тоҷикӣ кӯмак хоҳад кард.

Ба ақидаи ин овозхон, мусиқӣ ва ҳунарҳои дигари суннатии мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар садаҳои мухталиф ҳамеша дар омезиш бо мусиқӣ ва фарҳанги мардумони кишварҳои наздик ба Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳинд ва Чин, пешрафт кардааст.

Масъулони Маркази фарҳангии "Бохтар" низ аз дастандаркорони ҳафтаи фарҳанги Урупо дар Тоҷикистон буданд.

Ба гуфтаи онҳо, дар солҳои ахир бо кӯмаки онҳо ва намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон чанде аз гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Тоҷикистон дар кишварҳои урупоӣ барномаҳои кунсертӣ иҷро кардаанд ва то андозае тавонистаанд тамошочиёни он кишварҳоро бо мусиқии суннатии тоҷикон ошно созанд.

Дар кунсерти ҳафтаи фарҳанги Урупо дар Душанбе тамошочиёни зиёде аз ҷумлаи сокинони ин шаҳр ва меҳмонони пойтахт ҳузур доштанд.