Панҷшанбе, 30 Октябр соли 2008 - 12:55

Таваллуди ду кудак дар сол

Тифл


Вазорати тандурустӣ ё беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд мавориди ду маротиба зоимон дар як сол дар миёни занони обистан дар ин кишвар ҳудуди панҷ дарсадро ташкил медиҳад, ки ин асбоби нигаронии мақомоти беҳдоштиро фароҳам кардааст.

Шамсиддин Қурбонов, раиси Идораи хидматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими хонаводаи Вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфт ҳарчанд тайи даҳ соли ахир тадобири ҷилавгирӣ аз фосилаи маҳдуди зоимон дар миёни занони обистан дар ин кишвар иҷро шудааст, аммо натоиҷи он чандон ризоятбахш ба назар намерасад.

Ба гуфтаи оқои Қурбонов, дар соли 2001 мавориди ду маротиба зоимон дар як сол дар Тоҷикистон 11 дарсадро ташкил дода медод.

Аммо ҳамакнун тибқи гузориши Вазорати беҳдошт солона дар ин кишвар бештар аз 200 ҳазор навзод таваллуд мешавад, ки мавориди ду маротиба зоимон дар як сол беш аз 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Светлана Абдуллоева, раиси зоишгоҳи шумораи сеи шаҳри Душанбе, низ мавориди зоимони занони обистан дар сол ду маротиба дар ин зоишгохро низ таъйид кард.

Ба гуфтаи хонум Абдуллоева, дар соли гузашта дар ин зоишгох 3,5 ҳазор навзод таваллуд шудааст, ки мавориди ду маротиба зоимон дар сол ба худуди 10 нафар марбут мешавад.

Хонум Абдуллоева мегуяд чунин маворид бештар дар миёни занони ҷавоне роиҷ аст, ки тоза издивоҷ кардаанд. Вай иллати ин амрро ба надоштани дониши кофӣ дар миёни занони ҷавон дар бораи зоимон ва паёмадҳои он марбут медонад.

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи ин масъули зоишгоҳи шаҳри Душанбе, дар бештари маворид чунин амалкард барои саломати занони ҷавон хатар дорад ва онҳоро ба бемориҳои мухталифи занона мубтало мегардонад.

Аммо Наргиса, як зани ҷавони тоҷик мегӯяд вай ба хотири писар ёфтан водор шудааст, ки дар фосилаи камтар аз як сол дубора таваллуд кунад. Ба гуфтаи вай, фарзанди нахусти вай духтар буда ва аҳли хонавода орзӯи писардор шудан кардаанд.

Ин дар ҳолест, пизишкон мегӯянд гуфтугӯ бо занон нишон медиҳад, ки бештари занони ҷавон ба хотири духтардор ва ё писардор шудан, миёни ду хамл фосилаи маҳдуд мегузоранд ва базудӣ фарзанди дувумро ба бор меоваранд.

Дар ҳамин ҳол, пизишкон ва масъулони вазорати тандурустӣ умури огоҳсозӣ дар миёни занон ва истифода аз маводди зидди ҳамлро омили коҳиш ва ё ҷилавгирӣ аз зоймонҳо бо фосилаи андак медонанд.

Ба эътиқоди ин масъулон, дар канори он ки зоимони бидуни танзим мунчар ба ибтилои бемориҳои мухталиф дар миёни занон мешавад, аз суйи дигар, он метавонад яке аз сабабҳои маргу мири кудакон ва модарон низ бошад.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши ЮНИСЕФ ё Сандуқи кӯдакони СММ, ки ахиран мунташир гардид, Точҷикистон дар феҳрасти ин созмон дар заминаи маргу мири кӯдакон дар мавқеъи 57 қарор дорад.

Дар ин гузориш мизони маргу мири кӯдакони зери панҷ сол дар Тоҷикистон 68 маврид барои ҳар як ҳазор кӯдаки навзод арзёбӣ шудааст.

Ҳамзамон бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, мизони маргу мири модарон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 41 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам дар муқоиса бо давраи мушобеҳ дар соли гузашта панҷ дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Бо ин ҳол, масъулони давлатӣ бар ин назаранд, ки омори воқеъии мизони маргу мири модару кӯдак ва ҳамчунин мавориди ду маротиба зоимон дар як сол дар Тоҷикистон нисбат ба арқоми расмӣ бамаротиб бештар аст.

Коршиносони беҳдоштӣ эҳтимоли таъсири сармо ва буҳрони энержӣ дар зимистони гузаштаро бар вазъияти маргу мири модарон дар Тоҷикистон баъид намедонанд.

Он замон аз мавориди маргу мири кудакони анвзод дар бархе зоишгоҳҳо дар Тоҷикистон гузориш шуд, вале мақомот ин хабархоро таъйид накарданд.

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.