[an error occurred while processing this directive]

Сафҳаи аслӣ > Ахбор

Ёвон: Ҷамъоварии таппак барои гарм доштани макотиб дар зимистон

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 26 Октябр соли 2012 - 13:28

Орзуи Карим,

хабарнигори маҳаллӣ

Таппак

Кумитаи падару модарон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз сокинони ин ноҳия наздики сад ҳазор таппак ҷамъоварӣ ва дар макотиби ҳамагонии ин ноҳия тавзеъ кардааст.

Рустам Абдураъуфов, як масъули бахши маъорифи ноҳияи Ёвон, гуфт, ки кумитаи падару модарон барои дар фасли сармо гарм нигоҳ доштани клосҳои макотиб аз сокинони маҳаллӣ даъват карда буд, ки таппак ё саргини ҳайвоноти аҳлиро ҷамъоварӣ кунанд.

Иқдоми волидон ба ҷамъоварии таппак дар ҳолест, ки дар тӯли зимистони соли гузашта дар ин ноҳия мушкили гарм кардани синфхонаҳо пеш омада ва дар натиҷа донишомӯзон аз сардӣ азият кашидаанд.

Зимнан дар ноҳияи Ёвон дар 80 мактаби ҳамагонӣ беш аз 31 ҳазор донишомӯз таҳсил мекунанд.

Таппак навъе сӯзишворӣ ҳаст, ки мардум маъмулан дар рустоҳо аз саргин ё порӯи ҳайвоноти аҳлӣ, аз ҷумла гов, таҳия ва дар зимистон хонаҳои худро бо оташи он гарм мекунанд.

Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки қимати таппак дар муқоиса бо ҳезуму зуғолсанг (ангишт) арзонтар аст, аз ин сӯзишворӣ дар мактабҳои ноҳияи Ёвон низ истифода мешавад.

Истифода аз таппак дар фасли сармо дар ноҳияи Ёвон дар ҳолест, ки ин шаҳристон яке аз навоҳии санъатии Тоҷикистон шумурда мешавад.

Аз сӯйи дигар, раёсати бахши маъориф дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки барои паси сар намудани фасли сармо ва гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо ба муассисаҳои таълимӣ ва макотиби шаҳру навоҳии ин вилоят ҳезум ва зуғолсанг тавзеъ кардааст.

Ҷумъабек номи мустаъори мудири як мактаб дар рустое дар ноҳияи Вахш аст, ки мегӯяд онҳо дар фасли замистон синфхонаҳоро бо истифода аз таппак гарм нигоҳ медоранд.

Вай афзуд: "Аз шогирдон дархост мекунем, ки ба мактаб таппаку ҳезум биёранд. Бахши маъориф дар вилоят барои гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо ҳезуму зуғолсанг ҷудо мекунад, аммо ин сӯзишворӣ барои тамоми зимистон кофӣ нест."

"Мо дигар илоҷ надорем, аз ҳоло дар мулоқотҳо бо падару модарон ба онҳо гуфтем, ки дар зимистон барои гарм нигоҳ доштани синфҳо ба мо таппаки бештар лозим аст."

Аммо Ҳикматуллоҳ Султонов, мудири бахши маъориф дар шаҳри Сарбанд, гуфт, ки дар мактабҳои ин шаҳр дар зимистон нерӯи барқ ва бухорӣ таъмин аст.

Оқои Султонов гуфт: "Шаҳри мо санъатӣ мебошад, ки бештари мактабҳои мо замистонро бо бухорӣ мегузаронанд. Мо аз таппак истифода намекунем, дар мактабҳои мо зуғолсанг ва ҳезум барои гарм нигоҳ доштани синфҳо захира шудааст. Шунидем, ки дар бисёре аз мактабҳои вилоят барои гарм нигоҳ доштани клосҳо таппак ҷаъмоварӣ мешавад."

Ин нахустин бор аст, ки масъулони маъориф дар ноҳияи Ёвон аз волидони донишомӯзон дархости ҷамъоварии таппак кардаанд. Аммо дар зимистони гузашта, ки сардии тӯлониеро ба ҳамроҳ дошт, дар бархе аз мактабҳои ин вилоят ҷамъоварии таппак аз сӯйи донишомӯзон ба назар расидааст.

Гуфта мешавад, ки бисёре аз шогирдон ҳангоме ки аз манзил ба мактаб мерафтанд, бо худ таппак мегирифтанд. Дар баъзе маворид, дар сурате ки донишомӯз бо худ ба мактаб таппак наёрад, аз сӯйи омӯзгораш танбеҳ мешудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки ҷамъоварии таппак роҳи осон ва арзони гарм кардани синфхонаҳо дар мактабҳои мутавассита дар рӯзҳои сарди зимистон аст.

Ба ақидаи онҳо, бахши маъориф дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷамъоварии таппак ҳимоят мекунад, зеро ба иллати камбуди будҷе барои таъмини арсаи маъориф, ҳукумати маҳаллӣ имкони таъмини ҳезум ва зуғолсанг барои ҳамаи муассисаҳои таълимиро надорад.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад аз аввали моҳи октябр дар манотиқи берун аз пойтахти Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинон ва таъсисоти иҷтимоъӣ, назири мактабҳо ва бемористонҳо, маҳдуд шудааст.

Давлати Тоҷикистон ҳамасола ба хотири камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо интиқоли энержӣ ба манотиқи рустоиро маҳдуд мекунад. Дар бисёре аз манотиқ мардум дар шабонарӯз танҳо чаҳор-панҷ соъат аз нерӯи барқ бархурдоранд.

[an error occurred while processing this directive] [an error occurred while processing this directive] [an error occurred while processing this directive]